Дар Тоҷикистон мисли аксар гӯшаҳои дигари ҷаҳон рӯзи 14 феврал иди ошиқон таҷлил мешавад. Дар ҳоле ки бахши муҳофизакори ҷомеа ба “бегона” ва “ғайриахлоқӣ” будани ин ҷашн таъкид мекунанд ва қишри дигари ҷомеа ғолибан бетафовут аст, аксар ҷавонони шаҳрҳои Тоҷикистонанд, ки ин идро баҳонае барои табрики дилдодаҳои худ медонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз рӯи мушоҳидаҳо, пай бурдан мумкин аст, ки тарафдорони таҷлили ин ид дар Тоҷикистон кам нестанд.
Як пурсиши фаврии маркази “Z-Analytics Group” дар Тоҷикистон, ки аз 7 то 13 феврал дар миёни 221 корбари интернет баргузор шудааст, мегӯяд, ки 67 дар сади пурсидашудагон огоҳии худро аз ин ҷашн хуб баҳогузорӣ карданд. Ҳар нафари севуми пурсидашуда гуфтааст, ки мехоҳад дар ин рӯз ба нафари дӯстдоштааш тӯҳфае тақдим кунад.
Сеяки дигар мехоҳад тӯҳфа кунад, вале шароит надорад. Чоряки пурсидашудагон қотеона гуфтаанд, ки аслан дар фикри тақдими ҳадя нестанд. Аксари мардҳо гуфтаанд, ки барои дӯстдоштаҳои худ гулдаставу як шоми хубе дар тарабхона тақдим мекунанд. Занҳо бошанд, аксаран тӯҳфаи “валентинка”, сару либос ё атрро ба нақша гирифтаанд.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки пурсиши мазкур танҳо дар байни истифодабарандагони интернет гузаронида шуда, дар он аксаран бошандагони шаҳри Душанбе иштирок кардаанд. Пурсиши мазкур сатҳи буда, натиҷаи он набояд ба ақидаи сокинони тамоми ҷумҳурӣ рабт дода шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қишри муҳофизакори ҷомеаи Тоҷикистон ба Иди ошиқон назари интиқодӣ дорад. Вале аз он, ки ин мавзӯъ дар сӯҳбат бо аҳли уламои Маркази исломии Тоҷикистон матраҳ шудааст, маълум мешавад, ки худи сабаби мавҷудияташ мавриди таваҷҷӯҳи бархе гурӯҳҳо будааст.
Аз ҷумла, нафаре дар як пурсиши худ ба мутахассисони ин марказ суол кардааст, ки то куҷо “таҷлили иди ошиқон дуруст аст”? Ба ин савол аз санаи 8 феврал таҷлили ин ид ба унвони “ғайриисломӣ” ва мухолиф бо “аҳкоми шариат буданаш аз назари муоширати бе никоҳ”, манъ эълон шудааст.
Аз ҷумла, дар посухи Маркази исломии Тоҷикистон, ки ниҳоди давлатии содиркунандаи фатво маҳсуб мешавад, чунин омадааст: “Дар дини мубини Ислом ду ид аст, илова бар ин ҳар рӯзе, ки инсон дар он гуноҳ
намекунад, он рӯз низ ид аст. Иди ошиқон ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад, зеро шариат муоширати маҳрамонаи бе никоҳро манъ кардааст. Аз нигоҳи дини Ислом, ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан аст».
Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайвандӣ дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.
Рӯзи қатли ӯ - 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо, император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.