Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати видеоӣ натоиҷи мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ва рӯҳониёни Тоҷикистонро ба баҳс кашид.
Рӯзи панҷшанбеи 4-уми июл дар арафаи моҳи шарифи Рамазон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо рӯҳониёни кишвар мулоқот намуд. Дар ин дидор оқои Раҳмон фазои динӣ дар кишварро дар маҷмӯъ нигаронкунанда хонда, аз даст ба ҷиноят задани дастикам 50 ҳоҷӣ дар 17 моҳи охир, содир шудани 32 ҷинояти ифротгароиву террористӣ танҳо дар соли ҷорӣ ва дар Вазиристони Покистон ба сар бурдани 80 хонаводаи тоҷик изҳори ташвиш кардааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамин тавр, гуфтааст, "ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем."
Радиои Озодӣ ба хотири баҳси ин ва дигари нукоти гуфташуда дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён мизигирди видеоиӣ барпо кард, ки дар он Зубайдуллои Розиқ - узви Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва исломшиноси мустақил Абдуллоҳи Муҳаққиқ ширкат карданд. Гардонандаи сӯҳбат - Искандари Хоҷамирзода аз студияи Радиои Озодӣ дар Прага.
Шумо метавонед ин наворро дар сомонаи низ тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад