Президенти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне гуноҳи ду корманди собиқи корхонаи коркарди уран -- «Востокредмет» дар Тоҷикистонро, ки соли 2009 ба "хиёнати давлатӣ" айбдор шудаанд, бахшидааст. Бо ин иттиҳом сармуҳандиси ин корхона – Александр Ботов ва сардори бахши сохтмони асосии «Востокредмет» Александр Бабошин ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Онҳо мақоми душаҳрвандӣ доштанд ва бо талоши вакилонашон ду сол пеш аз Тоҷикистон ба маҳбасҳои Русия истирдод шуданд.
Александр Бабошин 67-сола ва Александр Ботов 64-сола буда, ба гуфтаи ҳамкорони собиқашон, баъд аз хатми донишгоҳҳои Русия дар ибтидои солҳои ҳафтодуми садаи гузашта бо роҳхати Маскав ба шаҳри Чкалови Тоҷикистон омадаанд. Онҳо ҳудуди 40 сол дар корхонаи давлатии “Востокредмет” – “Фулузоти нодири Шарқ” кор карданд. Дар соли 2009 баъд аз ҳабси онҳо, як гурӯҳ аз кормандони ин корхона аз мақомоти Тоҷикистон бознигарии парванда ва бахшидани гуноҳи онҳоро дархост карданд. Вале дархости онҳо рад шуд.
Маҳкумшудаҳо ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят бурданд, вале ҳукм бетағйир гузошта шуд.
БОЗДОШТИ ПАНҶ НАФАР
Парвандаи Бабошин ва Ботов -- ду мансабдори руси корхонаи “Востокредмет”- и Тоҷикистон ба моҳи апрели соли 2009, ба замоне бармегардад, ки ҳамзамон бо боздошти онҳо инчунин се мансабдори дигари корхона, ба шумули раҳбари он ва як шаҳрванди Узбакистон низ аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шуданд. Боздошти ду тоҷик ва як шаҳрванди Узбакистон баъд аз боздошти Бабошин ва Ботов ба вуқӯъ пайвастааст. Муҳокимаи додгоҳии парвандаи онҳо охири моҳи октябри ҳамон сол ба далели пинҳон доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ дар паси дарҳои баста, анҷом ёфт.
Додгоҳ мудири корхона Шавкат Бобоҷонов ва сарвари бахши амнияти дохилии он -- Матин Зиёевро тибқи банди «сӯистифода аз мақоми хидматӣ» барои 10 сол ва шаҳрванди Узбакистон - Виссарион Тенро, ки аз вазифаи вай ном бурда намешавад, бо гуноҳи «ҷосусӣ ба манфиати кишвари дигар" барои 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо дарозтарин мӯҳлати ҳабс дар ин парванда -- 22 сол ба Бабошин ва Ботов раво дида шуд, ки ин дуро ба айбдоршавандагони асосӣ табдил медиҳад. Он ҳам дар ҳоле ки худи иттиҳом махфӣ монд.
Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ду шаҳрванди Тоҷикистон -- Шавкат Бобоҷонов ва Матин Зиёев бо татбиқи қонуни афв чанд сол пеш аз зиндон раҳо шудаанд. Вале тақдири шаҳрванди Узбакистон равшан нест. Виссарион Тен ҳақ дошт, барои истирдод шуданаш ба Узбакистон ариза диҳад.
ХИЁНАТ БА КАДОМ ДАВЛАТ?
Айбномаҳои "хиёнати давлатӣ", «ҷосусӣ ба манфиати кишвари дигар" ва ҳам ҷараёни махфии муҳокима ба хотири ҳифзи "сирри давлатӣ" бисёриҳоро ба ин андеша водор мекард, ки мансабдорони раддаи аввали “Востокредмет” ормонҳои давлати Тоҷикистонро пушти по задаанд ва ба фоидаи давлати дигаре амал кардаанд. Дар ҳоле ки ду раҳбари тоҷик -- Бобоҷонов ва Зиёв ба «сӯистифода аз мақоми хидматӣ» муттаҳам шуданд, миллият ва шаҳрвандии се тани боқимонда ангуштро ба сӯи Русия ва Узбакистон баланд мекард.
Аммо аз рабти ин парванда ба Русия ё Узбакистон чизе ошкор нашуд. Пеш аз ин парванда силсилаи боздоштҳои марбут ба “Востокредмет” ва бахшҳои он, коршиносонро ба гумоне бурда буд, ки аъмоли ҷиноии масъулони ин корхона дар заминаи судҷӯии иқтисодӣ содир шудааст.
Соли 2002 як сокини вилояти Суғд бо чанд кило урани хом ба даст афтода буд, ки мехост, онро фурӯшад. Аз ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон - Узбакистон дар тавлиди урани хом дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Қазоқистон низ дорои корхонаҳои тавлид ва коркарди уран аст. Замони шӯравӣ Маскав маъдани урани ин кишварҳоро барои коркарди аввалия ба шимоли Тоҷикистон интиқол медод.
Ҳоло Узбакистон роҳҳои интиқоли маводи радиоактивиро тавассути қаламравашро ба рӯи Тоҷикистон бастааст. Соли 2010 Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд алайҳи 7 масъули корхонаи «Заря Востока» дар Табошар, ки замони шӯравӣ аз корхонаҳои тобеи “Востокредмет” маҳсуб меёфт, аз ҷумла раҳбари корхона Абдураҳим Расулов ва сармуҳандис Абдушукур Урозбоев бо иттиҳоми дуздӣ ва тасарруфи маблағҳои бузург, парванда боз карда буд.
Вале бо гузашти 6 сол ҳанӯз ҳам мақомот посух ба ин суолро, ки соли 2009 се корманди баландпояи корхонаи давлатии “Востокредмет” чӣ “хиёнаткорӣ “ва “ҷосусӣ” алайҳи давлат ва мардуми Тоҷикистон ва ба манфиати кадом давлат карданд, расонӣ накардаанд. Ҳоло бахшида шудани ин ду нафар аз тарафи раҳбари Русия ва он ҳам дар ҳоле ки онҳо бо ҳукми додгоҳи Тоҷикистон ва иттиҳоми сангини зидди манфиатҳои ин давлат маҳкум гаштаанд, ба ақидаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ як "казус" ё ҳолати баҳсбарангеии ҳуқуқиро ба миён овардааст. Бархе аз онҳо ҳадс мезананд, ки мумкин аст, маҳкумшудагон он замон ба манфиати Русия ва зидди манфиатҳои Тоҷикистон амал кардаанд. Вале бе шарҳи расмӣ ин андеша аз як гумон беш нахоҳад буд.
РОЗҲО ПИНҲОН ХОҲАНД МОНД?
Мирзошокир Ҳоҷиён, муовини раҳбари корхонаи давлатии “Востокредмет” мегӯяд, ҳарчанд фаъолияти ин корхона барои истеҳсоли урани хом дигар комилан қатъ шудааст, вале дар феҳрасти корхонаҳои дорои сирри давлатӣ, шомил мебошад. Ба гуфтаи вай, ҳоло ҷузъҳои муҳими ин корхона таҳти назорати шабонарӯзии дурбинҳои видеоист. “Вале ҳоло, ки корхона барои коркарди маъдани уран дигар кор намекунад, намешавад, он ҳуҷҷатҳоро мавриди корбаст қарор дод”,- афзуд вай.
Дар ин корхона, ки то аввали солҳои навадуми асри гузашта 90 дарсади раҳбарони ҳама сатҳҳои он русҳои фиристодашуда аз Маскав буданд, ҳоло теъдоди каме аз онҳо боқӣ мондаанд. “Востокредмет” дар айни авҷи кораш замони шӯравӣ солона ҳудуди 500 ҳазор тонна маъдани урани хом тавилд мекард.
Охирҳои солҳои 1990 фаъолияти ин корхона қатъ шуд. То 6 -7 соли пеш мутахассисону коршиносон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин корхонаро барои тавлиди урани хом пешниҳод мекарданд. Вале ба гуфтаи мутахассисони ин корхона, поин рафтани нархи маҳсулоти дорои уран дар бозори ҷаҳонӣ ҳатто кори бархе корхонаҳои коркарди маъдани урани минтақаро беҳосил кардааст.
Дар ҳоли ҳозир софкории тиллову нуқра самти аслии кори ин корхона аст. Вале боз шудани чунин коргоҳи софкорӣ дар корхонаи муштараки умдаи тилои Чину Тоҷикистон - “Зарафшон” нони корхонаи “Востокредмет”-ро дар ин самт низ ним кардааст.
«Востокредмет» корхонаи машҳури коркарди уран воқеъ дар шаҳри Чкалов 1945 таъсис ёфта, то фурӯпошии Итиҳоди Шӯравӣ мустақиман ба вилояти Маскав шомил мешуд ва дар ин ҷо аносири аввалин бомбаи атомии СССР таҳия шудааст.