Пас аз ду даҳаи беобию ташнагӣ сокинони деҳаи Томчӣ, дар ҷамоати “Машъал”-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки обро, тавре мегӯянд, "ба нархи тило" мехаридаанд, роҳи осон ва бепули дастрасӣ ба обро омӯхтаанд.
Онҳо новаҳои нав ё “навшора” сохта, дар интизори боридани борон меистанд, ки оби боронро ҷаъмоварӣ намуда, онро захира ва истифода кунанд. Аҳли деҳа, ки бештар дар тобистону тирамоҳ ба об ниёз доранд, сар аз ин зимистон ба захира кардани оби борон оғоз намудаанд. Борон ба шишаҳои нимбуридаи пластикӣ рехта, ба воситаи лӯлаҳои резинӣ дар зарфҳои калон, бушка ва чоҳҳо гирдорварӣ мешавад. Сонинони деҳа мегӯянд, оби борон пок ва ширин аст.
Аммо аз 70 хонаводаи деҳаи Томчӣ на ҳама имкони ҷаъмоварии оби боронро доранд, чун барои ин бояд боми хонаро бо тунука ё шифр пӯшонанд ва бушкаҳо харида ё ҳавзу чоҳ сохта, оби боронро онҷо ҷамъ кунанд.
Дар деҳаи Томчӣ танҳо 90 дар сади аҳоли бо фурухтани гову гӯсфандашон бушкаҳои калонро харидорӣ карда ва дар ҳавлиҳояшон чоҳ кандаанд, аммо афроди нодор аз оби кӯлҳо барои ҷомашӯӣ истифода мекунанд. Онҳо оби ошомиданиро мехаранд.
Сокинони ин деҳа мегӯянд, ки дар Шӯравӣ деҳаи онҳо шабакаи обрасонӣ дошт, аммо дастгоҳи обкаш ё насоси онҳо беш аз 20 сол пеш вайрон шуда, шабака аз кор монд ва шояд дигар онро барқарор кардан номумкин бошад.
Набуди лӯлаҳои об, хароб будани дастгоҳи обкашонӣ ва беаҳамиятии ҳукумати маҳаллӣ сокинони Томчиро маҷбур месохт, ки як тонна обро бо қимати 100 сомонӣ харанд. Сафарбек Қаландаров, сокини деҳаи Томчӣ, ки бо чаҳор фарзанд ва ҳамсараш зиндагӣ мекунад, мегӯяд, дар се моҳи тобистон 20 тонна обро истифода мекунад ва акнун бори аввал дар хонааш “навшора” гузошта, оби боронро дар бушка ва чоҳ ҷамъ хоҳад овард. Вай умедвор аст, ки бо ин роҳ 20 тонна об гирд орад.
Вай иқрор мекунанд, ки аз як нигоҳ ин ҳолат як мазҳакаро мемонад, ки одамон аз ноилоҷӣ ба оби борон зор шудаанд, вале аз сӯи дигар аҳли ин русто борҳо аз ҳукумати ноҳияи Вахш хоҳиш кардаанд, ки ба ҳалли мушкил кӯмак кунад, вале "касе ба доди онҳо нарасидааст".
Ҳамсӯҳбатони дигари мо дар деҳаи Томчӣ мегӯянд, ки дархостҳои ахири онҳо аз бар зарари худашон тамоми шудааст. Ҷавони 34-солае, ки аз зикри номаш худорӣ кард, гуфт, баъд аз чунин муроҷита ӯро ба мақомот даъват кардаанд, ки ки дигар шикоят накунад: “Ягон мақомот ба мо кӯмак накардааст, як бор муроҷиат кардем, хайр барои муроҷиат моро ғам доданд, ки дигар ғайрат накардем, ҳозир лӯлаҳо кор намекунанд.“
Обе, ки мардуми деҳаи Томчӣ бо пули зиёд мехариданду муддатҳо дар бушка меистод, оҳиста-оҳиста бӯи бад мегирифт ва дохилаш кирм пайдо мешуд ва онҳо маҷбур мешуданд, барои нест кардани кирми дохили об ба он намак резанд.
Моҳватан Эмомова, модари 7 фарзанд, аз деҳаи Томчӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар гузашта аз нӯшидани оби ифлос бемор шудааст ва ба ҳамин хотир оби боронро ҷаъмоварӣ мекунад: “Дар ҳамин деҳаи умри худро гузаронидаем, шароити об надорем, борон шавад, обро захира мекунем. Тоҷикистон, ки аз об бой аст, вале мо аз об танқисӣ мекашем. Мехоҳам, ки дарди дили ташналабонро президент шунавад. Ман аз духтур ҳуҷҷатҳои зиёде дорам, ки дар натиҷаи хӯрдани оби ифлос бемор шудаам.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинон ҳоло дар интизори тағйири ҳавоянд ва мехоҳанд, ки зимистону баҳор борони бештаре борад, ки онҳо барои як сол обро ҷамъоварӣ карда тавонанд.
Дарёгул Ғафурова, зани дигаре аз деҳаи Томчӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз мушкили зиёди беобӣ онҳо соҳиби “навшора” ва бушкаю чоҳҳои оби борон шуданд. Ин зан меафзояд, ки оби борон танҳо барои нӯшидан ва омода кардани хӯрок мерасад, ки онҳо дер-дер шустушӯи бадан мекунад ва либосҳояшонро низ тоза намешустаанд.
Маҳмадӣ Шарифов, раиси ҷамоати “Машъал” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ мушкили мардуми деҳоти Томчиро тасдиқ кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир мақомот дар таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дасти кӯтоҳ доранд: “Дар ҷамоат ваъзият нигаронкунанда аст ,чун пули зиёдро талаб мекунад, ки дар ихтиёрамон надорем ва ба мақомоти болоӣ муроҷиат мекунем, ки натиҷа намедиҳад.”
Зоҳиран, сокинони деҳаи Томчӣ низ мунтазири ҳукумати маҳаллӣ нестанд, ки онҳоро бо оби тоза таъмин кунад, чун бовар надоранд, ки мушкили онҳо дар сатҳи вилоят баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд. Онҳо барои зинда монданашон мубориза мебаранд ва дар ноилоҷиҳо илоҷ меҷӯянд.
Томчӣ дар ҷамоати “Машъал” аз маркази ноҳияи Вахш беш аз 50 киломер роҳ дошта, дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара дар доманакӯҳҳо воқеъ шудааст. Аксарияти мардумаш бекоранд ва танҳо баҳор бо тиҷорати мавсимӣ -- фурӯши гиёҳҳо машғул мешаванд. Қисме аз мардҳо ва ҷавонони он дар Русия муҳоҷиранд.