Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба таҷлили "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон (5 АКС ва ВИДЕО)


Шуморе аз ҷавонони тоҷик ба таҷлили Иди Валентин омодагӣ мегиранд. Аммо мухолифони ин "Рӯзи ошиқон" низ дар Тоҷикистон кам нестанд.

Агар 10 соли пеш ҷавонони тоҷик санаи 14-февралро ҳамчун “Рӯзи ошиқон” ё “Рӯзи Валентин” асосан аз интернетҳо мехонданд, имрӯз шуморе аз онҳо ин рӯзро интизорӣ мекашанд ва ба дӯстдоштаҳояшон дар Рӯзи Валентин тӯҳфаҳои ошиқона тақдим мекунанд.

Мадина Абдуллоева, як духтари 22-сола аз вилотяи Суғд ҳарчанд дар ин рӯз ҳамагӣ як бор аз дӯстдоштааш изҳори ошиқонаи дӯстписарашро шунида ва ҳадяи рамзӣ гирифтааст, ҳарсол ба ёди он хотираи ширин рӯзи ошиқонро бесаброна интизорӣ мекашад. “Ба Валентини муқаддас ташаккури зиёд мегӯям, ки бо ҷасорати хеш ҳарчанд пинҳонӣ бошад ҳам ба дарди дили ошиқон дармон шуда, онҳоро ба висоли ҳамдигар расондааст. Ман ин рӯзро ба он хотир дӯст медорам, ки ман ҳам дил дорам,”- мегӯяд Мадина

Аммо як духтар, ки худро Фариза Муҳаббатова муаррифӣ кард, мегӯяд, “ман алҳол аз дарс омада истодаам ва ҳамеша фикру ёди ман ба дарс банд аст ва як бор солҳои гузашта ман низ дар ин рӯз тӯҳфа гирифта будам. Аммо аз он тӯҳфа хушҳол набудам, чунки намехостам ва ҳамин тур ман дигар ягон сол интизори “Рӯзи ошиқон” нестам”.

Имсол рӯзи 14 феврал иддае аз ошиқонро дар тарабхонаҳои "Бохтариён" ва "Тоҷикистон" сюрпризҳои ғайричашмдошт низ интизор аст. Чунки масъулони ин тарабхонаҳо азм доранд, ки бо иштироки ҳунармандони шинохта ва бо бозиҳои бурднок табъи ошиқонро болида гардонанд.

Рухсора Сангинова, коргузори тарабхонаи "Бохтариён" мегӯяд: “Аслан иштироки гурӯҳи ҳунарии "Авесто" ва ҳунарнамоии раққосаҳои тарабхонаи мо дар ин базми шомиёна худ як тӯҳфаи олист, аммо мо нақша дорем, ки махсус барои меҳмонон як намуди хӯрок бо номи “Дастархони хоксорона”-ро ташкил кунем. “Дастархони хоксорона” айни ҳамон таъомест, ки дар Бразилия омода мекунанд ва шарти хӯрдани он чунин аст, ки бо як маблағи муайян ҳар қадаре, ки мехоҳанд, тановул мекунанд”.

Ташкилкунандагони ингуна чорабинӣ дар тарабхонаи "Тоҷикистон" тибқи як бозии махсус мехоҳанд ду нафар ҷуфти ошиқро ба як мизи махсусе бинишонанд, ки тамоми хӯришу нушокиҳо ва хизматрасонӣ ройгон аст.

Зафар Абдуалимов, овозхон ва яке аз тишкилотчии ин шоми ошиқона мегӯяд: “Ин базм бо хоҳиши зиёди ҳаводорони “Рӯзи Валентин” доир мегардад ва ману дигар овозхонҳову ҳунармандон сурудҳои ҷадиди ошиқона махсус барои ин шом омода кардаем”.

Меҳмонону мизоҷони ин тарбхонаҳо дар шоми рӯзи 14 феврал бо 80 сомонӣ ворид мегарданд ва бар замми он барои таъомҳои фармоишдодаашон маблағ месупоранд, аммо бо вуҷуди ин аллакай дӯстдорону муштоқони “Рӯзи ошиқон” аксари мизҳои тарабхонаҳоро банд кардаанд.

Ин вазъ дар шимоли Тоҷикистон ранги дигар дорад ва ду толори бузурги шаҳри Хуҷанд “Кохи Рӯдакӣ” ва “Қасри Ҷавонон” бо барномаҳои бузурги консертии овозхонҳои ҷавон аксаран чиптаҳои воридшавандаро ба ошиқон фурухтаанд.

Иномҷон Иброҳимов, сардори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ мегӯяд: “Ҳарчанд, ки дар Тоҷикистон ин ҷашн расман таҷлил намегардад, вале мо хоҳишу ташаббуси худи ҷавонон иҷозат додаем, ки барномаҳои консертӣ доир намоянд”.

Мағозаҳои гулфурушиву ҳадяфурӯшии шаҳри Душанбе низ пур аз тӯҳфаҳои ошиқона ва пур аз харидорони ба истилоҳ “ошиқ” ҳастанд. Фурӯшандагони ин мағозаҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз хариди маҳсулоташон изҳори қаноатмандӣ карданд ва зикр доштанд, ки талабгорони тӯҳфаҳои ошиқона бо наздик шудани рӯзи ошиқон зиёд шуда истодаанд.

"Рӯзи ошиқон" ба зиндагиии ҷавонони Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сол пеш ворид шуд, вале дар ҷомиаи аксаран суннатгарои ин кишвар мухолифони зиёде ҳам дорад. Аҳли наазар мегӯянд, ба сурати умум зарурате ба чунин ид барои қишри ҷавон вуҷуд дорад. Дар расонаҳо баҳсҳое ба миён омада буд, ки расми тӯҳфа ба дилдодагон як ҷузъи иди Наврӯз бошад, аммо ин ақида ҳам буд, ки дар кишвар Рӯзи Лайлӣ ва Маҷнун таъсис ёбад.

Дар сартосари дунё рӯзи "Валентин" бо харҷи зиёд таҷлил мешавад. Масалан, соли 2012 дар Амрико харҷи умумии аҳолӣ дар ин ид бештар аз 17 миллиард долларро ташкил додааст. Ошиқон дар он ҷо ба якдигар бештар тӯҳфаҳои гаронарзиш тақдим мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҷавонон рӯзи ошиқонро маъмулан бо ягон даста гули садбарг, корти табрикӣ ва тӯҳфаи хотирмон ҷашн мегиранд. Ҷавонони доротар ҳамроҳи дӯстдоштаҳои худ ба тафреҳгоҳҳо мераванд.

Аммо дар Тоҷикистон мухолифони ҷашни рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон низ кам нестанд. Афроди мазҳабӣ мегӯянд, сокинони Тоҷикистон аз таърихи ин ид хабар надоранд. Ба қавли онҳо, агар ҷавонони тоҷик аз хусусияти динӣ доштани рӯзи ошиқон огоҳ шаванд, аз ҷашнгирии он даст хоҳанд кашид. Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайвандӣ дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.

Рӯзи қатли ӯ - 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо, император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Рӯзи ошиқон (14 феврал)-ро интизорӣ мекашед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

XS
SM
MD
LG