Додгоҳии олии зиддикоррупсионии Украина ҳукм кард, вазири сиёсати кишоварзӣ Николай Солский, ки дар азхудкунии ғайриқонунии замини давлатӣ гумонбар мешавад, то 26 июн ба ҳабс гирифта мешавад. Бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ба Солский имкон доданд, ки дар ҳаҷми 75 миллион гривен – муодили 1,9 миллион доллар гаравпулӣ бидиҳад.
Вакили ӯ гуфт, ки ҳоло маблағро ҷамъоварӣ доранд ва агар ин пул ҷамъ шуд, онро ба додгоҳ месупоранд. Вакилони дифои вазир гуфтанд, ки бо қарори додгоҳ дар маҷмӯъ розӣ нестанд ва баъди ба даст овардани матни пурраи қарор аз болои он шикоят хоҳад кард.
Николай Солский 44 сол дорад ва ӯ аввалин шахсе дар ҳукумати президент Владимир Зеленский аст, ки расман дар коррупсия гумонбар эълон шудааст. Ӯ ин иттиҳомро рад карда гуфтааст, ки бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад. Рӯзи панҷшанбе Солский аризаи истеъфояшро таслим кард ва қарор аст дар ҷаласаи наздиктарини парлумон ин ариза баррасӣ шавад.
Чанд рӯз пеш аз ин бюрои миллии зидди коррупсияи Украина гуфт, ки собиқ раиси кумитаи кишоварзии Рада ва вазири амалкунандаи кишоварзӣ метавонист дар азхудкунии ғайриқонунии замини давлатӣ бо нархи 7 миллион доллар ва ҳам кӯшиши ба даст овардани дигар қитъаи замин бо нархи 5 миллион доллар гумонбар даст дошта бошад. Дар ин нақшаи фасод эҳтимолан дигар мақомдорон ҳам иштирок кардаанд, гуфтааст "РБК-Украина".
Эҳтимолияти содир шудани ҷиноят ба солҳои 2017-2021 марбут аст. Худи Солский гуфтааст, ки ин даврае мебошад, ки ӯ дар мақоми адвокатӣ кор мекарду вазифаи давлатӣ надошт. Ӯ инчунин гуфт, ки қазия ба “баҳси миёни идораҳои давлативу шахсони инфиродӣ, аз ҷумла, собиқадорони ҷанг дар шарқи Украина рабт дорад, ки заминро бар асоси қонун фароҳам карда буданд”.