Ҳимояти 64 фоиз аз тарҳи Қонуни асосии Миср

Куммиссиюни интихоботи Миср билохира шоми сешанбе натоиҷи расмии раъйпурсии тарҳи зиддунақизи Қонуни асосии ин кишварро эълон кард.
Бино бар ин натоиҷ, тарҳи Қонуни асосии ҷадид бо ҳимояти қариб 64 дарсади интихобкунандагон тасвиб шудааст. Аммо мизони ширкати мардум дар ин райъпурсӣ, ки дар ду давра – рӯзи 15 декабр дар 10 вилоят ва рӯзи 22 декабр дар 17 вилояти дигари Миср гузашт, чандон зиёд набудааст ва танҳо 33 дарсад, ё ҳамагӣ сеяки 52 миллион мардуми соҳиби ҳаққи райъ дар ин маърака иштирок кардаанд. Мақомот мегӯянд, тахаллуфоти ҷиддие пайдо накардаанд, ки ба натиҷаҳои райъпурсӣ таъсири ҷиддӣ расонда бошад.

Тарҳи Қонуни асосӣ пеш аз рафтанаш ба маърази райъпурсии саросарӣ аз сӯи маҷлисе таҳия шуд, ки аксариятро дар он ёрони исломгарои раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ дар даст доштанд. Аммо мухолифини ислоҳталаб ва дунявигаро ин тарҳро радд мекунанд. Ба ақидаи онҳо, тарҳи пешниҳодӣ озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи занону ақалиятҳоро замонат намедиҳад. Мухолифин тайи чандин ҳафта силсилаи раҳпаймоиҳо алайҳи тарҳи пешниҳодии Қонуни асосиро доир карданд, ки мунҷар ба даргириҳои хунин байни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис ва тарафдорони Мурсӣ ҳам шуд. Мухолифин ҳамчунин аз вуҷуди мавридҳои зиёди тақаллуб ва тахаллуф дар ҷараёни раъйгирӣ шикоят мекунанд. Ба ҳар сурат, Қонуни асосии ҷадид роҳро барои интихоботи парлумонӣ, ки бояд дар ду моҳи наздик доир шавад, боз мекунад.

Ин пирӯзии севуми нирӯҳои исломгарои тарафдори Мурсӣ аз замони суқути режими сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврали соли 2011 аст. Аҳзоби марбут ба Ихвонулмуслимин ва салафиҳо ибтидо дар як соли пеш дар интихоботи парлумонӣ ғолиб омаданд. Дар моҳи июн Мурсӣ, ки низ аз домани Ихвонулмуслимин бархостааст, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Миср баранда шуд. Ва инак, тарҳи аз сӯи исломгароҳо таҳияшудаи Қонуни асосии Миср ҳам пуштибонии зери 64 фоиз, ё қариб аз се ду ҳиссаи мардумро ба даст овард.

Мурод Алӣ, як мақоми аршади ҳизби озодӣ ва адолати марбут ба Ихвонулмуслимин тарҳи тасвибшудаи Қонуни асосиро «беҳтарин Қонуни асосӣ дар таърихи Миср» номид ва изҳори умедворӣ кард, ки «тамоми қудратҳои миллӣ акнун ба ҳамкорӣ ба хотири эъмори Мисри ҷадид шурӯъ хоҳанд кард.» Аммо Холид Довуд – сухангӯи мухолифин гуфт, ин тарҳ хости тамоми мисриҳоро мунъакис намекунад ва «мо ба як Қонуни асосии беҳтар ниёз дорем.»

Баъди эълони натиҷаҳо як гурӯҳи хурди эътирозгарон дар майдони Таҳрири Қоҳира – маркази ошӯбҳои ҳам зидди Ҳуснӣ Муборак ва ҳам алайҳи давлати Мурсӣ – ҷамъ омада, ба оташ задани овезаҳо ва бастани роҳҳои атроф талош карданд, вале дар бораи кадом аломати хушунат ё тазоҳуроти густардае ҳанӯз гузориш нарасидааст. Раҳбарони мухолифин қаблан гуфта буданд, ки ба муборизаи худ алайҳи ин тарҳи Қонуни асосӣ ҳамоно идома хоҳанд дод, вале «бо роҳҳои осоишта ва демократӣ.»

Ба дунболи эълони натоиҷи райъпурсии Қонуни асосии Миср, вазорати хориҷаи Амрико дар як баёния аз тамоми ҷонибҳо хост, то хушунатро маҳкуму аз он парҳез карда, ба сӯи ваҳдати бештари сиёсӣ ҳаракат намоянд. Вошингтон ҳамин тавр гуфтааст, «раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ ҳамчун раҳбари ба таври демократӣ интихобшудаи Миср масъулияти вижае дорад, то роҳи оҷилан аз байн бурдани ихтилофотро пеш бигирад».