Фармони задани ҳавопайморо кӣ дод?

Гурӯҳи коршиносиву журналистии Bellingcat исми афсарони Русияро, ки гумон меравад, дар ҳамлаи мушакӣ ба ҳавопаймои мусофирбари "Боинг" дар фазои Украина даст доштанд, нашр кардааст.

Гурӯҳи коршиносиву журналистии Bellingcat, ки ба анҷоми таҳқиқот бар пояи манобеи боз машғул аст, гузориши муфассал бо исми низомиҳои Русияро, ки гумон меравад, дар суқути ҳавопаймои мусофирбари "Боинг" MH17-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар фазои минтақаи Донетски Украина даст доранд, нашр кард. Додситонии Ҳолланд ин гузоришро ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2015 дарёфт карда буд.

Дар Bellingcat бар ин назаранд, ки шабакаи мушакии "Бук", ки ҳавопаймои мусофирбари Малайзия бо кумаки он зада шуд, ғолибан аз сӯи низомиҳои бригадаи 53-юми зенитиву мушакии Курск идора мешуд.

Дар фарзияи нашршуда дар сомонаи Bellingcat исми аксари афсарону сарбозоне, ки дар соли 2014 дар бригадаи рақами 53-юми артиши Русия хидмат мекарданд, нашр шудааст. Гуфта мешавад, Bellingcat ба додситонии Ҳолланд шакли муфассали ин гузоришро додааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки экипажи ҳар шабакаи мушакии "Бук" аз 4 нафар иборат аст: фармондеҳи гурӯҳ бо унвони лейтенант, як сержант ва ду аскари қаторӣ. Амри задани мушакро фармондеҳ содир мекунад ва ба ин далел дар мавриди ҳамла ба ҳавопаймои MH17 масъулияти бештар ба дӯши ӯст, то ба дӯши операторе, ки тугмаро пахш мекунад. Ин лейтенант чунин фармонро маъмулан аз фармондеҳи батарея, ки унвони майор ё капитанро дорад, мегирад. Фармондеҳи батарея ба навбати худ тобеи фармондеҳи дивизион бо унвони подполковник аст, аммо баландтар афсар фармондеҳи бригада аст, ки унвони полковник дорад.

Дар таҳқиқоти Bellingcat тахмин зада мешавад, ки ҳангоми машқҳои тобистони соли 2014 дар вилояти Ростов, ки дар он бригадаи 53-юм низ ширкат дошт, яке аз "Бук"-ҳои дивизиони 2-юм бо рақами 222 бо кадом далели номаълуме бо мошини рақамаш 3х2 иваз карда шуд. Bellingcat қаблан мушаххас карда буд, ки "Боинг"-и ширкати Малайзия маҳз аз "Бук"-и рақамаш 3х2 зада шудааст. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, мошинҳое, ки рақамашон бо 3 шурӯъ мешавад, марбут ба дивизиони 3-юми бригадаи рақами 53 мебошанд. Вале ин воҳиди низомӣ дар машқҳои тобистони соли 2014 дар Ростов ширкат надошт.

Гурӯҳи Bellingcat гумон мезанад, ки фармондеҳи "Бук"-и рақамаш 3х2 ҳамонест, ки дар рӯзҳои маъмулӣ "Бук"-и рақамаш 222-ро раҳбарӣ мекард. Муҳаққиқон тавонистаанд дар шабакаҳои иҷтимоии "Вконтакте" ва "Одноклассники" саҳифаи лейтенанти калон Сергей О.-ро пайдо кунанд. Муаллифони таҳқиқот ҳамин тавр исми боз чанд афсареро, ки фармондеҳони "Бук"-ҳо дар дивизионҳои 1-ум ва 2-юми бригадаи 53 мебошанд, муайян кунанд.

Сохтори фармондеҳии бригадаи 53-юми зенитиву мушакии артиши Русия

Муҳаққиқон ба хулосае раасидаанд, ки ғолибан фармондеҳи дивизиони 2-юм аз феврал то декабри соли 2014 подполковник Дмитрий Юревич Трунин буд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ӯ зоҳиран дар тобистони соли 2014 ҳамроҳ бо дигар низомиҳои дивизионаш дар вилояти Ростов буд. Муаллифон гумон мебаранд, ки маҳз Трунин ҳамон афсари бригадаи 53-юми артиши Русия буд, ки фармони ба қаламрави Украина интиқол додани шабакаи "Бук" бо рақами 3х2-ро додааст.

Муаллифон мегӯянд, агар ин "Бук" дар Украина ҳам таҳти идораи низомиҳои Русия қарор дошт, пас ҳайъати экипажи онро ғолибан Трунин интихоб кардааст. Агар "Бук"-ро ҷангҷӯёни ҷудоихоҳ идора мекарданд, пас боз ҳам масъулияти интиқоли он ба минтақаи таҳти назорати ҷудоиталабон аз ба ном "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ба дӯши подполковник Трунин меафтад.

Раҳбари бевоситаи Трунин фармондеҳи бригадаи 53 Сергей Борисович Мукачёв мебошад. Дар гузориш сохтори фармондеҳии ин бригада ва тобеияти он ба фармондеҳии олии нирӯҳои мусаллаҳи Русия низ ба таври муфассал баён шудааст. Бригадаи 53 тобеи сардори нирӯҳои дифоит зиддиҳавоии артиши 20-ум Алексей Золотов ва фармондеҳи нирӯҳои дифои зиддиҳавоии ҳавзаи низомии Ғарбӣ Андрей Коханов будааст. Муаллифон мегӯянд, маълум нест, ки фармони ба қаламрави Украина интиқол додани "Бук" дар кадом сатҳ қабул шудааст.

Бригадаи 53 ба кӣ итоат мекунад?

Bellingcat дар таҳқиқоти қаблилаш масири ҳаракати "Бук"-и рақамаш 3х2-ро, ки рақами дуюмаш ба далели вайрон шудани рангаш хонда намешавад, маълум карда буд. Бино ба ин таҳқиқот, рӯзи 17 июли соли 2014 ин шабакаи мушакӣ бо мошини боркаш аз Донетск ба Снежное ва аз он ҷо бо гашти худаш ба ҷануби Снежное бурда шуд. Маҳз аз ҳамин ҷо соати тақрибан 16:20 мушакеро сар доданд, ки ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Малайзияро суқут дод.

Дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, ҳамаи 298 сарнишинаш кушта шуданд. Баъди суқути ин ҳавопаймо ангушти гумонҳо ба сӯи Русия баланд шуд. Аммо дар Маскав ҳар навъ даст доштани низомиҳои рус дар суқути ҳавопаймои Малайзияро башиддат рад мекунанд.

Ин шабакаи "Бук"-еро, ки гумон меравад, ҳавопаймои Малайзияро аз он задаанд, ҳангоми ҳаракаташ дар қаламрави Украина чандин бор аксу ҳатто видео гирифтаанд. Муҳаққиқон ба натиҷае расидаанд, ки "Бук"-и рақамаш 3х2 сохти Русия буда, дар бригадаи зенитиву мушакии рақами 53-юми артиши Русия сабти ном шудааст. Дар моҳи июни соли 2014 ин мошин дар ҳайъати корвони низомие, ки аз Курск ба тамрингоҳи Миллерово дар вилояти Ростов ҳаракат мекард, акс бардошта буданд.