Виктор Орбан гуфт, Украина дар ҷанг бо Русия пирӯз намешавад

Виктор Орбан

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия), мегӯяд, Украина наметавонад дар ҷанг бо Русия пирӯз шавад.

Вай, ки аксаран аз сӯи Ғарб ба ҳимоят аз Русия муттаҳам мешавад, бори дигар ба гуфтугӯҳо барои поёни ин ҷанг таъкид кардааст.

Маҷористон барои шаш моҳ, аз январи соли 2025, раёсати давраии Иттиҳоди Аврупоро ба уҳда мегирад.

Виктор Орбан рӯзи 8-уми октябр дар як нишасти Порлумони Аврупо гуфт, мехоҳад, ба раҳбарони аврупоӣ паём диҳад, то стратегияи феълиашонро дар мавриди Украина тағйир диҳанд, зеро ба гуфтаи ӯ, ин стратегия кор намедиҳад.

Ба гуфтаи Виктор Орбан, вақте наметавон дар ҷанг пирӯз шуд, бояд гуфтугӯ кард ва оташбас кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз муттаҳидони ғарбии Киев, аз ҷумла, Амрико хост, ки таҷҳизоти лозими низомиро барои дифоъ дар баробари ҳамлаҳои Русия фароҳам кунанд ва аз нақшаи ӯ барои пирӯзӣ дар ҷанг алайҳи Русия ҳимоят намоянд.