Виктория Рошина ҳангоми дар асорат буданаш фавтидааст

Виктория Рошина дар гузашта бо Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигари маъруфи Украина ҳамкорӣ дошт

Виктория Рошина, рӯзноманигори украинӣ, ҳангоми дар асорати нерӯҳои Русия буданаш фавтидааст.

Ӯ соле пеш дар қаламравҳои ишғолкардаи Русия дар Украина нопадид шуда буд.

Мақомоти Украина хабари марги Рошинаро рӯзи 10-уми октябр тасдиқ карданд.

Петро Ятсенко, намояндаи Ситоди ҳамоҳангсози Украина дар табодули асирони ҷангӣ, гуфт: "Мо таҳқиқ кардем. Мутаассифона, маълумот дар бораи марги Виктория тасдиқ шуд."

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, норӯшаниҳо дар марги Виктория Рошина зиёд аст ва тафтишот ҳамчунон идома дорад.

Виктория Рошина аз аввал ҳуҷуми Русияро ба Украина бозтоб медод. Дар моҳи марти соли 2022 дар Бердянски ишғолшуда аз тарафи нерӯҳои ФСБ-и Русия дастгир ва баъд аз даҳ рӯз раҳо гардида буд. Он замон барандаи ҷоизаи International Women's Media Foundation шуд.

Ин рӯзноманигори озод, ки дар гузашта бо Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигари маъруфи Украина ҳамкорӣ дошт, дар аввали моҳи августи соли 2023 бедарак шуд.