Қазоқистон дар як созишнома ба Тоҷикистон эълон кардааст, ки тарафдори ҳарчи бештар захира шудани об дар обанбори Қайроққум аст. Ин кишвар мехоҳад, дар гармои тобистон аз ин захираи об дар шимоли кишвар истифода кунад.
"Ин ба маънои фурӯши об аз тарафи Тоҷикистон нест"
Феълан идораҳои давлатии Тоҷикистон созишномаи пешниҳодии Остонаро ба баррасӣ гирифтаанд ва ин мавзӯъ дар ҷаласаи рӯзи 4-уми апрел дар порлумон ҳам садо дод. Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти Қазоқистон дар созишнома асосан "истифодаи самарбахш аз захираҳои обии "Баҳри тоҷик"-ро пешниҳод кардаанд. Ӯ гуфт, айни чунин алоқамандиро Узбекистон ҳам нишон додааст.
Масъалаи истифода аз захираҳои оби минтақа ба таври оромона баъди он матраҳ шуд, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти имсол дар Остона роҳи одилонаи истифода аз ин захираҳоро баррасӣ карданд.
"Аммо ин ба маънои фурӯши об аз тарафи Тоҷикистон нест. Танҳо дар иваз Қазоқистону Узбекистон ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард, то дар обанбори Қайроққум миқдори бештари об барои фасли тобистон захира шавад. Ин кор, албатта, маблағ металабад ва Тошканду Остона омода ҳастанд, пули масрафшуда барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории об дар “Баҳри тоҷик”-ро ба Тоҷикистон ҷуброн кунанд”, - шарҳ дод ӯ.
Муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ҳамасола дар сурати рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел дар кишвар, ҳам Қазоқистон ва ҳам Узбекистон кумаки башардӯстона мефиристанд.
“Хуб мешуд, ки маблағи ин кумакҳоро то вуқӯи сел ба Тоҷикистон бидиҳанд, то тавонем бо истифода аз онҳо ҷӯйборҳову каналҳои обгузари худро тармим кунем. Шароити ҷамъоварии об дар обанборҳои бузурги кишварро танзим созем. Дар ниҳоят, оби ҷамъшуда, аз ҷумла аз обанбори нерӯгоҳи Қайроққум ва дигар обанборҳои Тоҷикистон барои обёрии заминҳои кишоварзии кишварҳои поёноби минтақа истифода мешавад", - гуфт Султон Раҳимзода.
Зимнан, то соли 2008 Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қазоқистон дар мавриди танзими сатҳи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ ҳамкорӣ мекарданд. Ин ду кишвар бо маблағ ва мутахассисон барои нигаҳдории оби рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амударё ба Тоҷикистон ёрӣ мекарданд. Аммо дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, дар пайи ихтилофҳои ду кишвар бар сари мансубияти обанбори Фарҳод дар рӯдхонаи Сир ин ҳамкориҳо мутаввақиф шуд.
Султон Раҳимзода мегӯяд, бо беҳбуди равобити сиёсӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шароит пайдо шудааст, ки ин ҳамкориҳо дубора рӯйи даст гирифта шаванд. Ӯ гуфт, ҳадафи таҳияи ин санадҳо ҳамкории ҷонибҳо дар таъмини амнияти обанборҳо ва каналҳои обгузар мебошад. Ин мақоми тоҷик афзуд, ҳарчанд имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ вақти зиёдеро талаб мекунад, аммо ба бовари ӯ эҳтимол ин санадҳо дар соли ҷорӣ имзо шаванд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Интиқоди Зуҳуров аз ваъзи бехатарии каналҳо
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 4-уми апрел вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон масъалаи ислоҳи қонун дар бораи таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ, яъне обанборҳову каналҳои обгузар ва пойгоҳҳои обтаъминкуниро баррасӣ карданд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суханронии худ аз вазъи бехатарии каналҳо ва пойгоҳҳои обтаъминкунӣ дар кишвар шадидан интиқод намуд.
Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон обёрии заминҳои кишоварзӣ шурӯъ шудааст, аммо чун зимистону баҳори соли ҷорӣ боришот кам буд, дарёҳо камобанд ва мардум ва хоҷагиҳои деҳқонӣ водор мешаванд дар миёни дарёҳо садд сохта, тавассути насос заминҳояшонро обёрӣ кунанд. "Аммо дар моҳи май мавсими селобҳо шурӯъ мешавад ва хатари тахриби ин ҳама иншоот бештар хоҳад шуд. Вазъи иншооти гидротехникии Тоҷикистон сахт нигаронкунанда аст",-афзуд вай.
"Ҳамсояҳоро ташналаб нахоҳем гузошт"
Масъалаи истифода аз захираҳои оби минтақа ба таври оромона баъди он матраҳ шуд, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти имсол дар Остона роҳи одилонаи истифода аз ин захираҳоро баррасӣ карданд. Дар ҳамин нишаст дар рӯзи 15-уми март раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам расман эълон кард, ки ба ҳайси кишвари болооби минтақа ҳамсояҳои поёнобашро ташналаб нахоҳад гузошт.
"Мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд", - хулоса карда буд Эмомалӣ Раҳмон.
Дар гузашта истифода аз захоири оби минтақа аз баҳсу мухолифатҳои умдаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Узбекистону Қазоқистон пайваста аз Тоҷикистону Қирғизистон интиқод мекарданд, ки бо сохтмони нирӯгоҳҳои бузург мехоҳанд, кишварҳои поёнобро ташналаб гузошта, обро ба гунаи фишор истифода баранд.