Ҳар хабари издивоҷи духтарҳои ҷавон ва аз тарси ноумеду хонахароб шудани онҳо дар ҳафтаҳои аввали зиндагӣ Мастонаи 21-соларо парешонҳолу нигарон мекунад. Дар ин синни кам ва ҷавон Мастона тамоми азияту сахтиҳои як ҷавонзани рондашуда аз хонаи шавҳарро чашидааст ва бо гузашти як сол аз хонахароб шуданаш ҳам ҳанӯз ба ҳолати маъмулӣ барнагаштааст.
Ӯ дар симои ҳар домод ҷавонеро мебинад, ки метавонад дар як рӯз зиндагии ҳамсари ҷавонашро хароб кунад. Мастонаи Асо, як сокини ноҳияи Балҷувон мегӯяд, фикру хаёли мушкили ба сари худаш омада ӯро раҳо намекунад ва кор то ҷое расидааст, ки зиндагии дигар арӯсони ҷавонро ҳам пайгирӣ мекунад.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокира ва покдомании духтарони арӯсшаванда ҷиддӣ бархӯрд мешавад ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ"-и арӯс, шавҳару хешовандонаш ӯро аз хона берун мекунанд.
Ӯ мегӯяд: "Ман ҳатто зиндагии арусонро пайгирӣ мекунам ва хонаводаҳоеро, ки мешиносам, ҳамеша мепурсам, ки духтарашон чӣ ҳол дорад? То як моҳ онҳоро фикр мекунам, то нафаҳмам, ки зиндагиаш хуб аст, ором намешавам",-мегуяд Мастона.
Мастонаи Асо мисли ҳар духтари дигари тоҷик бо орзуҳои зиёд соле пеш оиладор шуд. Зиндагии муштараки ӯ бо шавҳараш Султон Хоҷаев, ки бо тавсияи волидон Мастонаро ба занӣ гирифт, ҳамагӣ ду рӯз давом кард. Мегӯяд, ҳамеша орзу мекард, ки як келини таърифӣ ва як зани хубу меҳрубон бошад, соҳиби фарзанд шавад ва зиндагии хушбахте барпо кунад. Аммо шаби дуввумӣ арӯсӣ шавҳараш ӯро шадидан лату куб кард ва гуфт, ки ӯ "духтар", яъне бокира нест.
Бо ин иктифо накарда, ба гуфтаи Мастона, шавҳараш ба ӯ таҳдид кард, то ба "нодухтар" буданаш иқрор шавад. Ӯ аз тарс ин корро кард ва шавҳар ҳам гуфтаҳои ӯро чун далел дар телефонаш сабт намуд. Мастона дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ шаби аввали арӯсиашро бо дард қисса кард.
"Маҷбур кард, то номи як нафарро бигирам ва гӯям, ки дӯстписарам буду бо ӯ то замони издивоҷ ҳамхоба будам. Ҳар бор инро ба забон оварда наметавонистам, маро сахт латту кӯб мекард, то ҳадде ки аз биниам хун омад ва пардаи гӯши чапам дарида дигар чизеро намешунидам. Баъди ин таҳдид кард, ки муйҳои дарозамро мебурад ва маро кал карда, бо тани урён аз дар берун мекунад. Ман дигар илоҷ надоштам ва маҷбур шудам зери навори телефон бигӯям, ки "нодухтар” ҳастам".
Агарчи ташхиси тиббии баъди тарки хонаи шавҳар карданаш бегуноҳии Мастонаро исбот кард, ҳанӯз ҳам эҳсос мекунад, ки мардум ба иттиҳоми шавҳараш бовар мекунанд ва ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо нигоҳҳои истеҳзоомез доранду аз қафояш ҳарфҳои носазо мегӯянд. Мастона баъди хатми мактаби миёна дар ноҳияи Балҷувон дигар таҳсил ё кор накард ва вақте волидон ба издивоҷи ӯ пофишорӣ карданд, мисли аксар духтарони деҳи худ дар Балҷувон ба издивоҷ розӣ шуд.
Мастона ва танҳоӣ. Модараш одамгурез шудааст
Ҳоло бештари вақти худро дар хона мегузаронад ва гоҳ-гоҳе бо ёди рӯзи арӯсияш фиттаи тӯяшро тамошо кардаву ашк мерезад. Мастона мегӯяд, ҳарчанд ин корро ба танҳоӣ ё пинҳонӣ аз волидон мекунад, то ашки ӯро набинанд, аммо хуб медонад, ки онҳо ҳам дур аз чашми ӯ барои бахти сиёҳи ӯ оби дида мерезанд. Ҳар боре модар сабти тӯи арусии ӯро мебинад, сахт нороҳат мешавад.
Худи Мастона мегӯяд: "Баъди ин ҳодиса модарам ба ягон маърака намеравад. Медонад, ки агар нафаре он ҷо дар бораи ман сухане мегӯяд, инро таҳаммул карда наметавонад. На танҳо падару модар, балки бобову бибиям ҳам дар байни мардум ангуштнамо шудаанд".
Баъди бозгашти Мастона аз хонаи шавҳар, падараш аз деҳа ба шаҳр омад ва модар бемору аз маъракаҳои хурсандиву мотам дур шуд. Ба гуфтаи Мастона, падараш то ҳол санадҳои ташхиси ӯ дар даст дар ба дари мақомот мегардад.
Худи ӯ агарчи кӯшиш мекунад зиёд фикри он рузҳоро накунад, аммо баъди ин ҳодиса ҳама умеду хаёл дар бораи бунёди оилаи навро канор гузоштааст. Ба назари Мастона, "ҳатто марги фарзанд наметавонад барои волидон ба андозаи бозгашти духтарашон баъди як шаби арусӣ чунин сахт нест".
Мавзӯи бокирагӣ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокира ва покдомании духтарони арӯсшаванда ҷиддӣ бархӯрд мешавад ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ"-и арӯс, шавҳару хешовандонаш ӯро аз хона берун мекунанд. Ин гуна духтарҳо маъмулан дар хонаи волидон ҳам зиндагии осуда надоранд ва мояи шармандагии авлод ба шумор мераванд.
На ҳамеша дар чунин ҳолатҳо мардони хонавода метавонанд дарку бовар кунанд ва дар бисёр маврид ҳам духтарон дар хона ва маҳалии зист ангуштнамо шудаву зери маломат қарор мегиранд. Аммо Мастона мегӯяд, дар ин маврид бахт ба руяш омад кардааст ва падараш баръакс ӯро дастгирӣ мекунаду барои ҳифзи номусаш талош дорад.
Бо вуҷуди як соли таку давҳои бенатиҷа, муроҷиат ба додситониву додгоҳҳои маҳаллӣ, дар маҷмӯъ ба 16 идора, Асомиддин Ҷалолов - падари Мастона мегӯяд, аз роҳ баргаштанӣ нест ва омода аст барои исботи покдомании духтараш ва муҷозот шудани нафаре, ки ӯро латукӯб кард, чанд соли дигар мубориза барад. Бемуҷозот мондани афроде, ки духтаронро бо чунин иттиҳом бадбахт мекунанд, ба гуфтаи ӯ боис мешавад, "нодухтар" эълон шудани арӯсон идома ёбад.
Хушдомани пешини Мастона: "Касе ӯро азият накардааст"
Аммо наздикони шавҳари собиқи Мастона ин иддаоҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, арӯсе, ки онҳо бо умед ба хона оварданд, дар воқеъ бокира набуд ва тавре худаш иқрор кардааст, қаблан бо каси дигар робита дошт.
Хайриниссо Эмомова, модари Султон Хоҷаев, шавҳари Мастона қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, даъвоҳо дар робита ба латукӯб шудани арӯси хонавода аз ҷониби писари ӯ ҳам беасос аст.
Ба гуфтаи ин модар, онҳо Мастонаро бидуни ягон осеб рӯзи дуввуми арӯсӣ ба хонаи падар баргардониданд. Хайриниссо Эмомова ҳамчунин таъкид мекунад, ки духтар бокира набудани худро назди онҳо иқрор кард.
Мастона дар пайи барқарор кардани обрӯяш ҳаст
Ҳоло Мастона талош мекунад, ҳақ ба ҳақдор расад ва нафаре, ки дар зиндагии муштараки якшаба тамоми орзуҳояшро барбод дод ва обруяшро аз байн бурд, ҷазо гирад. Чун, ба гуфтаи худаш, дар ғайри сурат наметавонад ҳамчун як духтари покдоман обрӯи худро барқарор карда дубора хушбахт шавад.
Муттахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ мегӯянд, дар 6 моҳи соли 2018 пас аз тӯй 22 шавҳар бо ҳадафи муайян намудани бокирагии арӯсони ҷавонашон муроҷиат кардаанд. Бо назардошти чунин баҳсҳо ҳоло бисёр духтарон талош мекунанд пеш аз арӯсӣ аз назари табибон гузашта, сертификати бокирагиро бигиранд ва, ба қавле, омода ва мусаллаҳ шуда по ба хонаи бахт гузоранд.