Суман Султоноваи обистан дар ҳоле ҷарроҳӣ шуд, ки хатари аз даст додани ӯ ё тифли батнаш зиёд буд. Суман чаҳор рӯз пеш бо дарди шадиди талхадон ба бемористон интиқол ёфт.
Ин дастгоҳ танҳо дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология истифода мешавад. Саидилҳом Аҳмадзода мегӯяд, табобат бо ин таҷҳизот барои ҳамаи беморон дастрасу ройгон аст.
Тифли батнаш 7-моҳа аст. Бо онки хатари хунравии зани ҳомила ҳангоми ҷарроҳӣ зиёд буд, амалиёт муваффақона анҷом ёфтааст ва ҳоло саломати модару кӯдак хуб арзёбӣ мешавад. То анҷоми ҷарроҳӣ, ба гуфтаи ин зани ҷавон, аксар пизишкон ба ин амалиёти хатарбор, бахусус барои зани ҳомила розӣ нашудаанд. “Аз чаҳормоҳагӣ ин дард маро ташвиш медод. Вақте кӯдак калон мешуд, ҳамон қадар “приступ” зиёд мешуд. Зиёд метарсидам, ки кӯдакро аз даст медиҳам. Вале ҳоло хубем”, - гуфт ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Аз ҷумлаи ҷарроҳиҳои нодир ва сангин
Табибони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ин зани ҳомиларо тавассути дастгоҳи “криоҷарроҳӣ” (ҷарроҳии яхбандишуда) анҷом додаанд. Ин аз навъи ҷарроҳиҳои нодир ва сангин аст, ки олими тоҷик Саидилҳом Аҳмадзода онро то андозае сабук гардондааст. Ин таҷҳизот хунравии ҳангоми ҷарроҳиро то чаҳор бор коҳиш медиҳад.
Профессор Саидилҳом Аҳмадзода, ҷарроҳи тоҷик, мегӯяд, пас аз он дар фикри “криоҷарроҳӣ” шуд, ки дар таҷрибаи кориии худ зиёд шоҳиди хунравии бемор ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ ва камбуди донорҳо гардид. Аҳмадзода гуфт, дастгоҳи криоҷарроҳӣ бо ёрии нитрогени моеъ истифода мешавад, ки ин моддаи кимиёвӣ дар Институти фанноварӣ ва физикаи Фарҳангистони улум коркард мешавад.
"Ҳуҷайраҳои беморро дар ҷояш мекушад"
Ин дастгоҳ, аз найчаҳои мисӣ ва зарфи азот барои нигаҳдории нитрогени моеъ иборат аст ва, ба гуфтаи Аҳмадзода, вобаста ба ҳар навъи ҷарроҳӣ сохта шудааст.
Ба қавли Саидилҳом Аҳмадзода, солҳои охир бемориҳои паразитӣ ва хоси ҷигар пайдо шудаанд, ки қаблан дар Тоҷикистон мавҷуд набуданд. Ин ҷарроҳи тоҷик афзуд, алвеококкоз ва сили ҷигар ба ин гурӯҳ шомиланд ва мушкил дар он аст, ки ин бемориҳо бо дору ва ҷарроҳии маъмулӣ табобат намешаванд ва табобати барои худ хосро талаб мекунанд.
“Истифодаи нитрогени моеъ бо ҳарорати пасти зери 196 дараҷа дар баробари ях кардани хун ҳангоми ҷарроҳӣ, ҳамчунин, ҳуҷайраҳои беморро дар ҷояш мекушад ва омосро аз байн мебарад. То имрӯз имкони аз байн бурдани бофтаи бемор тавассути сардӣ вуҷуд надошт. Қаблан танҳо аз люгол ва спирт истифода мекарданд”, -афзуд Аҳмадзода.
Бо ин усул 147 нафарро ҷарроҳӣ кардаанд
Ба гуфтаи ин ҷарроҳи тоҷик, тавассути ин таҷҳизот ҳар гуна захм ва варамҳо, аз ҷумла варамҳои саратонӣ бо истифода аз азот, ки дараҷаи хеле пасти ҳарорат дорад, бидуни сарфаи хун аз ҷигар ҷудо карда мешавад.
Шоҳмурод Ғаниев, як сокини шаҳри Кӯлобро табибон дар ин пажӯҳишгоҳ тавассути дастгоҳи криоҷарроҳӣ амал карданд. Табибон мегӯянд, ҳарчанд ӯ дафъаи дуюм ҷарроҳӣ шуд, аммо барои ӯ як зарра хун сарф нашудааст.
Ҳоло ин дастгоҳ танҳо дар Пажӯҳишгоҳи Гастроэнтрология истифода мешавад ва Саидилҳом Аҳмадзода мегӯяд табобат бо ин таҷҳизоти ихтирокардааш барои тамоми беморон дастрасу ройгон аст.
Ин ҷарроҳ мегӯяд, барои ихтирои ин дастгоҳ чаҳор моҳ вақт ва ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. То ба ҳол бо ин усул 147 сокини Тоҷикистону Русия ва Узбекистон ҷарроҳӣ шуданд.
Абдусаттор Саидов, ноиби президенти Фарҳангистони улум ва номзади илмҳои биология ва тиб гуфт, пас аз озмоиши ин ихтироъ, дастгоҳи криоҷарроҳӣ аз сӯи Маркази патенту иттилоот сабтином шуда, бо муҷаввиз ё патент ҳифз карда шудааст.
Ҳарчанд дар Русия дар солҳои 70-уми асри гузашта аз чунин ҷарроҳӣ истифода мекарданд, аммо ҷарроҳони тоҷик мегӯянд, то ҳанӯз дар Тоҷикистон ҷарроҳии аз тариқи яхбандишуда вуҷуд надошт ва кашфи усули ҷадиди ин навъ ҷарроҳӣ хатари талафи беморонро кам кардааст.