Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насли нави муҳоҷирон -- русиягаро ё тоҷикдӯстдор?


Яке аз барномаҳои ҳунарии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз барномаҳои ҳунарии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, муқимӣ шудани тоҷикон дар Русия ва зиндагӣ дар тамаддуни дигар, дар баробари хубиҳо, ҷанбаҳои манфӣ низ дорад, ки ин дар насли нави ин хонаводаҳо метавонад зоҳир шавад.

Аҳмадҷон Рашидов, тоҷике ки 23 сол муқими Русия аст, забон ва фарҳанги худро ҳифз кардааст. Вале ба гуфтаи ӯ фарзандонаш зери таъсири фарҳанги русӣ ба воя расидаанд. Ба нақли Аҳмадҷон, ӯ аз аввалин тоҷиконе, буд, ки соли 1995 тарки Тоҷикистон кард ва мехост, барои кору зиндагӣ Қазоқистонро ихтиёр намояд. Аммо бо амри тақдир дар Маскав монд ва зиндагии худро аз сифр шурӯъ кард.

Аҳмадҷон мегӯяд, ки ”ман вақте ба Русия омадам, ҳамагӣ 18-сола будам. Дар Тоҷикистон ман як тиҷорати хурд доштам, аммо дар Русия маҷбур шудам, аз кори кори сиёҳ рӯй нагардонам. Баъдан як ошхонаи худро боз кардам, ва зиндагиямро ба чархиш даровардам. ”- мегӯяд, Аҳмадҷон.

Ба нақли Аҳмадҷон Рашидов, ки ҳоло 41 сол дорад, дар ин муддат ӯ хонадор ва соҳиби ду фарзанд шуд ва ҳамчунин шаҳрвандии Русияро низ ба даст овард. Ҳоло ин мусоҳиби мо дар яке аз додгоҳҳои Русия тарҷумонӣ мекунад ва ҳамчунин ба ошпазӣ ҳам машғул аст. Аҳмадҷон иқрор мекунад, ки бори охир 12 соли пеш ба Тоҷикистон рафта буд. Вале чун зиндагии берун аз ватан ӯро аз муҳити тоҷикона дур карда буд, тасмим гирифт ба Русия баргардад.

Тоҷикони зиёде мисли ин мусоҳиби мо дар мавҷи аввали ҳиҷрат дар Русия дар 25 соли пеш бо зиндагии сахт рӯ ба рӯ шуданд.Теъдоде рӯзгори худро аз кӯчарӯбиву аробакашӣ ва бархе ҳам аз тиҷорат оғоз карданд. Бо даст додани имконият таҳсил намуданд, оила бунёд карданд ва ба оҳистагӣ маҷрои зиндагиро ба даст гирифтанд. Онҳое, ки бо рӯзгори ин насл дар Русия ошно ҳастанд мегӯянд, ин қишри муайян то андозае муаваффақ шуд, ки соҳиби кору зиндагии шоиста дар ин кишвар шавад.

Ҳалима Хушқадамова, коршиноси тоҷики муқими Русия дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бештар аз ҳама пизишкону олимон, синамогарон ва омӯзгорони тоҷик тавонистаанд дар ин ду даҳсола мавқеи худро дар ин кишвари абарқудрат пайдо кунанд.

Халима Хушқадамова мегӯяд, ки “барои мисол Ардашери Қурбоншоҳ, дар солҳои 90-ум бар Русия омад ва ҳоло яке аз чеҳраҳои шинохта дар ин кишвар аст. Ӯ дар соҳаи сохтмон кор мекунад ва тавонистааст ба теъдоди зиёди тоҷикон ҷойи кор бидbҳад. Ва ё пизишк Абдулаҳад Очилов тавонист дар бахши тибби Русия худро муаррифӣ кунад. Ман он солҳо дар сафорати Тоҷикисон дар Русия кор мекардам ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин муҳоҷирон бо меҳнати ҳалол худро ёфтанд.”

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Аммо аз нигоҳи таҳлилгарон муқимӣ шудан дар Русия ва зиндагӣ дар тамаддуни дигар ҷанбаҳои манфӣ низ дорад, ки ин дар наслаи нави ин хонаводаҳо метавонад зоҳир шавад. Коршиноси тоҷик Абдулло Давлатов мегӯяд, ки “агар имрӯз насли бузургтар тоҷикдӯстдор боқӣ мондааст, аммо фарзандони онҳо метавонанд русгаро ба воя бирасанд ва дар сурати зарурат аз манфиатҳои Русия пуштибонӣ кунанд.”

Ин таҳлилагар меафзояд, ҳоло дар мактабҳои Маскав аксҳои наврасони тоҷик дар лавҳаҳои фахрӣ гузошта мешаванд: “Ин насл ҳатман аз Русия пуштибонӣ хоҳад кард, чун ин кишвар ба онҳо нон дод, савод омӯзонд ва имконияти зиндагӣ карданро овард.”

Вале Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳлилии "Шарқ" бар ин аст, ки солиёни зиёд дур будан аз ватан хоҳ нохоҳ ба ҳуввият ва табиати тоҷикон таъсири худро расондааст. Аммо ин ба он маънӣ нест, ки онҳо иртиботи худро комилан бо ватан канда карданд. Аммо ҷаноби Олимов ба ин ақида розист, онҳое, ки аз ду даҳсола бештар дар Русия ба сар мебаранд, тавонистаанд зиндагии худро дар сатҳи қишри миёна ва ё аз миёна болои Русия ба роҳ монанд.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

”Аз тарафи дигар ба ин тоҷикон агар Русия писанд набошад онҳо имкони хубе доранд, ки ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Аврупову Амрико ва Канадаву Австралия кӯч банданд. Сафар ба ин кишварҳо назар ба Тоҷикистон аз Русия ба онҳое, ки шаҳрванди ин давлатанд, бамаротиб осонтар аст, зеро квотаҳо вуҷуд доранд.”-афзуд Музаффар Олимов.

Бо ин ҳама, тибқи оморҳои расмӣ, шумораи тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, аз 40 ҳазори соли 1989 дар соли 2010 то 221 ҳазор афзоиш ёфтааст. Аммо аз рӯи ҳисоби коршиносон, дар панҷ соли ахир дар маҷмӯъ 540 ҳазор тоҷикон шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд ва 42 ҳазори онҳо дар Маскав иқомати доимӣ доранд.

XS
SM
MD
LG