Баҳсҳои марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон, ки акнун баъд аз боздиди Николай Бордюжа - дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз Душанбеву Бишкек - то андозае фурӯкаш кардааст, таваҷҷуҳи коршиносони байналмиллалиро низ ба худ ҷалб кардааст.Бо вуҷуди он ки таҳлилгарон марҳилаи кунунии муносиботи ҷонибҳоро бӯҳронӣ медонанд, вале мегӯянд, ин бӯҳрон ҳалшаванда аст.
Дидра Тайнан - раиси барномаҳои Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд, вазъи кунунӣ нишонгари он аст, ки муносиботи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳадди ақал барои муддате вориди бунбаст шудааст: “Ин метавонад як навъ паёми таниши муносибот бошад. Баъзе нишонаҳо мушоҳида мешавад, ки ҷониби Қирғизистон мехоҳад масъалаҳои марзиро ба чолиш бикашад. Агар шумо дар ёд дошта бошед, шаш моҳ пеш Тоқон Мамитов - муовини сарвазири Қирғизистон дар умури амниятӣ масъалаи назорат бар марзро матраҳ карда буд. Дар асл мушкиле ки мо мушоҳида мекунем, ин аст, ки дар давоми ду даҳсола ҳар ду кишвар натавонистаанд хатҳои марзии худро таъйин кунанд. Агар ҳарду ҷониб дар ҳалли масъалаҳои марзӣ иродаи сиёсӣ нишон надиҳанд, мо дар оянда низ ин навъ баҳсҳоро мушоҳида хоҳем кард.”
Аммо Алекс Меликишвилӣ - таҳлилгари аршади амрикоӣ дар Маркази пешгӯии хатарҳо дар Вашингтон вазъи пешомадаро дар муносиботи ду кишвар нишонаҳои бунбаст намедонад ва мегӯяд, ҳайатҳои ҳар ду ҷониб машғули музокира мебошанд. Ӯ меафзояд, майли ҳар ду ҷониб барои ташкили воҳидҳои марзӣ ва нигаҳбонии ҳамин қисмати марз тавассути марзбонони ҳар ду ҷониб иқдоми дуруст аст, агар ин нуктаро дар назар бигием, ки ин анклавҳо ё ҷазирақаламравҳо гаҳ-гоҳе дар ин маҳал нороҳатиҳо ба бор меоранд.
То Бордюжа ва баъди ӯ
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҷонибҳо метавонанд худашон бидуни миёнҷигарии кишвари севвум шиддати ин баҳсҳоро камтар кунанд. То боздиди оқои Бордюжа чунин нишонаҳо гӯё ба назар намерасид ва сиёсатмадорон аз ҳар ду тараф талош мекарданд худро дар чашми мардум барандаи ин баҳсҳо нишон диҳанд ва ба ин тартиб мардумро аз мушкилоти зисташон мунсариф созанд.
Чунин талошҳо ба вижа дар изҳороти гоҳо тунди мақомоти Қирғизистон мушоҳида мешуд. Онҳо сохтмони роҳ дар ҷазирақаламрави Сухро ба масъалаи сисёсӣ табдил дода буданд ва бо ин кор мехостанд аз мардум барои ҳадафҳои сиёсии ояндаи худ имтиёз бигиранд ва ҳамин гуна қатъи сохтмони ин роҳ гӯё бохти онҳо дар муқобили “душман” буд.
Оқои Меликишвилӣ мегӯяд, ба ҳалли ин масъала набояд аз нуқтаи назари ҳукуматҳои марказии ҳар ду ҷониб нигоҳ кард. Ин бархӯрди нодуруст ба ҳалли масъала хоҳад буд ва муҳим аст, ки мақомоти маҳаллӣ низ ба ҳалли масъала ҷалб шаванд. Аз натиҷаҳои чунин баҳсҳо аҳолии маҳаллӣ бурд мекунад ва ё зарар мебинад.
Оқои Меликашвилӣ суханони Тоқон Мамитовро ёдоварӣ мекунад: “Тоқон Мамитов ахиран гуфт, ки “мо 7 сол музокира кардем ва он ҳеҷ натиҷа надод”. Ин гуна бархӯрди умумӣ ба ҷое намерасад. Вазъ мушкил аст, вале бояд мушкил ҳал шавад ва ҷуғрофиёро набояд тағйир дод. Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои дӯстанд ва ин мушкилро бояд барои ҳамеша ҳал кард.”
Вале чӣ тавр? Оё фақат Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақа мушкили марзӣ доранд ва ё ҳанӯз оташҳои дигари зери хокистар ҳастанд, ки алҳол касе ҷуръати боз кардани онро надорад? Оё чунин нахоҳад буд, ки оташҳои зери хокистар дар оянда бо вазиши боде бо навбат дар ҳамсоямарзҳо рӯшан шаванд?
Дар сари мижгон чу ашк истодаем...
Бӯрихон Нурмуҳаммадов - мудири Маркази таҳқиқоти иҷтимоии Қазоқистон дар Алма-Ато бо ишора ба ҳодисаи миёни Қирғизистону Тоҷикистон мегӯяд: “Аз рӯзи аввали бӯҳрони пешомада бояд бо ширкати намояндагони кишварҳои зидахл кумиссиюни салоҳиятдор ташкил ва ба ҳали ин мушкил сафарбар мешуд, зеро кишварҳои дигари минтақа низ байни якдигар масъалаҳои марзӣ доранд. Касе замонат дода наметавонад, ки тирандозии миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар марзҳои кишварҳои дигар такрор нахоҳад шуд. Бино бар ин бо назардошти ин ҳодиса кишварҳои минтақа бояд як доктринаи роҳи ҳалли мушкилоти марзиро таҳия ва пешниҳод кунанд, то ҳеҷ гоҳ аслиҳа ба садо надарояд.”
Ин коршинос истифодаи аслиҳа дар марзро иштибоҳ ва кӯтоҳандешӣ медонад ва бар ин ақида аст, ки қабл аз истифодаи аслиҳа роҳҳои гуногуни машваратҳо, талошҳои дипломатӣ ва ҳатто дипломатияи мардумӣ вуҷуд дошт. Вале ҷонибҳо дар остонаи ин моҷаро натанҳо аз ин роҳҳо истифода накарданд, балки шояд шахсоне ҳам дар паси парда ин моҷароҳоро доман мезаданд.
То ҳол баста боқӣ мондани посгоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ ба ҳамин нукта ишора мекунад. Ҳатто дар порлумони Қирғизистон пешниҳоде садо дод, ки бояд ҳарими ҳавоии ин кишвар барои парвозҳои Тоҷикистон мамнӯъ эълон шавад. Ин шояд танҳо ба ин маъно нест, ки парвозҳои миёни ду кишвар қатъ гардад, балки ҳавопаймоҳои Тоҷикистон барои парвоз ба кишварҳои дигар низ бояд аз осмони Қирғизистон истифода накунанд.
Ба ин далел, хонум Дидра Тайнан бастани марз, ба вижа посгоҳҳои марзиву гумрукиро василаи фишор ба Тоҷикистон медонад: “Ман фикр мекунам, ки ин як талоши фишор ба Тоҷикистон аст. Қирғизистон огаҳ аст, ки Тоҷикистон барои ҳамлу нақли коло ба роҳҳое ниёз дорад, ки аз қаламрави он мегузарад. Қурбони чунин сиёсат тоҷирону соҳибкорони ду тараф мешаванд, ки бо тиҷорати фаромарзӣ машуғуланд. Минтақаҳои ҷануби Қирғизистон низ аз чунин вазъ зарари иқтисодӣ мебинанд. Таъсири он ба иқтисоди баъзе минтақаҳои марзии Тоҷикистон хоҳад расид.”
Бо вуҷуди ин таҳлилгарон аз муносиботи дӯстонаву таърихии миёни ду кишвар ёдоварӣ мекунанд ва пояҳои ин дӯстиро решадор медонанд. Масалан Аждар Куртов - таҳлилгари рус боварӣ дорад, ки ҳодисаи типарронӣ дар марз муносиботи ду кишварро вориди бунбаст нахоҳад кард: “Ин ҳодиса боиси қатъи муносиботи дипломатии дуҷониба ва ё барои муддати тулонӣ бад шудани муносибатҳо нахоҳад шуд. Баҳсҳои ҷонибҳо на барои минтақае идома доранд, ки дорои сарватҳои ғанист, ин як минтақаи фақирнишини Қирғизистон аст. Барои ҳамин баҳси ҷонибҳо чандон усулӣ нест ва барои ҳали он танҳо ҳусни тафоҳум зарур аст.”
Таърихчаи баҳс
Рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд муноқишаи марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ ба тирпарронӣ печид. Ин муноқиша мунҷар ба захмӣ шудани ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз шуд ва ба ҷиддитарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек оғоз гузошт. Қирғизистон баъди ин тирпарронӣ марзҳояш бо Тоҷикистонро баст, сафирашро барои машварат аз Душанбе фаро хонд ва 4 маротиба ба Душанбе нота фиристод.
Тоҷикистону Қирғизистон дар 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ҷониби Қирғизистон дар баҳсҳои марзиаш бо Тоҷикистон бар харитаи соли 1989 ва ҷониби Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 такя мекунад. Ба ин далел, ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф, яъне дар 8 соли охир дар раванди аломатгузории марз ягон километр дигар пеш нарафтаанд.