"Мероси" гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ
Сарбозони Ироқ, дар шаҳри Мавсил мошинеро тафтиш мекунанд, ки барои бомбгузории маргталабона ба кор меравад. Мошини худсохти зиреҳпӯшро, ки бо маводи тарканда пур кардаанд, нигаҳ доштан осон нест ва тундравон ин мошинро умдатан ба мавзеъҳои нерӯҳои эътилофӣ равона мекунанд.
Сарбози ироқӣ ин шамшерро, ки ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" асиронашонро мекуштанд, дар шаҳри Мавсил пайдо кардааст.
Сарбози ироқӣ дар дохили як коргоҳи аслиҳасозии гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар шаҳри Фаллуҷа. Бино ба гузориши Ройтерс, ингуна минамётҳои худсохтро, ки бар асоси дастурҳои Давлати исломӣ сохта шудаанд, фақат дар қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳ пайдо мекунанд.
Минамёт ва ё хунпораандози худсохти гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар як шаҳри шимолии озодшудаи Ироқ. Хабаргузории Ройтерс менависад, "тирҳое, ки барои ингуна хунпораандоз дар дигар гӯшаҳои таҳти назорати созмон месозанд, барои ин аслиҳа мувофиқ карда шудаанд."
Ҳавопаймои хурди аз дур идорашавандае, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ҳангоми ақибнишинӣ дар шаҳри Мавсил гузоштаанд. Ҷангҷӯён ба ин ҳавопаймоҳо аслиҳа баста ва ба барои ҳамла ба мавзеъҳои нерӯҳои эътилофӣ ба кор мебурдаанд.
Нерӯҳои вижаи Амрико бо ҳавопаймои бесарнишини Skywalker X8, ки аз тариқи Интернет метавон харид. Гурӯҳи Давлати исломӣ моҳи январи имсол бо ҳамингуна ҳавопаймои ҳомили маводи тарканда ба мавзеъҳои нерӯҳои эътилофӣ ҳамла карда ва онро барои тарғиби худ истифода бурдааст.
Маводи таркандае, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар як мактаби Фаллуҷа гузошта рафтаанд.
Сарбози ироқӣ ҳангоми убур аз назди деворе, ки дар он парчами сиёҳи гурӯҳи Давлати исломӣ тасвир ёфтааст.
Маводи худсохти тарканда дар шаҳри Ҳумси Сурия. Билофосила баъди рондани ин ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ аз ин шаҳр аксбардорӣ шудааст.
Бинои ҳукуматӣ, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар шаҳри Ал-Рай дар наздикии шаҳри Ҳалаб истифода мекардаанд.
Сарбози ироқӣ дар назди нақбе, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ барои муқовимат дар шаҳри Мавсил истифода мекардаанд. Дар бисёре аз истеҳкомҳои гурӯҳ нақб вуҷуд дорад ва ба ҷангҷӯён имкон медиҳад, аз як ҷой нопадид шаванду аз ҷойи дигар сар баланд кунанд.
Рахти хобу ойинаҳои баста дар як хонае дар Мавсил, ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамчун зиндони занона ба кор мебурдаанд.
Завлона дар зиндоне дар Сурия, ки ба гуфтаи шӯришиёни суриягӣ ҷангҷӯёни ДОИШ дар Манбиҷ дар шаҳри Ҳалаб истифода мекардаанд.
Василаҳои бастани чашми асирону зиндониён дар ноҳияи Манбиҷ.
Аслиҳае, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи ДОИШ дар наздикии шаҳри Фаллуҷаи Ироқ гирифтаанд.