Дар охири ҳафтаи гузашта ва дар пайи муноқишаи маргбор дар деҳаҳои ҷануби Қазоқистон номи қавми дунган дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Онҳоро бо исми "ҳуйӣ" ҳам мешиносанд. Дунганҳо мусалмонанд ва дар асри 19 баъд аз шӯриши номуваффақ ба зидди императори Чин ба қаламрави ҳозираи Қазоқистону Қирғизистон гурехтаанд.
Онҳо ду сол пеш 140-умин солгарди омадани худро ба деҳаи Сортобеи Қазоқистон бо мусиқиву рақс ҷашн гирифтанд. Дар он сол аз рӯйи пайкараи ҳокими қазоқе ҳам пардабардорӣ шуд, ки ба дунганҳо дар зимистони қаҳратуни соли 1878 иҷозаи иқомат додааст.
Илёс Буларов, раиси деҳаи Сортобе, мегӯяд, дар он солҳо бисёре аз дунганҳо фавтида, ҳамагӣ беш аз 3 ҳазор нафарашон зинда мондаанд. "Қазоқу қирғизҳо аввалин шуда дасти дӯстӣ дароз карданд. Онҳо ба гузаштагони мо нону намак доданд. Мардуми мо зинда монданд ва имрӯз кумаки бародаронамонро фаромӯш намекунем", -- афзуд ӯ.
Пас аз ду соли ҷашни 140-солагии омадани дунганҳо, дар деҳаҳои ҷануби Қазоқистон рӯҳияи дигаре ҳукмфармост. Дар низои шаби 7-уми феврали имсол миёни қазоқҳо ва дунганҳо 10 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуд. Чанд хонаву фурӯшгоҳ ва мошинҳоро ҳам оташ заданд.
Мақомот мегӯянд, ҳодиса эҳтимол дар пайи нофаҳмие дар роҳ рух додааст ва наворҳои дар шабакаҳо нашр шуда, хашми сокинонро барангехтааст. Ҳазорҳо намояндаи қавми дунган ба Қирғизистон гурехтанд.
Як зан аз қавми дунганҳо дар Қирғизистон гуфт, "бори аввал чунин ҳолатро таҷриба кардем. Дар ин ҷо насл ба насл зиндагӣ дорем ва ин гуна ҳодиса ҳеч гоҳ набуд. Ин ғайри қобили тавзеҳ аст. Намефаҳмам."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Губара Паншаров, имоми масҷиди Сортобе, мегӯяд, ки онҳо мисли қазоқу қирғизҳо мусалмони суннимазҳабанд, аммо афзуд, "дар даврони Шӯравии собиқ дар иҷрои маросими динӣ маҳдудият доштем".
"Он замон дар деҳаи мо ягон масҷиди расмӣ набуд. Ибодатгоҳ вуҷуд дошт, вале асосан пиронсолон меомаданд", -- гуфт ӯ.
Дар ҳудуди Шӯравии собиқ тахминан 120 ҳазор намояндаи қавми дунган ба сар мебаранд, ки асосан дар ду ҷониби марзи Қирғизистону Қазоқистонанд. Дунганҳо аз дигарон бо хӯрок ва забону урфу одаташон фарқ мекунанд. Дунганҳо бо яке аз лаҳҷаҳои мандарини гап мезананд. Дар он истилоҳи арабӣ, форсӣ ва туркӣ зиёд аст.
Семеш Чубаза, сокини Сортобе, мегӯяд, "ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки ба забони қазоқӣ суҳбат кунанд. Мо дар хона ба забони дунганӣ ва дар ҷойи кор асосан ба русӣ ҳарф мезанем."
Дунганҳо бо ҷамоаҳои дигар зиёд омезиш намеёбанд ва бештар бо оилаҳои бузургашон машҳуранд.