Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди лағви андози аксизии маҳсулоти заргарӣ


Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба давлат пешниҳод дорад, то андози аксизии 5 дарсадӣ дар тавлиди маҳсулоти заргариро лағв кунад.

Зеро ба гуфтаи ин вазорат, дар ҳоли ҳозир бозорҳои дохилии Тоҷикистон пур аз маҳсулоти заргарии бесифату арзони Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ шудааст. Оморҳо низ ҳокист, ки дар ҳоли ҳозир 95 дарсади маҳсулоти заргарии бозорҳои дохилиро тавлидоти заргарии кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳад.

Лағви андоз заргарии ватаниро рушд мебахшад

Ба ин далел, вазорати энержӣ ва саноат бар ин бовар аст, ки дар сурати лағви андози аксизии 5 дарсадӣ, бахши тавлидоти заргарии ватанӣ рушд хоҳад кард. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон ва раҳбарони корхонаҳои заргарӣ, роҳандозии андози аксизӣ дар истеҳсолоти заргарӣ, ки даҳ соли қабл иштибоҳан дар кодекси андоз ворид шуда буд, боиси эҷоди монеа дар рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ шудааст. Зеро дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон дар тавлиди маҳсулоти заргарӣ андози аксизӣ ҷорӣ карда нашудааст. Баръакс бархе аз кишварҳо дар ин ҷода ба истеҳсолкунандагон имтиёзҳо қоиланд. Ба ин далел, ки тавлиди маҳсулоти заргарӣ танҳо ба истеҳсолкунандагони ҷавоҳирот зарар дорад, на балки барои харидорон ва ё муштариён.

Зайдулло Саидов тоҷири саршинос, ки корхонаи заргарӣ дорад, дар бораи аҳамияти лағви андози аксизӣ барои рушди арсаи заргарии Тоҷикистон мегӯяд:
«Яке аз монеаҳои рушди заргарӣ ҳамин андоз аст. Корхонаҳои заргарӣ ба ин далел натавонистанд бо зарфияти комил кор кунанд, зеро ба изофаи ин андоз, ҷавоҳироти истеҳсолшуда дар корхонаҳои ватанӣ бо ҷавоҳироти арзону пастсифати хориҷӣ рақобат карда наметавонад. Ва агар ин андоз лағв шавад, ин бахш рушд карда ҷойҳои кории нав пайдо шуда ба буҷаи давлат оидоти бештар ворид хоҳад шуд.»

Ба гуфтаи Зайдулло Саидов ва дигар раҳбарони корхонаҳои заргарӣ, монеа ё мушкили дигар дар рушди ин бахш, даст наёфтани корхонаҳои заргарӣ ба хариди ками миқдори тилло ва нуқраи ватанӣ аст.

Корхонаҳои ватанӣ тавони хариди тилоро надоранд

Барои фурӯш ба ҳаҷми калон аз 13 то 15 килограм ироа мешавад. Дар ҳоле, ки ҳеҷ як корхонаи заргарӣ тавони якбора харидани ин миқдор тилоро надорад.

Зайдулло Саидов дар ин бора афзуд: «Мо ҳамеша мегӯем, ки як ширкати заргарӣ тавони хариди 13-15 килограм тилоро надорад. Ва пешниҳод мекардем, ки давлат як корхона ё як ширкати давлатӣ ва ё вазорати молияро муваззаф кунад то тило ва нуқраро дар ҳаҷми кам ба қолаб бирезанд ва ин маҳсулот дар мағозаҳои махсус ба фурӯш гузошта шавад, то ширкатҳои заргарӣ тавонанд миқдори ба худ зарурии тило ва нуқраро барои тавлиди ҷавоҳирот бихаранд.»

Ин дар ҳолест, ки яке аз ин гуна корхонаҳо, корхонаи «Востокредмет» дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва ин корхона ҷуз тавлиди сувинерҳо, ба тавлиди сабиқаҳои тилоӣ ва нуқрагӣ машғул аст. Мақсадуло Ҷаъфаров, муовини раиси корхонаи «Востокредмет» дар гуфтугӯ бо РО гуфт :

«Мо соли гузашта ба истеҳсоли сабиқаҳои тилоӣ ва нуқраӣ аз 200 грам то 50 ва 100 грам тилову нуқраи холиси 9999 шурӯъ кардем ва ин сабиқаҳои тилоӣ ва нуқрагӣ дар мағозаҳои ширкатии мо дар шаҳрҳои Хуҷанд ,Чкаловск, Конибодом ва Истаравшан фурӯхта мешавад. Ва қимати ин сабиқаҳо баробар ба қимати бозори ҷаҳонӣ аст.»

Вай гуфт, ҳар кас метавонад сабиқаҳои харидаи худро бифурӯшад ё дубора об карда ҷавоҳирот бисозад. Ҷаноби Ҷаъфаров гуфт, ки тасмим доранд мағозаи ширкатии худро дар Душанбешаҳр низ фаъол кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон бар онанд, ки фурӯши сабиқаҳои тило ва нуқра наметавонад мушкили корхонаҳои ҷавоҳиротро таъмин кунад, зеро ин корхонаҳо на ба 50 ва 100 грамм тило ва нуқра ниёз доранд, балки ниёзи онҳо аз як килограм бештар аст, вале фурӯши 1 кило ва ним кило тило то ба ҳол дар Тоҷикистон роҳандозӣ нашудааст.

Вале аз сӯи дигар ба гуфтаи ҳамин таҳлилгарон, сабиқаҳои тило ва нуқра метавонад бозори хонаводагии ҷавоҳиротро тавсеа бидиҳад, ки аз фаъолияти онҳо ба буҷа даромад ва ё оидоте ворид намешавад. Ба эътиқоди ин коршиносон, андози аксизии 5 дарсадӣ ба хонаводаҳои заргарони авлодӣ имкон намедиҳад, ки қонунӣ фаъолият кунанд.

Заргарии авлодӣ рушд мехоҳад

Бино ба иттилои дарёфтӣ, танҳо дар шаҳри Душанбе ҳазор хонаводаи заргарони авлодӣ ба истеҳсолӣ ғайри қонунии ҷавоҳирот машғуланд, ки аз сӯи коршиносон як бахши бозори сиёҳ талаққӣ мешавад, ҷузъ он ки ҳамчунин хонаводаҳои заргарони авлодӣ дар Хуҷаанд, Уротеппа ва Истаравшану дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафари дигарро ташкил медиҳанд. Ба далели ҷилавгирӣ аз тавсеаи бозори сиёҳ дар бахши заргарӣ, раҳбарони корхонаҳои заргарӣ зарурати лағви андози аксизии 5 дарсадиро муҳим медонанд.

Ба гуфтаи Зайдулло Саидов, тоҷири Душанбешаҳр, агар ин андоз лағв шавад, корхонаҳои заргарии Тоҷикистон метавонанд маҳсулоти худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза кунанд. Ва дар ин бахш сармояҳои зиёди хориҷӣ ба Тоҷикистон сарозер шавад.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 2400 килограм тило истеҳсол шуда ва ҳудуди 1791 килограми он ба фурӯш рафтааст. Ҳамчунин ҳудуди 360 килограми онро вазорати молия ва беш аз 860 килограми онро Бонки Миллӣ харидаанд. Аммо корхонаҳои заргарӣ танҳо ҳудуди 10 килограми тилои тавлиди дохилиро харидорӣ кардаанд, ки ин миқдор талаботи ин корхонаҳоро таъмин карда наметавонад.
XS
SM
MD
LG