ВКХ-и Ҳинд ба изҳороти Хоманаӣ вокуниш кард

Акс аз бойгонӣ

Деҳлии Нав изҳороти охири Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эронро дар бораи бархӯрди Ҳинд бо мусулмонон рад кард.

Хоманаӣ рӯзи 16-уми сентябр дар суханронияш гуфт, агар аз ранҷу азоби мусулмонон дар Мянмар, Навори Ғазза, Ҳинд ва ҷойҳои дигар бехабар буд, наметавон худро мусулмон номид.

Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд дар посух рӯзи 17-уми сентябр ҳарфҳои Хоманаиро напазируфтанӣ хонд. Мақомоти вазорат дар баёнияе гуфтанд, ин изҳорот бар пояи маълумоти дурӯғ садо додааст.

Дар эъломия гуфта шудааст, кишварҳое, ки дар бораи ҳуқуқи камшуморон ё ақаллиятҳо дар давлатҳои дигар ҳарф мезананд, бояд аввал ба амалкарди онҳо назар кунанд.

Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Ҳинд ҳамзамон таъкид кардааст, ки Деҳлӣ ва Теҳрон муносибати хубу қавӣ доранд.