ВКХ-и Украина бори дигар хоҳони узвияти Киев дар НАТО шуд

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина. 2-юми декабри 2024

Вазорати корҳои хориҷии Украина бори дигар хоҳони узвияти ин кишвар дар паймони низомии НАТО шуд.

Ин изҳорот рӯзи 3-юми декабр, қабл аз нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар Брюссел, нашр гашт.

Вазорати умури хориҷии Украина гуфтааст, узвияти комили Украина дар НАТО метавонад аз таҷовузи минбаъдаи Русия ба Украина ва кишварҳои дигар ҷилавгирӣ кунад.

Украина қариб се сол боз алайҳи таҷовузи Русия ба хокаш мубориза мебарад.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, дар вокуниш ба изҳороти ВКХ-и Украина гуфт, пайвастани Киев ба НАТО "пазируфтанӣ нест" ва "таҳдид" барои Русия хоҳад буд.