Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, гурӯҳи Ихвонулмуслимин мегӯяд, натоиҷи ғайри расмии шумориши раъйҳои ҳамапурсии пешнависи Қонуни асосии Миср нишон медиҳад, ки ин пешнавис аксарияти раъйҳои лозимро ба даст овардааст.
Тибқи ин гузориш, натоиҷи расмии ҳамапурсии Қонуни асосии Миср то рӯзи душанбе ва расидагӣ ба шикоятҳо, эълом нахоҳад шуд. Даври дуввуми ҳамапурсии пешнависи Қонуни асосии Миср, рӯзи шанбеи 22-юми декабр баргузор шуд.
Тарафдорони давлати Муҳаммад Мурсӣ пештар пешбинӣ карда буданд, ки ин пешнавис аксарияти раъйҳоро ба худ ихтисод додааст. Бо ин ҳол мухолифони давлати Миср мегӯянд, ин пешнавис, ки мавриди ҳимояти исломгароён аст, заминасози ихтилофот ва бесуботӣ дар кишвар хоҳад шуд. Онҳо мегӯянд, ин пешнавис ҳуқуқи ақалиятҳои мазҳабӣ, монанди масеҳиён ва ҳамчунин ҳуқуқи занонро нодида мегирад.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар ҷараёни даври дуввуми ҳамапурсии Қонуни асосии Миср, дар теъдоде аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ сафҳои тӯлонӣ ташкил шуда буд ва ба ҳам ин сабаб масъулони баргузории ин ҳамапурсӣ тасмим гирифтанд то муддати раъйгириро то чаҳор соат тамдид кунанд.
Шанбеи гузашта даври аввали ин ҳамапурсӣ дар 10 вилоят баргузор шуд. Мухолифони давлати мегӯянд, ки даври аввали ҳамапурсӣ бинобар қонуншиканиҳо, бояд ботил эълон мешуд.
Исломгароёни тарафдори Муҳаммад Мурсӣ раиси ҷумҳури Миср мегӯянд, тасвиби ин пешнависи Қонуни асосӣ гоми муҳиме дар ростои ҳаракат ба сӯи демократия аст. Онҳо мӯътақиданд, ки тасвиби ин пешнавис ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар кӯмак хоҳад кард.