Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, ки барои 30 рӯз бидуни раводид ё виза ба Малдив сафар кунанд.
Созишномаи бекор шудани талаботи раводид байни ҳукумати Тоҷикистону Малдив дар шаҳри Ню-Йорки Амрико рӯзи 26-уми ноябр ба имзо расид. шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки минбаъд шаҳрвандони ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати 30 рӯз озод мебошанд.
Санади мазкур баъди анҷоми расмиёти давлатии ду кишвар мавриди амал қарор мегирад.
Малдив аз ҳазору 196 ҷазира иборат буда, дар Уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст ва чун кишвари сайёҳӣ шинохта шудааст.