Риояи амният ва ҳуқуқи коргар ба дӯши кист?

Соли ҷорӣ дар корхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон бар асари 12 ҳодисаи нохуш 4 корманд фавтида, дар 8 маврид ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ғайраталӣ Шарифов, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, яке аз қурбониёни ҷараёни истеҳсолот мебошад, ки бар асари фалокате дар коргоҳаш фавтиду пайвандонаш аз ягона нафари саробону таъминкунандаи хонавода маҳрум шуданд.

Таъмин набудани техникаи бехатарӣ ва риоя нашудани қоидаҳои ҳифзи кору саломатӣ аз ҷониби корфармо боиси марги Ғайраталӣ шудааст.

Ба иддаои тафтишот, агар Саъдулло Мирзоев, мудири дӯкони нонпазӣ, бехатарии кормандонашро таъмин мекард, шояд Ғайраталӣ ҳангоми иҷрои вазифаи худ ба ноқили барқдиҳанда барнахӯрда ва ҷон ба саломат мебурд. Ҳоло нисбати Саъдулло Мирзоев бо иттиҳоми “таъмин накардани техникаи бехатарӣ дар коргоҳ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Аммо азбаски Ғайраталӣ бо кордиҳандаи худ шартномаи корӣ набаста буд, маълум нест, ки хонаводаи ӯ оё аз корфармо кӯмаки иҷтимоие ба унвони ҷуброн дарёфт хоҳад кард, ё хайр?

Мақомоти расмӣ бо арзи таассуф иқрор мекунанд, ки ин якумин ва ягона мавриди марги корманди корхонаю муассисаҳо дар Хатлон нест. Танҳо дар солҳои 2011-2012-ум дар корхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон бар асари дастикам 37 ҳодисаи нохуш 14 корманд фавтида, 23 нафари дигар осебу захмҳои гуногун бардоштаанд.

Ба иддаои Суҳроб Солеҳов, корманди масъули бахши назоратии додситонии вилояти Хатлон, дар сар задани ҳаводиси нохуш, ки бо марг ё осеб бардоштани кормандон анҷом ёфтааст, аксаран раҳбарият ё кордеҳон муқассиранд. Зеро, бар асоси кодекси меҳнати Тоҷикистон, кордиҳанда муваззаф аст, ки бехатарии кори кормандон дар корхонаашро таъмин намояд.

Раҷаб Саидов, собиқ мироби хоҷагии Коммунизми ноҳияи Бохтар, мегӯяд, дар ҷараёни кор, вай ба маъюбият расида, аз як пояш маҳрум мондааст, аммо кордиҳанда натанҳо харҷи амали ҷарроҳиро напардохт, балки ҷубронпулӣ ҳам надодааст.

“Инвалид, ки шудӣ, ба кӣ даркор мешавӣ? Солҳо миробӣ мекардам, поям варам кард, онро ҷарроҳӣ карда, буриданд. Роҳбарон боз корманди дигаре гирифтанду мо бекор мондем. Дигар ба онҳо барои кӯмак муроҷиат кардан, фоидае надошт. Ҳоло бо як пой ҳам бошад, бо кӯмаки ҳамсар ва духтаронам дар замини наздиҳавлигӣ кишоварзӣ мекунему бо ҳамин рӯз мебарем. Баъзан аз бачаҳои ҳамсоя хоҳиш мекунам, ки дар ягон кори вазнинтар ба мо ёрӣ расонанд”, - афзуд ӯ.

Ҳоло Раҷаб Саидов аз давлат танҳо 150 сомонӣ маоши маъюбӣ мегирад, аммо собиқ кордиҳандаҳо аз ӯву пайвандонаш суроғ намекардаанд.

Аммо Бахтиёр Ҳаитов, собиқ корманди корхонаи коркарди пахта дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳарчанд аз замони сар задани ҳодисаи нохуш дар коргоҳаш чанд сол сипарӣ шудааст, то ҳанӯз маъмурияти корхона барояш моҳона 80 сомонӣ, муодили чизе беш аз 15 доллари амрикоӣ, кӯмакпулӣ медиҳад.

“Солҳои 90-ум буд, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дастамро бурида будам дар корхона. Ду моҳ дар бемористон бистарӣ будам, корхона тамоми хароҷоти табобатамро ба зимма гирифт. То имрӯз ҳам баъзан кӯмак мекунанд. Дар рӯзҳои иду айём ту маъюб ҳастӣ гуфта, аз ҳар ташкилот маводи ғизоӣ ва миқдоре маблағ ҳадя мекунанд. Ба ҳаминаш ҳам шукр...”-илова кард Бахтиёр Ҳаитов.

Аммо Сайфиддин Наимов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, низ аз ҷумлаи афродест, ки ба сабаби таъмин набудани амнияти кор биноии худро аз даст додааст. Вай мегӯяд, раҳбарони корхонаи коркарди пахта, барояш нафақапулии хубе ваъда кардаанд, ба шарте, ки ӯ ба мақомоти додситонӣ шикоят набарад. Аммо бо гузашти чанд сол аз ин ҳодиса, ҷаноби Наимов натанҳо кӯмакпулӣ дарёфт намекунад, балки ба сабаби маъюбӣ наметавонад барои худ ҷойи кор пайдо кунад. Ҳоло ин мард дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа майдафурӯшӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Сайдалӣ Фақеров, муовини раҳбари хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи кори вилояти Хатлон, мегӯяд, корфармоён, мувофиқи қонун, бояд товони зарарро ба корманди дар аснои кор осебдида бипардозанд: “Ба шахсони дар ҷараёни кор осебдида ва фавтида, агар собит шавад, ки ин ҳодиса бинобар таъмин набудани бехатарии кор аз ҷониби корфармо рух додааст, мувофиқи моддаи 156-уми кодекси меҳнат ва моддаи 28-уми қонуни ҳифзи меҳнат, аз тарафи корхона товони зарар дода мешавад.”

Ба иттилои С. Фақеров, барои муолиҷаи ашхосе, ки дар давраи фаъолият дар истеҳсолот ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, ду соли охир беш аз 76 ҳазор сомонӣ аз тарафи корфармоён пардохт гардидааст. Аммо нафаре аз ҷабрдидаҳо ба додгоҳ барои товони зарари ҷисмонӣ шикоят набурдааст.

Мавлуда Рӯзматова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории вилояти Хатлон, мегӯяд, танҳо ҳудуди 10 дарсади корхонаҳо қоидаҳои бехатарии меҳнатро риоя ва амнияти кормандонро ба ҳангоми кор таъмин мекунанду халос. Ба иддаои ӯ, аксари ҳодисаҳои нохуше, ки дар корхонаю коргоҳҳо рух медиҳанд, аз чашми мақомот рӯйпӯш мешаванд, зеро нафарони корфармо болои корманди ҷабрдида фишор меоранд, ки даъво накунад.

“Ташкилотҳо ихтиёран қоидаҳои ҳифзи меҳнатро риоя намекунанд. Бепарвоӣ зоҳир мекунанд ба ин масъала. Ҳолатҳои фавқулодда ё нохуше, ки дар коргоҳ сар мезанад, пинҳон мекунанд, то ки ба имиҷашон латма ворид накунад. Мо аз сар задани ҳодисае бо ягон корманд хабардор мешавем, меравем барои таҳқиқу омӯзиш, аммо корфармоён баъзан одами дигари солимро нишон дода мегӯянд, ки ягон ҳодисаи нохуш нашудааст. Баъзан ба корманди ҷабрдида маблағ медиҳанд, то ки ба суд ё дигар мақомот шикоят набарад. Вале бисёр корфармоён дар шартномаи меҳнатӣ бо корманд дар бораи масъулияташон дар таъмини бехатарии меҳнати корманд ягон ҷумла намеоранд, ки хилофи қонун аст”, - афзуд хонум Рӯзматова.

Риоя нашудани бехатарии кор дар Корхонаи махсуси казонии давлатии ҷумхуриявии «Тиллои Тоҷик»-и ноҳияи Ховалинг, ширкати «Самар»-и ноҳияи Восеъ, хоҷагии ба номи Эмомалӣ Раҳмони ноҳияи Панҷ, ҶММ «Зархам»-и шаҳри Кӯлоб, ҷамъияти матлуботи ноҳияи Фархор ва ғайра ба мушоҳида расида, додситонӣ нисбат ба раҳбарони баъзе ширкатҳо бинобар “дағалона вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ” парвандаҳои ҷиноӣ оғоз кардааст. Ба иддаои додситонии Хатлон, “яке аз талаботҳои асосии қонуни ҳифзи меҳнат, ихтисоси маблағ барои таъмини амнияти кормандон ва ҳифзи кор аст, ки аз тарафи роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пурра иҷро намешавад."

Раёсати хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон, имсол 860 ҳолати қонунвайронкунии меҳнатро ошкор карда, ба корфармоён 251 адад амрномаҳои “иҷроишашон ҳатмӣ", баҳри ислоҳи ҳолатҳои қонунвайронкунӣ пешниҳод намудаанд. Вобаста ба амрномаҳои пешниҳодшуда, нисбати 48 нафари “гунаҳкор” муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст.