Беморхонаи маъруферо дар Душанбе сокинон бо чунин ном ёд мекунанд. Аслан, Мансуров кист, ки бо гузашти солҳо беморхонаеро сокинон ғайрирасмӣ бо номи ӯ ёд мекунанд?
МАНСУРОВ КИСТ?
Роҳҳои табақабандии норасоии кори ҷигар ва табобати онро пешниҳод карда буданд
Академик Ҳомид Мансуров агар умр вафо мекард, 25-уми декабр ба синни 95 мерасид. Ин донишманди фақиди тоҷик 25-уми декабри соли 1925 дар шаҳри Самарқанди Узбекистон таваллуд шуда, дар хонаводаи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ба воя расидааст. Баъд аз таҳсил дар риштаи тиб дар соли 1959 нахустин пажӯҳишгоҳи бемориҳои дарунӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро таъсис дод, ки то ҳол дар кишварҳои минтақа бо номи “клиникаи Мансуров” шӯҳрат дорад. Доктор Мансуров 25 -уми августи соли 2013 дар Душанбе фавтида, дар оромгоҳи Лучоб дафн шудааст.
Гузориши видеоиро ин ҷо бинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳомид Мансуров аз замони таъсис тӯли 56 сол роҳбарии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология ё бемориҳои дарунии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ин Маркази тиббӣ дар миёни сокинон ва кишварҳои минтақа чунин шӯҳрате дошт, ки ҳатто аз Қазоқистон ниёзмандон мегуфтанд мо ба “клиникаи Мансуров” меравем.
КӢ ТАБИБИ ҲАҚИҚӢ МЕШАВАД?
Ҳайдаршо Қурбонов, сартабиби Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология ва устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳомид Мансуров умдатан дар Русия таҳсил карда, сипас бо донишҳои андӯхтааш ба Тоҷикистон баргашт ва нахустин Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология дар Иттиҳоди Шӯравиро дар Душанбе боз кард:
Ӯ гуфт: “Устод Ҳомид Мансуров бо дарназардошти мушкилоти дурбинонаи худ дар робита ба бемориҳои дарунӣ дар Тоҷикистон бо заҳматҳои чанд даҳсола ин марказро таъсис додаанд. Ман худ шогирди он кас ҳастам ва новобаста аз он, ки аллакай чандин сол он кас дар миёни мо нестанд, вале дар тамоми ҷаҳон маркази моро ҳамчун Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологияи Мансуров мешиносанд”.
Ҳайдаршо Қурбонов афзуд, ки ахиран кормандони ин Пажӯҳишгоҳ дар муроҷиате аз мақомот хостанд, ки яке аз хиёбонҳои шаҳр, дақиқтараш кӯчаи Маяковский, ки дар он ҷо ин марказ қарор дорад, ба номи Ҳомид Мансуров гузошта шавад. Зеро, ба гуфтаи вай, сокинони Душанбе бештар аз ин маҳал ҳамчун “клиникаи Мансуров” ном мебаранд.
Меҳроҷ Хоҷамуродов, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология мегӯяд, ки шӯҳрати Ҳомид Мансуров ба ҳаде буд, ки аз кишварҳои минтақа ниёзмандон ба Тоҷикистон маҳз барои табобат дар бемористони устод меомаданд.
“Он кас воқеан шахси аристократ ё зиёии ҳақиқӣ буданд. Барои он кас фарқ надошт, ки ту кадом донишгоҳро хатм кардаӣ ё аз кадом қишри ҷомеа мебошиву миллатат чист. Барои он кас муҳим буд, ки дониши довталаб барои кор дар ин марказ дар чӣ сатҳ аст ва оё ин нафар метавонад табиби воқеӣ шавад, ё не. Ҳатто як иборае доштанд, ки мисол дар як сол сад нафар Донишгоҳи тиббиро хатм карда, соҳиби диплом мешаванд, аммо танҳо ду нафар аз онҳо табиби ҳаққонӣ мешаванд”,--гуфт ӯ.
НОБИҒАИ ЗАМОНИ ХУД
Сайфулло Авезов, доктори илмҳои тиб беш аз бист сол дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология якҷо бо Ҳомид Мансуров фаъолият кардааст. Ба эътиқоди доктор Авезов, Ҳомид Мансуров “нобиғаи замони худ” буд.
“Устод Ҳомид Мансуров дар илми ҷаҳонӣ шахсияти маъруф дониста мешуданд ва ҳамасола дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологияи Тоҷикистон ҳамоишҳои байналмиллалии пизишкони ин соҳа баргузор мешуд. Яке аз пешниҳодҳои устод дар ин ҳамоишҳо табақабандии омилҳои норасоии кори ҷигар буд. Бар пояи се намуди ин омилҳо, устод роҳҳои табақабандии норасоии кори ҷигар ва табобати онро пешниҳод карда буданд. Баъдтар, ин пешниҳоди устод аз сӯйи олимони хориҷӣ бо номҳои дигар расман мавриди истифода қарор гирифт”,--гуфт Авезов.
Сайфулло Авезов устоди худ Ҳомид Мансуровро аз бунёдгузорони илми ҷигаршиносӣ дар Тоҷикистон медонад.
ПИСАРХОНДИ АЙНӢ
Фарида Мансурова, духтари Ҳомид Мансуров ва доктори илмҳои тиб, ки дар гузашта муовини падараш дар риштаи илм дар ин марказ буд, мегӯяд, ки зиндагии падараш то охирин лаҳзаҳо танҳо ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология бахшида шуда буд. Ба гуфтаи хонум Мансурова, зимни таъсиси ин Пажӯҳишгоҳ мушкилоти зиёде пеш омада буд ва падараш тавассути дӯстиаш бо Турсун Ӯлҷабоев ва Ҷаббор Расулов тавонистааст ин маркази илмиро бунёд кунад.
Зимнан, Ҳомид Мансуров то ҷое писархонди Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон дониста мешавад, зеро вай аз хешовандони хонуми устод Айнӣ буд, ки дар кӯдакӣ ятим монда, дар хонаводаи поягузори адабиёти навини тоҷик ба воя расидааст. Фарида Мансурова аз ҳодисае ёдоварӣ кард, ки дар он бостоншиноси рус Герасимов, ки қабри Абдулло Рӯдакиро пайдо карда буд, натавонистааст фарзанди воқеии устод Айниро муайян кунад:
Ӯ чунин нақл кард: “Ин ҳодиса хуб дар хотирам ҳаст. Камол дар рӯйи ҳавлӣ машғули бозӣ буд ва падарам тоза аз мактаб бо либоси фасон баргашта буд. Вақте устод Айнӣ аз Герасимов пурсиданд, ки кадоме аз онҳо писарам аст, Герасимов ба падарам ишора кард. Баъд устод Айнӣ бо ханда гуфтанд, ки ту зиндаҳоро наметавонӣ дақиқ куниву чӣ тавр ту тавонистӣ аз рӯйи устухонҳои ҳазорсола Рӯдакиро муайян кунӣ?”
Бинои Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология қаблан дар бинои кӯчаке дар паси чойхонаи “Роҳат” воқеъ буд. Ҳомид Мансуров тамоми умр талош мекард, барои ин марказ бинои нави замонавӣ бунёд кунад. Соли 1999 ин Пажӯҳишгоҳ ба бинои нави замонавӣ кӯчид ва ҳоло дар он ҷо ҳудуди сӣ доктору номзадҳои илми тиб дар даҳ намуди бемориҳои дарунӣ фаъолият мекунанд. Дар чанд соли ахир дар бинои нави ин Пажӯҳишгоҳ Маркази пайвандсозии узвҳои инсон фаъол шуд, ки ҳамзамон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигари инсонро низ анҷом медиҳад.