ВКХ-и Узбекистон гуфтааст, Нетаняҳуро боздошт намекунанд

Йоав Галлант ва Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти ӯро содир кардааст, дар сурати сафар ба Узбекистон боздошт нахоҳад шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар ҷавоб ба суоли Qalampir.uz хабар додааст.

"Узбекистон масъулияти иҷрои қарорҳои Додгоҳи байнулмилалии ҷиноиро ба дӯш нагирифтааст. Ҳуҷҷатҳои дахлдор дар ин замина тасдиқ карда нашудаанд", -- гуфтааст як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Ҳамзамон дар нома таъкид шудааст, ки ҳадди ақал то поёни ҷанг дар Ховари Миёна сафари Нетаняҳу ба Узбекистон дар назар нест.

Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд рӯзи 21-уми ноябр қарори боздошти Бенямин Нетаняҳу, сарвазир ва Йоав Галлант, вазири пешини дифои Исроил ва як фармондеҳи "Ҳамос"-ро содир кард.

Бенямин Нетаняҳу ва Йоав Галлант ба ҷиноят алайҳи башарият дар Навори Ғазза муттаҳам дониста мешаванд. Дар қарори додгоҳ омада, ки онҳо дидаву дониста аҳолии осоиштаро дар Ғазза аз хӯроку обу дору маҳрум карданд. Мақомоти Исроил қарорро танқид карданд.

Муҳаммад Зайф, фармондеҳи низомии “Ҳамос”, ки аз ҷониби Амрикову Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ номида шудааст, низ ба ҷиноят алайҳи башарият дар Навори Ғазза муттаҳам дониста шуд. Мақомоти Исроил пештар гуфта буданд, ки Муҳаммад Зайф дар як ҳамла кушта шудааст, аммо ин гурӯҳи тундрав ҳеч гоҳ хабарро рад ё тасдиқ накард.