Дар миёни онҳо мунаққиди адабӣ Олег Лекманов, узви ҳизби мухолифи "Яблоко" Николай Кавказский, узви ҷунбиши Удмуртияи озод Артем Медведев, блогер Антон Хардин ва пойгоҳи хабарии "Астра" ҳастанд.
Олег Лехманов бо мухолифат ба таҷовузи низомии Маскав ба хоки Украина моҳи феврали соли 2022 аз Русия рафт.
Николай Кавказский низ ҷанги Русияро дар Украина башиддат маҳкум кардааст. Ӯро шаш рӯз дар боздошт нигоҳ доштанд. Барои ақидаҳои сиёсияш борҳо зери ҳамла мондааст.
Артем Медведев аз истиқлоли минтақаи Удмуртия аз Русия пуштибонӣ мекунад.
Антон Хардин бо 127 ҳазор пайрав ё обуначӣ дар Телеграм блогери шинохта аст. Борҳо ба зидди ҷанг дар Украина сухан гуфта, алайҳи таъқибҳои сиёсӣ дар Русия низ баромад кардааст.
"Астра" ҳаводиси Русия ва ҷаҳонро дар Телеграм бозтоб медиҳад. Ин пойгоҳ хабарҳоеро нашру паҳн мекунад, ки расонаҳои давлатии Русия аз баёни онҳо худдорӣ меварзанд.
Қонуни машҳур ба "агентҳои хориҷӣ" бештар аз 10 сол боз дар Русия амал мекунад. Ин қонун ба Вазорати адлияи Русия имкон медиҳад, созмонҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳидаро "агенти хориҷӣ" эътироф кунад, ки агар аз хориҷ маблағгузорӣ шаванд ва фаъолияти сиёсӣ анҷом диҳанд.