Вайронӣ ва ҳалокати сокинон дар пайи боронҳои шадид дар Аврупо

Марде як зани солмандро аз дохили хона мебарорад. Шаҳри Слобозия, Руминия, 14-уми сентябри соли 2024.

Сел сабаби марги камаш 10 нафар дар Ҳолланд ва Руминия шуд. Дар ин офати табиӣ хонаҳои зиёде зери об монда, мақомот садҳо касро ба ҷойи амн кӯчондаанд.
 

Пайомадҳои сел дар минтақаи Галати дар Руминия. 

Тӯфони Борис сабаби боронҳои сахт дар чанд пойтахти Аврупо, аз ҷумла Вена (Австрия), Братислава (Словакия) ва Прага (Чехия) шуд. 

Ду нафар талош доранд, ки мардеро аз дами сел наҷот диҳанд. Минтақаи Галати, Руминия.

Руминия. Наҷотбахшон кӯшиш доранд, ки як сагро аз дохили об бароранд

Ин мард ашёи хонаашро ба берун баровардааст. Шаҳри Слобозия, Руминия.

 

Дар ҷануби Лаҳистон (Полша) қабрҳо низ зери об мондаанд. 15-уми сентябри соли 2024.

Нахуствазири Лаҳистон Доналд Туск тасдиқ кард, ки дар ҷануби ин кишвар як нафар дар пайи омадани сел ҷон бохт. 
 

Оқибатҳои сел дар ҷануби Ҳолланд.



 

Марде бо дучарха аз назди обанбори нерӯгоҳи Глибинов дар Нусаи Ҳолланд мегузарад. Сатҳи ин обанбор рӯзҳои охир баланд шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ду сарбанд пур шуда, вазъ "хатарнок" аст.

Шаҳри Братислава, пойтахти Словакия. Дар соҳили дарёи Дунай сад(д) мегузоранд. Боронҳои рӯзҳои охир боиси баланд шудани оби дарёи Дунай дар Словакия ва Влтава дар Чехия шуд.

Як зан баъди ба ҷойи амн расидан хешовандашро дар оғӯш мегирад. Йесеника, Чехия.

Ин мардон чигуна хароб шудани манзилҳоро назора доранд. Боронҳои се рӯзи охир дар минтақаи Йесеникаи Чехия вайрониҳои зиёдро дар пай дошт. 

Петр Фиала, сарвазири Чехия, гуфт, зиёда аз 12 ҳазор касро аз минтақаҳои селзада ба дигар ҷой кӯчониданд.

Боронҳои сахту пайдарпайи се рӯзи охир боиси баланд шудани оби дарёҳо дар қисмати марказӣ ва шарқии Аврупо шуд. Ин ҳодиса сабаби марги чандин нафар ва бехонумон шудани садҳо каси дигар гашт.