Ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон, ки беш аз як сол боз таҳти итоати шӯришиён қарор дорад, ба қавли сокинонаш, ба маҳалли амни ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла ҷангҷӯёни тоҷик табдил шудааст. То ҳол маълум нест, ки дар он минтақа чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд ва дар саффи кадом гурӯҳ меҷанганд. Аммо сокинони Вардуҷ мегӯянд, ки дар ин минтақа, инчунин, ҷангҷӯёни уйғуру араб, узбакҳо ва покистониҳо ҳастанд.
Ба куҳҳо ҳам боло рафта наметавонанд, чун куҳҳо пур аз барф аст. Ба назари ман, бояд дар фасли сард амалиёти бозпасгирии Вардуҷ роҳандозӣ шавад
Бархе аз сокинону бузургони қавм ва фармондеҳони мардумии Вардуҷи Бадахшон гуфтанд, ки дар беш аз як соли гузашта аз ҷабру ситами ҷангҷӯён зиндагиашон табоҳ шудааст ва ба озодии ҳарчи зудтари ин минтақа ниёз доранд. Онҳо мегӯянд, ки омода ҳастанд, дар озодии ноҳияашон аз дасти ҷангҷӯён ба нирӯҳои давлатӣ кумак кунанд. "Вале зоҳиран мақомот барои бозпасгирии ин минтақа ва халосии мардум шитоб надоранд", - нигаронӣ доранд онҳо.
Мавлавӣ Абдулваҳҳоб ва Инъомуддин, сокинони ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 8-уми октябр дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ волии Бадахшон ва нирӯҳои амниятиро муттаҳам карданд, ки барои бозпасгирии минтақа аз дасти ҷангҷӯён иродаи ҷиддӣ надоранд. Онҳо гуфтанд, "мо ба мақомҳои маҳаллии Бадахшон гуфтем, ки Вардуҷро озод кунед, мардум ба шумо ёрӣ медиҳад. То хонаводаҳои беҷошуда ба минтақаҳояшон бираванд ва хонаводаҳое, ки зери зулму ситами террористҳо қарор доранд, халос шаванд. Аммо то ҳол ягон иқдоми амалӣ сурат нагирифтааст.”
Давлатмуҳаммад Ховар, раиси ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшон мегӯяд, ки бо фаро расидани фасли зимистон рӯҳияи ҷангии террористҳо комилан заиф шудааст ва роҳандозии амалиёти низомӣ дар ин мавсим ба манфиат хоҳад буд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар фасли зимистон куҳҳо барфпӯш мешаванд ва шӯришиён дар деҳаҳо тоби муқовиматро надоранд.
“Ба куҳҳо ҳам боло рафта наметавонанд, чун куҳҳо пур аз барф аст. Ба назари ман, бояд дар фасли сард амалиёти бозпасгирии Вардуҷ роҳандозӣ шавад”, - афзуд оқои Ховар.
Генерал Абдулхолиқ Оқсойӣ, фармондеҳи идораи амнияти Бадахшон, мегӯяд, ҳукумати вилояти Бадахшон ва ҳукумати марказии Афғонистон сокинони Вардуҷро аз ёд набурдаанд. Ӯ гуфт, бозпасгирии вулусволии Вардуҷ дар маркази таваҷҷуҳи онҳост ва ба зудӣ ин ноҳия аз террористҳо пок хоҳад шуд.
Генерал Абдулхолиқ гуфт, “мо дар ин авохир дар бархе аз минтақаҳои Бадахшон ба душман зарбаҳои сахт ворид кардем. Нақшаи амалиёт зери дасти мост. Дар минтақаҳое, ки ҳузури душман дида мешавад, амалиёти низомӣ баргузор мекунем, то ҳама гӯшаҳои Бадахшон аз вуҷуди унсури зиддидавлатӣ озод бишавад.”
Бино ба қавли сокинон, аҳолии Вардуҷ дар шароити хеле бади иқтисодӣ қарор доранд ва нони хӯрданро ба сахтӣ пайдо мекунанд. Бар замми ин шӯришиёни Толибон ва ҷангҷӯёни хориҷӣ таъмини нону оши худро низ ба дӯши ин мардум гузоштаанд.
Вардуҷ яке аз осебпазиртарин минтақаҳои вилояти Бадахшони Афғонистон аст ва аз соли 2015 ба ин тараф борҳо шоҳиди даргириҳои шадид миёни нирӯҳои давлатӣ ва Толибон будааст.
Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки дар гузашта аз амнтарин минтақаҳои ин кишвар ба шумор мерафт, дар як соли ахир ба майдони фаъолияти густурдаи Толибон табдил шуд ва ноамниҳо аз минтақа ба минтақаи дигар доманаи худро васеъ мекунад. Қаблан Юмгону Зебоки ин вилояти ба дасти Толибон суқут карда, сипас, дубора аз тарафи нирӯҳои давлатӣ бозпас гирифта шуд.
Баҳори имсол дар авҷи даргирии миёни нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва шӯришиён тақрибан даҳ сарбози захмии афғонро барои табобат ба вилояти Бадахшони Тоҷикистон оварда буданд. Раҳбари Тоҷикистону Афғонистон низ борҳо дар суҳбатҳои худ мавзӯи ҳузури ҷангҷӯён дар вилояти Бадахшони Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Президенти Тоҷикистон моҳи майи имсол дар як суҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Афғонистон истиқрори субот дар ин кишварро “омили амнияти тамоми минтақа” донист ва гуфт, Душанбе барои барқарории амният тамоми талошро ба харҷ хоҳад дод.