Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи донишмандони тоҷик ба коршиноси узбак


Як гурӯҳи донишмандони Тоҷикистон иддаои коршиноси узбакистонӣ дар бораи хатари канда шудани сарбанди кӯли Сарезро рад карда гуфтаанд, ки сарбанди Усой ба ҳадди лозим устувор аст.

Раиси Пажӯҳишгои геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо Юнус Мамадҷонов, раҳбари озмоишгоҳи баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва геоэкология Анатолий Ишук ва мудири озмоишгоҳи зилзилашиносии минтақавӣ дар ин пажӯҳишгоҳ Раҳимҷон Ҷӯраев дар як посухи муштарак иддаои устоди донишкадаи сохтмону меъмории Тошканд Равшан Қодиров дар бораи паёмадҳои канда шудани сарбанди табиии кӯли Сарезро рад кардаанд.

Равшан Қодиров, ки рӯзи 16 июн дар як нишасти марбут ба роҳҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дар сафорати Амрико дар Тошканд сӯҳбат мекард, гуфт, ҳисобукитоби мизони устувории сарбанди табиие, ки 19 миллион тонна оби кӯли Сарезро нигоҳ доштааст, дар шароити имрӯза имкон надорад. Ба ақидаи Равшан Қодиров, агар Худое нокарда, сарбанди кӯли Сарез канда шавад, оби он мисли сел ба қаламравҳои поёноби минтақа хоҳад фурӯ рехт ва дар натиҷа то 6 миллион мардум дар Тоҷикистону Афғонистон ва Узбакистону Туркманистон метавонанд аз ин офат осеб бубинанд.

Шуста шудани сарбандро Равшан Қодиров танҳо як эҳтимоли канда шудани оби кӯли Сарез мешуморад. Хатари дигар, ба гуфтаи ӯ, бораи кӯҳ дар шарқи ин кӯл аст, ки низ метавонад ҳар лаҳза канда шуда, болои кӯл биафтад. Дар ин сурат, ба гуфтаи устоди донишгоҳи сохтмону меъмории Тошканд, дар кӯли Сарез мавҷи бузурге ба вуҷуд меояд, ки метавонад оби ҷамъшуда дар ин кӯлро лабрез кунад ва боз ҳам мавҷи сел ба самти минтақаҳои поёноб фурӯ бирезад. Қодиров мӯътақид аст, ки мавҷи селу гил метавонад ҳатто канали Бухороро, ки аз рӯди Амӯ кашида шудааст, хароб кунад ва то ба Қароқалпоқистону баҳри Арал бирасад.

Аммо донишмандони Академияи илмҳои Тоҷикистон дар посухи худ навиштаанд, ки сарбанди Усой ба ҳадди лозим устувор аст ва эҳтимоли канда шудани сарбанди Сарез ба ҳадде ташвишовар нест, ки мутахассиси узбакистонӣ тасвир мекунад. Онҳо менависанд, дар сарбанди Усой навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст ва аз соли 2007 Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо ташкили як раёсати вижа бо номи “Усой” системаи назоратӣ ва огоҳии пешакӣ дар ин сарбанд ва дар водии Бартангро ташкил кардааст. Ҳамин тавр, ба навиштаи онҳо, маълумот аз ин система тавассути моҳвора ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ирсол мешавад. Танҳо дар атрофи Сарез, бино ба ин манбаъ, “8 адад пойгоҳи рақамии сейсмикии сайёри ҳозиразамон васл карда шудааст ва мониторинги муназзами кӯли Сарез амалӣ карда мешавад.”

Донишмандони тоҷик менависанд, сатҳи оби кӯли Сарез ва ҳаҷми обе, ки ба ин кӯл ворид ва аз он ҷорӣ мешавад, низ таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Онҳо ҳамчунин таъкид мекунанд, ки кӯли Сарез, ки соли 1911 дар натиҷаи заминларза ба вуҷуд омадааст, аз чандин офати табиии баъдӣ бидуни кадом осебу латма берун омад. Дар ин маврид аз ҷумла аз заминлазаи иқтидораш 7,2-балии шаби 7 декабри соли 2015 ёдоварӣ шудааст, ки марказаш дар қисмати ҷанубии қаторкуҳи Музкол (қисмати шимолии кӯли Сарез) воқеъ буд ва ин офат ба заминларзаи соли 1911 хеле шабоҳат дошт: “Дар натиҷаи заминларза афтидани куҳпораҳои начандон калон ва резиши санг дар соҳили кӯли Сарез ба амал омада, сатҳи оби кӯл 40-50 см баланд шуд ва маҷрои беруншавии об аз кӯл зиёд гардид. Ҳодисаи мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки худи сарбанди кӯли Сарез ҷараёни обро идора мекунад ва дар натиҷаи заминларзаи рухдода сахтшавии иловагии сарбанд ба амал наомадааст, ки боиси паст шудани полоиши об ва баланд шудани сатҳи об гардад. Баъд аз заминҷунбӣ дар давоми ду шабонарӯз тамоили пастшавии сатҳи оби кӯли Сарез ва камшавии ҷараёни об аз кӯл ба мушоҳида расид ва сатҳи кӯл ба ҳолати аввала баргашт. Айни замон сарбанди Усой дар ҳолати устувор қарор дорад ва хатари рахна шудани кӯли Сарез вуҷуд надорад."

Сарез соли 1911 бар асари кӯчидани кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, бино ба ҳисобҳо, дар тӯли ин беш аз як аср, дар ин кӯл аз 17 то 19 миллиард метри мукааб об ҷамъ шудааст. Беш аз сад сол аст, ки аз кандашавии банди Сарез сӯҳбат мешавад ва бархе мегӯянд, ин кӯли сунъӣ ҳаст ва тавре ба вуҷуд омад, ҳамон тавр аз байн меравад. Кӯли Сарезро барои зебоияш «Нозанини хуфта» ва барои хатараш «Аждаҳои хуфта» ҳам ном мебаранд.

Мақомоти Тоҷикистон муддати тӯлониест, ки талош доранд, роҳҳои истифода аз оби тозаи ҷамъшуда дар кӯли Сарезро пайдо кунанд. Дар ин маврид ҳатто тарҳи кашидани лӯлаҳои об аз Сарез ба Эрону кишварҳои халиҷи Форс ҳам матраҳ аст, ки бо вуҷуди зоҳиран хеле фантастикӣ буданаш дар соли 2004 ҳатто аз забони раисиҷумҳури Тоҷикистон садо дода буд.

XS
SM
MD
LG