Дар наворе, ки Раёсати корҳои дохилии пойтахт нашр кард, дида мешавад, ки чанд нафар як ҷавонро кашола карда мезананд ва ӯ илтиҷо мекунад, ки латукӯбро бас кунанд.
Ба иттилои пулиси Душанбе, ҷавоне, ки латукӯб мешавад, Комрон Бобоев, сокини 20-солаи пойтахт аст. Ин ҷавон дар навор мегӯяд, "ба Худо, басай акаи Азиз, мемурам".
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, "Азиз Узбеков, сокини 26-солаи ноҳияи Фархор бо чанд нафар гурӯҳи ҷиноятӣ таъсис дода, барои пул наврасонро латукӯб мекардаанд".
Назари Узбеков ва шарикаш Маъруф Наимов ба қазия маълум нест. Онҳо дар ҳузури кормандони пулис ҳадди ақал аз ду ҳолате нақл мекунанд, ки наврасонро азоб додаанд.
Пулиси Душанбе мегӯяд, нисбати ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо нагуфтанд, ки бо кадом иттиҳом. Мақомот гуфтанд, шарикони дигари онҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Ин навор дар шабакаҳои "Фейсбук" ва "Инстаграм" вокунишҳои манфиро ба миён овард ва бисёре аз корбарон талаб карданд, ки афроде, ки ҷавонро латукӯб кардаанд, ҷазо гиранд.
Бори аввал нест, ки навори азоб додани ҷавонон дар шабакаҳо пахш мешавад.