Ташхиси бакорат дастикам дар 20 кишвари ҷаҳон роиҷ аст, аз ҷумла дар Тоҷикистон. Созмони Милали Муттаҳид ин амалро таҳқиромез хонда ва хостори поён додан ба он шудааст. Ин озмоиш маъмулан бо хоҳиши домод ё наздикони ӯ анҷом мешавад. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки пайвандони духтар худашон ба ин кор иқдом мекунанд.
Ин озмоиш бештари вақт пеш аз арӯсӣ анҷом мешавад. Аммо гоҳе ҳам иттифоқ меуфтад, ки як зан баъд аз шаби ҳамбистарӣ бо домод назди пизишк меравад, зеро шавҳар ё наздикони ӯ дар "иффат"-и арӯс шак мекунанд.
Дар соли 2014 наздики 600 зан ба маркази тибби қонунии Тоҷикистон барои озмоиши дӯшизагӣ ё бакорат муроҷиат кардаанд. Ин охирин омори расмӣ аст.
Аккосии “бакорат”
Барои ин ки дарёбем, “озмоиши бакорат” чӣ гуна сурат мегирад, хабарнигори телевизиони "Настоящее время" худаш тасмим гирифт, ин озмоишро таҷруба кунад:
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СММ ба Тоҷикистон: "Ташхиси бакоратро аз байн баред"Пизишки мутахассиси занон ва зоимон, ки дар маркази тибби қонунӣ кор мекунад, аз ин ки танҳо ба наздаш омада будам, тааҷҷуб кард. Ӯ тавсия кард, ки бо наздикони худам ё домоди оянда ба наздаш оям. Тавзеҳ надод, ки чиро бояд касе ҳатман ҳамроҳи ман бошад, фақат гуфт, ки ин тавр беҳтар аст.
Вақте бори дувум ба ин марказ рафтам, маро назди пизишки дигаре бурданд. Ӯ суолҳои беҳуда накард. Ман баргаи дархостеро пур кардам ва 32 сомонӣ (баробар ба 3,30 доллар) пардохтам. Баъд маро ба утоқи муоина бурданд.
Фарояндаи озмоиши “бакорат” бисёр нохушоянд аст. Дар ин лаҳза парастор бо телефон ба гирифтани акс шуруъ кард. Ба гуфтаи пизишк, ин тасвирҳо барои муддате чун мадраки озмоиши бакорат дар бойгонии марказ нигоҳдорӣ мешавад.
“То пизишк наронад, намераванд”
Ҳеч кас маро маҷбур накарда буд, ки солимии пардаи бакоратамро бисанҷам. Ин фақат як таҷрубаи рӯзноманигорӣ буд. Аммо бисёре аз занон дар Тоҷикистон маҷбуранд аз ғайри иродаи худ ин таҷрубаро тоқат кунанд.
Таманно аз он чунин ёдовар мешавад: “Ман эҳсоси таҳқир кардам. Ҳам барои худам ва ҳам барои бисёре аз духтарон, ки мардон ба онҳо эътимод надоранд, озурда шудам. Ин як фишори равонии бисёр шадид аст, зеро бархе аз модарон меоянду дар коргоҳи табиб меистанд, то замоне ки ӯ онҳоро аз пешаш наронад.”
Таманноро волидонаш пас аз он ки ба яке аз пайвандони дурашон хилофи майлаш ба ҳамсарӣ доданд, водор ба озмоиши бакорат карданд. Қабл аз ин, модараш мактубҳои ӯро ба дӯстписари собиқаш хонда буд. Онҳо дар бораи иртиботи ҷинсӣ суҳбат карда буданд.
“Модарам гуфт, ки шумо хеле ба ҳам наздикеду озодона дар бораи ҷимоъ суҳбат мекунед, мабодо ба фаҳшо машғул бошӣ,” -- нақл кард ӯ.
Ба гуфтаи Таманно, бештари духтарон ба маркази пизишкии қонунӣ бо падару модари худ, волидони домод ё шавҳари ояндаашон меоянд: “Дар хонаводаи падарсолор роиҷ аст, ки падар ё шавҳари оянда аз пеши пизишк баранд, то мутмаин шаванд, ки дӯшиза ҳастӣ ё на. Ҳамаи духтарон, чи бо ҳиҷоб, чи бо либоси замонавӣ, ашкрезон меомаданду мерафтанд. Албатта, бокира буданд, аммо ин таҷруба барои ҳар кадоме аз онҳо озордиҳанда аст. Ман нигарон будам, ки агар пизишк гӯяд, ки ман бокира нестам, чи иттифоқе меуфтад. Модарам аз ман рӯ мегардонад?”
Пизишк тасдиқ кард, ки Таманно қаблан бо касе робитаи ҷинсӣ надоштааст. "Аммо гуфт, ки эҳтимолан ҳангоми аввалин омезиши ҷинсӣ хунрезӣ нахоҳад дошт. Ман тарсидам ва аз пизишк пурсидам, ки оё мешавад бо ҷарроҳии пластикӣ онро дуруст кард?"
Таманно аз баҳри издивоҷ гузашт ва барои кор ба хориҷа рафт. Волидонаш ба хонаводаи домод ҷавоби рад доданд, фақат баъд аз он ки хоҳар ва бародараш ба онҳо шарҳ доданд, ки “ӯ як духтари таҳсилкарда ва замонавӣ аст ва бо хонаводаи домод намесозад.” Таманно мегӯяд: “Таҳсилоти олӣ маро наҷот дод.”
Ман “беайб” будаам
Шаҳноза мегӯяд: “Агар бокира набошӣ, касе ба суроғат намеояд. Арӯсӣ метавонад бекор шавад ва домод метавонад шармандаат кунад.”
Пеш аз ҷашни арӯсӣ вай бо дархости номзадаш маҷбур ба озмоиши бакорат шуд. “Модарам гуфт, ки ин корро бояд анҷом диҳем. Гуфт ба нафъам аст. Агар фардо воқеае шавад, метавонем исбот кунем, ки ман қабл аз издивоҷ алоқаи ҷинсӣ надоштам.”
Шаҳноза меафзояд: “Алорағми ин ки бокира будам, хеле нигарон шудам. Шукр, ки “бакоратам” таъйид шуду гувоҳинома ҳам гирифтам. Вале берун, ки омадам, инони гиряро сар додам. Бароям тавҳиномез буд. Худамро мисли ашёе эҳсос кардам, ки айбу иллаташро месанҷиданд. Маълум шуд, ки “беайб” ҳастам, модару шавҳарам низ хушҳол шуданд.”
“Бокира ҳастам, аммо намехоҳам собит кунам”
Ин туй баргузор гашт, вале арӯсии бонуи дигар бо номи Нилуфар ба далели худдории ӯ аз озмоиши бакорат баргузор нашуд.
Вай гуфт: “Вақте навбати муоинаи пизишкӣ расид, номзадам аз тариқи модараш паём дод, ки ман бояд гувоҳиномаи бакорат дошта бошам. Модараш инро ба модарам расонд ва ӯ асабонӣ шуд, аммо ризоят дод. Вале замоне ки модарам инро ба ман гуфт, дигар натавонистам тоб биёрам, ҷанҷол бардоштам, чун аслан қабул надорам. Оре, ман духтар ҳастам, аммо намехоҳам ба касе собит кунам.”
Волидон суханони духтарро ба хонаводаи домод расонданд, онҳо дар муқобил гуфтанд, ки бидуни гувоҳинома туй барпо намешавад. “Баъд, ҳама ҷо овоза карданд, ки гӯё ман туйро вайрон кардаам, гӯё ман аз озмоиш худдорӣ кардаам, гӯё ман нодухтар будаам ва хонаводаи онҳо ба ингуна арӯси фосид зор нест. Дар миёни мардуми мо овоза зуд пахш мешавад. Мардум ҳам маъмулан бовар мекунанд.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баҳси дигари бокирагӣ: Нафас мекашам, аммо худам вуҷуд надорам. ВИДЕОНилуфар афзуд: “Сидқан мегӯям, ки бароям аслан муҳим нест. Ман бо касе қаробати ҷинсӣ надоштам ва намехоҳам инро барои касе собит кунам. Ҳарчанд ин амр сабаб шуд, ки робитаи ман бо волидонам хароб шавад. Онҳо аз ин қазия хиҷолатзада ҳастанд. Ва овозаҳо онҳоро сахт озор медиҳад.”
“Навъе тазмин”
Рухшона исрор дошт, ки духтараш қабл аз арӯсӣ гувоҳиномаи бакорат бигирад. Ӯ мегӯяд: "Ин як навъе кафолат аст. Бисёре аз ҷавонон намедонанд, ки ҷорӣ нашудани хун дар шаби аввали ҳамбистарӣ ҳамеша ба маънои бокира набудани духтар нест. Ман намехоҳам, ки духтарам баъдан ангуштнамо шавад. Дар матбуот мақолаҳои зиёде хондам, ки домод баъд аз шаби аввали арӯсӣ ҳамсарашро аз хона берун мекунад ва духтар аз ин расвоӣ худро меовезад. Ман барои духтарам чунин қисматеро намехоҳам.”
Ба гуфтаи Рухшона, духтараш бо озмоиш мувофиқат кардааст: “Ҳамааш хуб гузашт. “Бакораташ” тасдиқ шуд, ба ӯ гувоҳинома доданд, мо онро ба домод ва хушдомани оянда нишон додем. Духтарам ин санадро барои эҳтиёт бо худ нигоҳ медорад.”
Назари мутахассис
Аз соли 2016 ба ин сӯ муоинаи пизишкии афроде, ки қасди издивоҷ доранд, ба таври иҷборӣ дар Тоҷикистон анҷом мешавад. Пеш аз ҳама, озмоиши генетикӣ сурат мегирад, то пайвандони наздик ё афроди ҳомили бемориҳои генетикӣ бо ҳам издивоҷ накунанд. Ҳамсарони оянда мавриди озмоишҳое барои вируси HIV, ҳепатит ва бемориҳои дигари муқорибатӣ низ қарор мегиранд.
Дафтарҳои сабти аҳвол бидуни пешниҳоди гувоҳиномаи пизишкӣ ҳаққи сабти издивоҷҳоро надоранд. Дар айни ҳол, Вазорати тандурустӣ итминон медиҳад, ки “озмоиши бакорат сирфан бо хоҳиши худи шаҳрвандон анҷом мешавад ва маҷбурӣ нест.”
Гувоҳии бакоратро фақат маркази пизишкии қонунӣ дар пойтахт содир мекунад. Аммо чунин озмоишҳое дар бемористону дармонгоҳҳои маъмулӣ низ анҷом мешавад.
Мутахассиси занону зоимон, Махфират Бадалова, дар дармонгоҳи шумораи 13-и шаҳри Душанбе кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки чунин озмоишҳо бештари вақт қабл аз шаби арӯсӣ анҷом мешавад. Бо ин ҳол, мавридҳое ҳам ҳаст, ки занонро баъд аз шаби зуфоф ё ҳамбистарии аввал барои озмоиш ба ин марказ меоранд.
Ин пизишки вижаи занон мегӯяд: “Танҳо як далел вуҷуд дорад – ин ки хун ҷорӣ нашудааст – ва занонро маъмулан шавҳаронашон ё хушдоманҳояшон меоранд. Ҳатто мавридҳое ҳам буд, ки мо дар ҳузури шавҳарҳо омосро нишон додем ва тавзеҳ додем, ки ҳеч порагӣ ё даридагие дар пардаи бакорат рух надодааст.”
Махфират Бадалова меафзояд: “Мо тавзеҳ медиҳем, ки дар шаби аввали ҳамбистарӣ ҷорӣ шудани хун ҳамеша имконпазир нест. Пардаи бакорати бархе аз занон ёзанда аст ва дар вақти омезиши ҷинсӣ меёзад ё андозааш фарох мешавад, вале даридагӣ дар он ҳосил намешавад. Баъзе вақтҳо, чун олати ҷинсии мард кӯчаку олати зан бузург ва даҳони маҳбалаш низ фарохтар аст, ба ҳамин далел мумкин аст дар авалин ҳамбистарӣ ҳеч даридагие дар пардаи бакорат эҷод нашавад. Ин як амри табиӣ аст. Вале бархе мардон исрор меварзанд, ки ҳатман қатраҳое хун бояд ҷорӣ шавад.”
"Шавҳарам ҷарроҳии пластикиро пай набурд"
Ба далели тарс аз расвоӣ ва хиҷолат бархе аз духтарон, ки қабл аз арӯсӣ хуфтухези ҷинсӣ доштаанд, тасмим мегиранд, ки бо ҷарроҳии пластикӣ пардаи бакорати худро "барқарор" кунанд. Ин амал дар Тоҷикистон аз 200 то 350 доллар харҷ дорад.
Мадина ҳам аз ҷумлаи касонест, ки ба тармими пардаи бакорат иқдом кардаанд. Ӯ 23-сола, соҳиби оила аст ва як духтари сесола дорад.
Ӯ аз амали тармими бакораташ чунин ёдовар шуд: “Синфи ёздаҳ будам, ки бо писарамаки дугонаам шинос шудам. Ӯ аз Душанбе ба меҳмонӣ омада буд. Ман зуд ба ӯ дил бохтам. Он вақт телефон надоштам, бародаронам иҷоза намедоданд. Барои ин ки бо ҳам суҳбат кунем, вай ба дасти дугонаам ба ман телефон фиристод. Ман бо ӯ махфиёна гуфтугӯ мекардам. Ба ин тартиб ҳашт моҳ гузашт. Дар ин муддат мо ҳамдигарро надидем.”
Мадина меафзояд: “Вақте ки назди пайвандонаш омад, мо вохӯрдем. Дугонаам ба мо кумак мекард. Ман пеши ӯ мерафтам ва то дер мемондам, аммо касе пай намебурд, ки ин ба хотири писарамакаш буд. Ман сахт ошиқи ӯ шуда будам.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Олимзода: "Вазорат дастури ташхиси бакоратро надодааст ва намедиҳад". ВИДЕОАммо маъшуқаш зуд ба Душанбе баргашт. “Гиря кардам, қавл дод, ки боз дубора меояд, ин бор бо падару модараш ва мо ба ҳам хоҳем расид. Ҳамдигарро бӯсидем, ӯ ҳаяҷонзада шуду гуфт, ки аз ман ком мехоҳад. Гуфтам, ки зуд аст. Қавл дод, ки маро ба занӣ мегирад, ман розӣ шудам ва коре кардем, ки набояд мекардем.”
Баъд ин марди ҷавон рафту нопадид шуд. “Ман аз шумораҳои махфӣ занг задам ва паяшро пайдо кардам. Маълум шуд, ки маро паторфтааст. Маро ҷалаб гуфтааст. Гуфт, чи осон бо ӯ ҳамхоба шудам, пас дар оянда низ шояд хиёнат кунам.”
Мадина он рӯзҳоро чунин ба ёд меоварад: “Ман афсурда шудам ва доим гиря мекардам. Афроди зиёде ба хостгории ман омаданд. Саранҷом волидонам худашон интихоб карданд. Шавҳари ояндаам дар пойтахт зиндагӣ мекард. Аммо намехост, ки ҳамсараш кор ва ё таҳсил кунад.”
Мадина намедонист чӣ кор кунад, дертар шунид, ки мешавад, худро дубора духтар кунад: “Дар маҳалли мо касе набуд ин амалро анҷом диҳад, маҷбур шудам ба Душанбе равам. Саранҷом пеш аз туй ин амалро анҷом додам. Шавҳарам пай набурд ва ҳанӯз ҳам намедонад.”
Мардон ва бакорат
Шуҳрат исрор дошт, ки арӯсаш қабл аз издивоҷ озмоиши “бакорат” бидиҳад.
Ӯ мегӯяд: “Модарам ӯро интихоб кард, ман намешинохтам, намедонистам, кисту чикора аст. Тақозо кардам, ки покдоманияшро исбот кунад. Кӣ медонад, шояд пеш аз ман бо касе хоб рафта бошад. Ҳоло духтарон ҳар кор мекунанд. Барои ман духтаре поку шоиста лозим буд. Ва ӯ иффату наҷобаташро собит кард. Шаби аввал дидам, ки хун ҷорӣ шуд ва дилам ором гирифт.”
Ҳоло Шуҳрат дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Қасд дорад баҳори оянда барои кор ба Русия равад, аммо ҳамсарашро бо волидонаш мегузорад: “Бигзор вазифаашро анҷом диҳад ва падару модарамро нигоҳубин кунад. Бояд ҳадди ақал ду сол инҷо бошад.”
Амрияздон 24-сола аст ва дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ мехоҳад бо як духтари “сирфан бокира” издивоҷ кунад. Ва қабл аз арӯсӣ озмоиши бакораташ бидиҳад. “Агар номзадам бокира набошад, ман бо ӯ издивоҷ намекунам. Зеро ин нишон медиҳад, ки ӯ як зани сабукпо аст. Агар қабл аз издивоҷ бо касе ҳамбистар шуда бошад, пас метавонад дар оянда ҳам ба шавҳараш хиёнат кунад.”
Ӯ ҳамчунин хотирнишон кард: “Мо набояд суннатҳо, одобу русум ва арзишҳои худро фаромӯш кунем. Агар духтаре пеш аз издивоҷ бо касе ҳамхоба шавад, барои хонаводааш мояи шармсорӣ аст.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фоҷеаи зиндагии Мастона. ВИДЕОНуриддин мегӯяд, барояш муҳим нест, ки ҳамсари ояндааш қаблан бо касе иртиботи ҷинсӣ дошта бошад: "Фарз кунед, ки ин духтар қаблан бо касе ҳамхоба шудааст. Баъд чӣ? Ин чизеро тағйир намедиҳад, робитаи ҷинсии баъдӣ хароб намешавад, фарзандон бемор ба дунё намеоянд. Ҳеч таъсире намегузорад."
Ӯ афзуд: “Дар ҷомеаи мо мардон бо ҳар касе бихоҳанд, метавонанд ҳамбистар шаванд, аммо ин кор барои занон мамнуъ аст. Ин мунсифона нест. Барои ин ки рафторамонро дар ҷомеа таъриф кунем, ба ҳеч навъ барчасби иҷтимоӣ ниёзе нест. Ин гапҳо, ки “ту як духтарӣ”, “бояд покдоман бошӣ”, “боадаб бошӣ”, “бо касе набояд ҳамхоба шавӣ”, вале барои мард ин кор ҷоиз аст.”
“Бесаводию бефарҳангӣ”?
Алла Қувватова, ҷомеашинос, мегӯяд: “Ба таври суннатӣ, духтарони тоҷик то издивоҷ бояд бо ҳеч марде робита надошта бошанд, бавижа робитаи ҷинсӣ. Аммо ин мавзуъ ба далоиле ба писарон рабт намегирад.”
Ӯ мутмаин аст, ки ин нақзи ҳуқуқи занон аст, ки дар қонун ҳам кушоду равшан гуфта шудааст: “Барои зан ин як осеби равонӣ ва таҳқир аст. Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи замонатҳои давлатӣ барои ҳуқуқи баробари мардону занон ва фурсатҳои баробар барои иҷрои онҳо” вуҷуд дорад. Агар мо аз баробарии ҷинсиятӣ суҳбат мекунем, пас мардон ҳам бояд ин қоидаро риоя кунанд.”
Алла Қувватова бовар дорад, ки барои беҳбуди вазът бояд корҳои омӯзишие анҷом шавад: “Дар ин бора бояд гуфтугӯ кард, ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон бояд тавзеҳ дод. Кӯдакон бояд аз мактаб дуруст тарбият ёбанд. Бояд бо волидон ҳам суҳбат кард. Қаблан чунин мавридҳое набуд, вале ҳоло ин баҳс доғтар шудааст. Иллаташ набуди омӯзиш, бефарҳангӣ ва риоят нашудани қонунҳост.”
Аз дидгоҳи имрӯзаи тиб озмоиши “бакорат” рафторе нобихрадона аст. Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ мегӯяд: “Мутолеаи озмоишҳои бакорат собит карда, ки санҷидани робитаи ҷинсии занон аз тариқи муоинаи пардаи бакорат ва натиҷа гирифтан аз ин амал, ки як зан қаблан бо касе ҳамхоба нашуда, пояи илмӣ надорад.”
Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ин ақидаро, ки гӯё пардаи бакорати солим ё осебнадида метавонад баёнгари иффат ва надоштани иртиботи ҷинсӣ аз тарафи зан бошад, як бовари козиб ба шумор меоварад.
Ному насаби бархе аз қаҳрамонон ба дархости худи онҳо тағйир дода шудааст.
Гузориш ба забони русӣ дар инҷост