Гузориши ниҳоӣ дар бораи сабабҳои фаннии суқути ҳавопаймои ширкати Малайзияро раиси Шӯрои амнияти Ҳолланд Чиббе Йаустра дар пойгоҳи низомии Ҳилзе-Райен, воқеъ дар ҷануби кишвар, муаррифӣ кард. "Боинг-777" рӯзи 17 июли соли 2014 дар фазои шарқи Украина ба замин сарозер шуд.
Чиббе Йаустра дар муаррифии гузориши ниҳоии Шӯрои амнияти Ҳолланд рӯзи 13 октябр гуфт, ки таҳқиқи мустақили онҳо бар асоси пажӯҳиши фаннии боқимондаҳои ҳавопаймо ва маҳалли фоҷеа анҷом шудааст. Ӯ афзуд, ки мушаки "Бук" аз самти шарқи Украина, аз фосилаи 320 километр партоб шудааст. Вале мансабдори ҳолландӣ аз ошкор кардани ҷойи мушаххаси партоби мушаки "Бук" сарпечӣ кард ва гуфт, ки ин салоҳияти Гурӯҳи байналмилалии тафтишоти ҷиноист, на салоҳияти Шӯрои амният.
Таҳқиқот нишон додааст, ки дар натиҷаи асобати мушак ба қисмати чапи кабинаи халабонҳои ҳавопаймои малайзиягӣ "Боинг" пора-пора шуда, боқимондаҳояш дар ҳудуди 50 километр пош хӯрдаанд.
Дар толори муаррифии гузориши Шӯрои амнияти Ҳолланд дар пойгоҳи низомии Ҳилзе Райен тарҳи утоқи халабонҳо, дохили ҳавопаймо ва ҳам салони бизнес-класс бозсозӣ шуда буд. Ва аз рӯи ин тарҳ дида мешуд, ки мушаки "Бук" ба тарафи чапи ҳавопаймо расидааст.
Рӯзи 17 июли соли 2014 бар фарози маҳалли рӯёрӯиҳо дар вилояти Донетск дар маҷмӯъ 160 ҳавопаймои мусофирбари марбут ба 61 ширкати ҳавоӣ парвоз кардааст. Шӯрои амнияти Ҳолланд мегӯяд, ки ҳукумати ин кишвар, давлати Украина ва раҳбарони ширкатҳои ҳавоӣ хатари парвозҳо дар ҳарими ҳавоии қаламрави дар ҳоли ҷангро ҷиддӣ нагирифтанд.
Муаллифони гузориши ниҳоии Шӯрои амнияти Холланд мегӯянд, ки баъди шурӯи низоъҳо ҳукумати Украина мебоист сари вақт парвозҳоро аз ин ҳарими ҳавоӣ манъ мекард ва барои ин далели кофӣ мавҷуд буд. Вале баъди ин ки ҳукумати Украина ба ҳавопаймоҳои ҷангии худ парвозҳоро танҳо дар масофаҳои кӯтоҳ аз замин манъ кард, ширкатҳои мусофирбари ҷаҳон иштибоҳӣ ба хулосае омаданд, ки хатаре барои парвози онҳо аз ин ҳарими ҳавоӣ вуҷуд надорад.
Ин натиҷагирӣ хатои маҳз буд, гуфт ӯ. Шӯрои амнияти Ҳолланд ҳамчунин ба натиҷае омадааст, ки аксари мусофирон дар лаҳзаи аввалини зарбаи мушак аз ҳуш рафта ва ё ҷон додаанд.
Нахустин шуда ба гузориши Шӯрои амнияти Ҳолланд ҳукумати ИМА вокуниш кард. Дар изҳороти сухангӯи Шӯрои амнияти миллии ИМА Неда Прайса гуфта мешавад, ки хулосаҳои гузориши ҳолландиҳо марҳилаи муҳиме барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони фоҷиаи ҳавопаймои мусофирбари ширкати Малайзия аст, ки дар натиҷаи он 298 нафар ҷон бохтанд. Бино ба изҳорот, таҳқиқи мустақилона бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи касбӣ анҷом шудааст. Ин гузориш бояд асосе барои идомаи таҳқиқи марги 298 нафари бегуноҳ кушташуда шавад.
ИМА гуфтааст, ки дар идомаи талошҳои таҳқиқи ин ҳодиса аз ҷониби Гурӯҳи муштараки тафтишотӣ кӯмаки худро дареғ намедорад. Дар изҳороти ҷониби ИМА ҳамчунин омадааст, ки ҳавопаймои хатсайри МН17 бар асари зарбаи мушаки «замин ба ҳаво» аз қаламравҳои зери назорати ҷудоихоҳони украинӣ дар шарқи ин кишвар суқут кардааст.
Дар ҳоле, ки ин гузориш мушаххасан кадом гурӯҳ, тараф ва ё кишварро ҳамчун масъули фоҷеа ном намебарад ва ҳанӯз вокуниши ҷониби Русия ба ин гузориш маълум нест, директори кулии ширкати «Алмаз-Антей» Ян Новиков гуфт, санҷишҳои ин ширкат собит кардааст, ки ҳавопаймои «Боинг» аз ҳудуди минтақаи Зарошенское партоб шудааст ва ин мавзеъ таҳти назорати Киев аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳавопайморо метавонистанд бо яке аз навъҳои қадимии мушак бизананд. Рӯзи 13 октябр ширкати «Алмаз-Антей», тавлидгари мушакҳои "Бук", ба журналистон пораҳои корпуси ҳавопайморо намоиш дод, ки аз ҷониби мушаки навъи «Бук-М1» зада шудааст. Ян Новиков гуфт, ин маълумот дар чаҳорчӯби як санҷиши таҳқиқотии тарзи асобат кардани мушак ба ҳавопаймо ба даст омадааст.