Илҳом Файзуллоев, як чӯпони кироякор, бо камияш 80 сар моли мардуми ноҳияи Ҳисор нопадид шуда ва бо ин кораш ба буҷаи чандин хонавода зарба задааст. Вай бо ин кор, инчунин, ҳамсараш Зӯҳро Файзуллоева ва шаш фарзанди худро дар теппаҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин танҳо гузоштааст.
Ин сокинон баъди муроҷиат ба раиси маҳалла ва пулис аз нопадид шудани чорво, якҷоя бо раиси маҳалла дар ҷӯстуҷӯи хонаи чӯпон ба теппае дар мавзеи Уртабуз расиданд.
Ҳоло даҳҳо нафар аз сокинони рустои Ҳисору Ҳуснободи ноҳияи Ҳисор як моҳ боз Илҳом Файзуллоевро ҷустуҷӯ доранд. Сокинон баъди муроҷиат ба пулис дар пайи ҷустҷӯи чӯпон шуданд ва ин кофтукобҳо онҳоро ба кулбаи хонаводааш дар мавзеи Уртабуз овард. Дар як теппаи гилие кулбае аз лою хок бунёд шудааст, ки ҳоло онро Зӯҳрову кӯдакони 1,5 то 13-солааш хона кардаанд.
Алишер Исҳоқов, сокини деҳаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор, гуфт, баъди ду соли чӯпонӣ Илҳом Файзуллоев нопадид шуд. "Илҳом ду сол боз бузу гӯсфандҳои моро мечаронд. Мо 14 гӯсфандро ин сол ба ихтиёри ӯ супурда будем. Ҳар моҳ барои ҳар сар гӯсфанд ба ӯ 10 сомонӣ пардохт мекардем. Бар замми ин, ба ӯ картошка ва барои фарзандонаш либос ҳам медодем", - гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Алишер мегӯяд, як моҳ қабл аз нопадид шудани чӯпон дарак ёфта, ҳамроҳ бо молдорони дигар ба чарогоҳ рафтанд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, қисме аз чорвояшонро дар онҷо бесаробон пайдо карданд ва қисме дигар ҳамроҳи чӯпон “гум шудааст”. Вай гуфт, танҳо хонаводаи онҳо баъди нопадид шудани 6 гӯсфанди нар 6000 сомонӣ зиён дидааст.
Ин сокинон баъди муроҷиат ба раиси маҳалла ва пулис аз нопадид шудани чорво, якҷоя бо раиси маҳалла дар ҷӯстуҷӯи хонаи чӯпон ба теппае дар мавзеи Уртабуз расиданд. Дар паси теппа дар маҳалли камодаме кулбаи хаспӯшу тангу тореро диданд, ки дар он завҷаи Илҳом - Зӯҳро Файзуллоева ҳамроҳ бо 6 тифли хурдсолаш дар рӯи латтапораҳои кӯҳнаву фарсуда зиндагӣ мекунад. Сокинон мегӯянд, ин саҳна онҳоро шигифтзада кард. Маълум буд, ки на ин зан ва на кӯдаконаш муддатҳо боз рӯи ғизои гармро надидаанд.
Зӯҳро Файзуллоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, азоби онҳо 7 моҳ пеш шурӯъ шуд. “Аз моҳи апрел боз ҳамроҳи кӯдакон дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Хусурам пас аз фавти хушдоманам зани нав гирифта, хонаро фурӯхт ва мову шавҳарам маҷбур шудем ба хонаи иҷора кӯчем. Дар як моҳ 200 сомонӣ медодем. Хонаи иҷораамон дар маркази ноҳия буд. Аммо зӯрамон барои пардохти ҳаққи иҷора нарасид ва соҳибхона моро ронд”, - нақл кард ӯ.
Ба қавли Зӯҳро, шавҳараш якуним моҳ пеш нопадид шуд ва аз рамаи гӯсфандон ҳам дараке нест. Дар шароити бепулӣ Зӯҳро тасмим гирифт, аз як партовгоҳи як километр дуртар аз кулбааш зарфҳои пластикӣ ҷамъ карда дар бозор фурӯшад ва аз пули ночизи ба дастоварда қути лоямути тифлонро пайдо кунад: “Аммо ду ҳафта боз кӯдаки хурдиам касал шудааст ва ман наметавонам ӯро танҳо гузошта, ба ҷамъоварии баклашка равам. Як хар дорем, аз 3 километр дуртар ҳар рӯз аз дарёи Кофарниҳон об мебиёрам. Зиндагиамон сахт аст. Ду рӯз пеш раиси маҳаллае дар Ҳисор аҳволи моро дида, ба мо ошу нон ва кӯрпачаву палос овард.”
Зӯҳро худ ятим калон шудааст ва модаркалонаш ӯро ба писартағои чӯпонаш оиладор кардааст. Онҳо 15 сол бо ҳам зиндагӣ доштаанд ва дар ин муддат 6 тифлро ба дунё овардааст, ки яке аз дигарӣ як ё якунимсолӣ бузургтар ҳастанд. Духтари калонии ин хонавода Парвина 13 сол дорад ва бинобар сахтии рӯзгор сари вақт ба мактаб рафта натавонист ва ҳоло ҳамроҳи хоҳари 11-солааш дар синфи 3-юми мактаби деҳ таҳсил мекунад.
Мақомот ҳанӯз аз ноновари ин хонадон Илҳом Файзуллоев дараке пайдо накардаанд ва маълум нест, ҷуброни зиёни моликони чорворо, ки арзишашон беш аз 80 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, кӣ пардохт хоҳад кард? Аммо дар поёни дидори мо аз рӯзгори сахти ин хонавода, Иззат Бобоев, раиси ҷамоати деҳоти Ҳисор низ ҳозир шуда ваъда дод, ки Зӯҳроро бо шаш тифлаш ба як коргоҳе мебарад, ки барояшон макони зисти мувофиқ ва ҷои коре барои Зӯҳро пешниҳод мешавад.