Вучич узвияти Сербистонро дар Иттиҳоди Аврупо муҳим хонд

Александр Вучич бо Урсула фон дер Лейен

Раисҷумҳури Сербистон узвияти ин кишварро дар Иттиҳоди Аврупо ва талошҳоро барои расидан ба ин ҳадаф бисёр муҳим хонд.

Изҳороти Александр Вучич рӯзи 25-уми октябр пас аз мулоқот бо раиси Кумисюни Аврупо Урсула фон дер Лейен садо дод.

Вай дар нишасти хабарии муштарак дар Белград гуфт, фон дер Лейен аз Сербистон хостааст, худро бештар бо эъломияҳои сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳанг кунад.

Сербистон бо Русия равобити наздик дорад ва аз иҷрои таҳримҳои байнулмилалӣ ба зидди Маскав худдорӣ кард. Ҳамзамон президенти Сербистон дархости Владимир Путинро барои ширкат дар нишасти BRICS дар Қазон напазируфт.