"Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҷойи кори муносиб нест, донишгоҳҳои зиёд чӣ даркор?" Ин суоли хабарнигорон аз вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд, ки дар нишасти матбуотии рӯзи 5-уми феврал баҳси гармеро ба по кард.
Мақомоти Тоҷикистон пайваста ва бо ифтихор мегӯянд, ки ҳоло дар кишвар 41 донишгоҳу донишкада фаъол аст, дар ҳоле ки ин рақам дар соли 1991 ба 13 баробар буд. Мунтақидон аз сатҳи пасти саводи донишомӯзон нигаронӣ мекунанд.
Ин хел бошад, мактаби миёна барои чӣ лозим аст? Таҳсил ин як силсила аст. Вақте боғча аст, мактаб аст, баъд ба зинаҳои болоӣ меравад.
"Тоҷикистон содиркунандаи қувваи корӣ аст. Фаразан, мо мактабҳои олиро мебандем ва дигар қабул намекунем, ҷавон мактаби миёнаро хатм кард, ба куҷо меравад? Зинаи болоиаш куҷо аст, чӣ кор кунад? Як қисми зиёди ҷомеа ҳам инро мегӯянд, ин қадар мутахассис омода мекунед, ҷойи кор нест", -- гуфт Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм.
Зоҳиран хабарнигорон аз посухи вазир қонеъ нашуданд ва гуфтанд, агар ҳадаф соҳиби ҳунар кардани мардум аст, бигзор, ба ҷойи донишгоҳ омӯзишгоҳҳои бештар таъсис диҳанд, ки муҳлати таҳсил камтару харҷаш поинтар аст.
Маҳмадюсуф Имомзода дар ҷавоб гуфт, омӯзишгоҳҳои касбӣ дар кишвар зиёданд, аммо талаботи мардум ба донишгоҳу донишкадаҳо низ бештар аст.
Ӯ, ки муфассал дар ин бора суҳбат мекард, афзуд, "шахсе аст, ки мехоҳад маълумоти олӣ гирад, ин вобаста ба завқу сатҳи дониш аст. Ин хел бошад, мактаби миёна барои чӣ лозим аст? Таҳсил ин як силсила аст. Вақте боғча аст, мактаб аст, баъд ба зинаҳои болоӣ меравад."
Вазири маориф ва илм ҳамчунин аз он гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои инсонӣ дар ҷаҳон мавқеи намоён дорад ва "ҳамин захираи инсонии мо босавод ва соҳибкасб бошад, беҳтар аст ё дар шакли дигар?"
Бори аввал нест, ки масъалаи зиёд будани мактабҳои олӣ дар Тоҷикистон баҳсҳоро ба миён меорад. Чаҳор сол пеш Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳам аз вазъи маориф ва зиёд будани теъдоди донишгоҳҳо дар Тоҷикистон интиқод карда буд.
Қурбонов бо муқоиса ба шумораи донишгоҳҳо дар замони гузашта ва имрӯза изҳор дошта буд, ки "дар 13 мактаби олӣ чӣ қадар муаллими унвондор буд ва ҳоло дар 39 мактаби олӣ чӣ қадар устодони унвондор дорем. Миқдори унвондорҳо нисбат ба соли 1985 ҳоло 300 нафар кам аст. Дар инҷо мо сифатро бой дода истодаем. Имрӯз дар аудиторияҳо аз олимон, профессорон ва устодони соҳибтаҷриба хеле каманд."
Тафсилот дар инҷост: Дар Тоҷикистон донишгоҳ зиёд, вале профессор кам шудааст“Ҳама раис шаванд, корро кӣ пеш мебарад?”
Коршиносон мегӯянд, омода кардани мутахассисон дар донишгоҳҳо агар аз рӯйи талаботи бозори меҳнат ва ҳисобшуда бошад, хуб аст, вале дар ғайри сурат ҷуз сарфи маблағу вақт натиҷа намедиҳад.
Ба гуфтаи Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, бо назардошти бозори меҳнат, мутахассисоне бояд омода шаванд, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар бозори меҳнат дар хориҷа ҷойи по ёбанд.
"Мутахассисе, ки тайёр кунанд, на дар дохил ва на дар берун ҷойи кор наёбад, чӣ даркор? Коллеҷҳо бояд зиёд карда шаванд. Дар ҳар муассиса аз ҳама зиёд 50 мутахассиси соҳиби маълумоти олӣ, аз ҷумла муҳандисон ва роҳбарон лозиманд. Лекин маҳсулоти асосиро коргар мебарорад”, -- афзуд Мунира Иноятова.
Бино ба омори расмӣ, агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон 13 донишгоҳу донишкада фаъолият дошт, феълан ин теъдод ба 41 расидааст. Рақаме, ки масъулони соҳаи маориф аз он боифтихор сухан мекунанд, вале мунтақидон аз паст шудани сатҳи дониши хатмкардаҳои мактабҳои олӣ нигаронӣ мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Латофат Назирӣ: "Бо онҳое, ки мегӯянд, сатҳи дониши хонандагон паст аст, розӣ нестам." ВИДЕОСатҳи саводи аҳолиро дар Тоҷикистон муайян мекунанд. Мардум босавод шудаанд, ё камсавод? ВИДЕОБештару бенавотар: Иқтисоди Тоҷикистон афзоиши аҳолиро мебардорад?Ойниҳол Бобоназарова: “Ман кайҳо аз доираи тарс гузаштаам”Директори мактаб гуфт, ки аз шарм истеъфо додСинфхонаи резинӣ. 40 нафар ба ҷои 25 кас дар як синф.ВИДЕОГулрухсор: “Барои як зани фоҳиша бояд 100 мардро ба дор кашид”Коршиносон: Омори босаводӣ яку воқеият дигар аст (ВИДЕО)Насли нави муҳоҷирон -- русиягаро ё тоҷикдӯстдор?Зиндагӣ дар "чӯл". Орзуи хондани "Алифбо" дар 16-солагӣ (ВИДЕО)Рӯзи дониш. "27%-и ҷавонҳо диплом доранд, аммо хонда наметавонанд"