Фарзияҳои таъхири сафари Путин ба Қазоқистон

Таъхир дар сафари раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба Қазоқистон, ки қарор буд имрӯз оғоз шавад, ҳадсу гумонҳоеро дар маҳофил ба вуҷуд овардааст.

Боздиди дурӯзаи Владимир Путин,раиси ҷумҳури Русия аз Қазоқистон ба таъхир афтод. Қарор буд, 12-13 март Владимир Путин дар Остона ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус ва Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон бипайвандад.

Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, ки мумкин аст Путин бемор шуда бошад. Вале Дмитрий Песков, сухангӯи Путин ин хабарро рад кард ва гуфт, ки «раиси ҷумҳур комилан сиҳат» аст ва ин боздид баъд аз чанд рӯз анҷом мегирад. Дар ҳар сурат, дар паси ин хабарҳои зиддунақиз дар бораи таъхири сафар чӣ сабабҳое метавонад пинҳон бошад ё зери коса чӣ нимкосаест?

Дар мусоҳибае бо Расул Жамалӣ, сиёсатшиноси казоқ дар Алмаато нахуст ҳамин суолро матраҳ кардам:

Жумалӣ: То андозае Путинро мешавад фаҳмид, зеро вай мехоҳад, ки хости худро чун воқеият нишон диҳад. Вай аз муддатҳо қабл мехост, ки тарҳи худро дар бораи ҷорӣ кардани пули воҳид дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пешниҳод кунад. Вазъияти вайро фаҳмидан мумкин аст, барои он ки ҳоло иқтисоди Русия ба бӯҳрон гирифтор аст, зери фишори таҳримҳои шадиди Ғарб қарор дорад, рубли русӣ бештар аз ду баробар арзиши худро гум кардааст. Барои ҳамин Путин мехоҳад, ки ин имкониятҳои аз дастрафтаи Русияро аз ҳисоби ҷумҳуриҳои дигар ҷуброн кунад. Дар ин маврид пеш аз ҳама сӯҳбат дар бораи кишварҳои ҳампаймони он дар Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё, яъне Беларус ва Қазоқистон дар миён аст. Русия мехоҳад рублро пули расмии Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё кунад. Сабабҳои таъхири сафари Путин ҳамин аст, чунки ин масъала ҳал нашудааст. Путин бо пешниҳод дар бораи эҷоди фазои ягонаи пулӣ мехоҳад бахше аз ин масъулиятро, яъне бори бӯҳрони молии худро бар дӯши ин ду ҳампаймони худ гузорад. Вале он ба манфиати миллии ин ду кишвар нест.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки дар паси ин ҳадафҳои Русия манфиатҳои миллӣ ва баландпарвозонаи он пинҳон аст?

Жумалӣ: Он чӣ ба ҳадафҳои абарқудратии Русия иртибот дорад, дар ин бора борҳо худи ҷаноби Путин гуфта буд, ки фурӯпошии Шӯравӣ “барои вай ва ҷаҳониён мусибат аст”. Ба гуфтаи вай, қалбе нест, ки аз он зери фишор наояд. Вале 22 сол пеш моро аз қаламрави рубл ронда буданд. Путин Қазоқистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба “ҷаҳони рус” иртибот медиҳад ва ҳоло ҳадафи вай, барқарор ва зинда кардани иттиҳоде аз қабили Иттиҳоди Шӯравии пешин аст.

Озодӣ: Ҳоло Қазоқистон ва Беларус ба пешниҳоди Русия дар бораи ҷорӣ кардани пули ягона розӣ нестанд ва ҳамин ҳам ба эҳтимоли зиёд сабаби таъхири сафари Путин шудааст. Вале шумо фикр намекунед, ки Русия бо ҷалб кардани Арманистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё дар оянда талош хоҳад кард, ки ҳамин пешниҳоди худро гузаронад?

Жумалӣ: Ман шубҳа дорам, ки Ереван ё Бишкек дар бораи зери чатри Кремл рафтан ризоят диҳанд. Мо медонем, ки ин пешниҳодҳо дар гузашта ба эътирози шадиди ҷомеаҳои Арманистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дучор шуда буд. Ин се кишвар аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ва молӣ, кишварҳои осебпазир боқӣ мондаанд. Дар чунин шароит Русия пешниҳод мекунад, ки омода аст дар сурати даромадан ба узвият чанд миллиард доллар ба ин кишварҳо бидиҳад, то онҳо қарордодҳои узвиятро имзо кунанд. Лекин ин кишварҳо ақибгоҳи қавӣ барои Русия буда наметавонанд. Бо вуҷуди ин, агар Иттиҳодияи Аврупо ба онҳо шароити беҳтаре пешниҳод кунад, онҳо метавонанд муносибати худро дар бораи ҳамгароӣ бо Русия тағйир диҳанд.