Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта нақшаи истихроҷ ва тавлиди металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тилло дар муқоиса бо соли 2015, 109 дар сад иҷро шудааст. Вале масъулони ин вазоратхона аз зикри ҳаҷми мушаххаси маҳсулоти истеҳсолшуда бо далели ба гуфтаи онҳо сирри давлатӣ будани мавзӯъ худдорӣ карданд. Тилло аз дороиҳои стратегии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҳоле, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла биржаи Лондон арзиши 1 грамм тилло беш аз 39 доллар шудааст, мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши бесобиқаи истихроҷ ва тавлиди фулузоти қимматбаҳо дар кишвар хабар доданд.
Бахтиёр Шарифов, раҳбари раёсати саноати маъданҳои қимматбаҳои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 25 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз соли гузашта мизони тавлиди фузулоти қимматнок, аз ҷумла, тилло дар кишвар афзоиш ёфтааст. Вай гуфт: "Дар ҳамаи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон тавлиди металлҳои қимматбаҳо нисбати ҳаҷми соли 2015 нӯҳ дарсад бештар шудааст."
Вай ба далели сиррӣ будани иттилоъ аз ироаи маълумоти мушаххастар худдорӣ кард. Аммо омори соли 2015 ҳокист, ки дар Тоҷикистон 4 ҳазору 450 килограмм тилло тавлид шудааст ва агар дар соли 2016 рушди истихроҷи маъданҳои қиматбаҳо 9 дар сад ё 500 кг афзоиш ёфта бошад, пас дар соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 5 тонна тилло тавлид шудааст.
Бахтиёр Шарифов гуфт, ки чунин дастовард дар таърихи саноати кӯҳии Тоҷикистон бесобиқа мебошад. Вай дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки ин миқдор тилло ба куҷо фурӯхта мешавад, гуфт, ки соли гузашта 87 дарсади тиллои истеҳсолшуда дар кишварро Бонки миллӣ ва вазорати молия барои ғанӣ кардани захираи тиллои кишвар, харидорӣ карданд. Миқдори боқимонда ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла ба бонкҳои Швейсария фурӯхта хоҳад шуд.
Нур Сафаров, шореҳи гурӯҳи навгониҳои иқтисодии Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук рӯзи 25 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки харидории фулузоти қимматбаҳо, аз ҷумла тилло, аз сӯйи давлат як таҷрибаи маъмулӣ дар кишварҳои ҷаҳон аст. Вай гуфт, ки Тоҷикистон маъмулан захираҳои тиллоии худро дар бозорҳои ҷаҳон бар ивази арз фурӯхта, ба кишвар миқдори зарурии асъорро ворид месозад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Нур Сафаров, "ҳоло тилло дар канори пахта ва алюминий ба як маводи стратегии содиротӣ табдил шудааст. Бар ивази асъори ба даст омада аз фурӯши тилло, Тоҷикистон маҳсулоти мухталиф, аз ҷумла, гандумро харидорӣ карда, ба ин тартиб амнияти озуқаворӣ дар кишварро таъмин месозад."
Нур Сафаров афзуд, ки тилло сарватиТоҷикистон аст ва кишвар ҳаққ дорад ин фузулотро барои суди худ истифода кунад. Ба эътиқоди ҷаноби Сафаров, Тоҷикистон имкон дорад минбаъд истихроҷ ва тавлиди фузулоти қимматбаҳоро бештар кунад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф бояд фазои ҷалби сармояи хориҷӣ ва меёрҳои андозбандӣ дар кишвар таҷдиди назар шаванд.
Вале масъулон ва ҳам дастандаркорони соҳа мегӯянд, ки захираҳои тиллои Тоҷикистон маъмулан танҳо барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти миллӣ ё дохилии ин кишвар равона мешавад. Шариф Раҳимзода, як
узви порлумони Тоҷикистон, ки дар гузашта дар мақоми раиси Бонки миллии кишвар кор кардааст, рӯзи 25 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша захираи тиллои худ баробари ниёзҳои семоҳинаи худ нигоҳ медорад. Танҳо дар сурати зарурат ин захираҳо дар биржаҳои байналмиллалӣ бо нархи ҳамон рӯз фурӯхта мешавад. Ин як кори маъмулӣ дар ҳамаи кишварҳост. Хеле хуб аст, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 5 тонна тилло тавлид шудааст."
Дар ҳамин ҳол, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ гуфт, ки тақсими маъданҳои истихроҷ ва тавлидшуда тибқи созишномаҳои имзошуда миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва ширкатҳои сармоягузор, сурат мегирад. Вай афзуд, ки дар бархе аз маворид миқдори маҳсулоти тавлидшудаи моли Тоҷикистон 35 дарсад ва дар бештари мавридҳои дигар то 50 дарсад аст.
Ба гуфтаи вай, бештар корхонаҳои истихроҷ ва тавлиди маъданҳои қиматбаҳои Тоҷикистон бо сармояи ширкатҳои чинӣ бунёд шудаанд. Миқдори умумии ширкатҳои машғули истихроҷи маъдани тилло дар Тоҷикистон 10 адад аст. Аз ҷумла ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -"Зарафшон" дар Панҷакент ва корхонаи истихроҷи тиллои "Покрӯд" дар шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла чунин ширкатҳо мебошанд, ки ба истихроҷу тавлиди тилло машғуланд. Ширкати “Покрӯд” қасд дар соли ҷорӣ то 500 килограмм тилло истихроҷ кунад.
Шавкат Бобозода дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки оё мушкили андозсупории ширкати муштараки "Зарафшон" ҳалли худро ёфтааст ё на, гуфт, ки дар охири соли гузашта ин мушкил ба пуррагӣ ҳалли худро ёфт ва ҳоло ҳукумати Тоҷикистон барои рушди фаъолияти ин корхона кӯмак мекунад. Зимнан, ин корхона дар соли гузашта 3,3 тонна тилло тавлид кардааст. Гуфта мешавад, ки муассиси он ширкати чинии Zijing mining барои тавсеаи кори ин коргоҳ дар соли гузашта 306 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол рӯзи 24 январ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли гузашта захираи тиллоии Тоҷикистон 37 дарсад афзоиш ёфта ба 486 миллион доллар баробар шудааст, ки тақрибан барои анҷоми доду гирифти хориҷӣ тақрибан ба се моҳ кофӣ мебошад.
Ҳамчунин маъданҳои қиматбаҳои дигар назири сурб, руҳ ва сурма ба кишварҳои Қазоқистон ва Чин фурӯхта шудаанд. Дар соли гузашта дар Тоҷикистон 3,2 тонна нуқра тавлид шудааст, ки нисбати як соли пеш 200 килограмм зиёд аст. Ҳудуди 98 дарсади нуқраи тавлидшуда дар Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ содир шудааст.