Назарҳо дар мавриди таҷлили Рӯзи ошиқон ё рӯзи Валентин дар водии Вахши вилояти Хатлон мухталиф аст. Иддае мегӯянд, ки таҷлили Рӯзи ошиқон гуноҳ аст ва иддае дигар тибқи бовар ва хостаҳои худ аз рӯзи ошиқон ҷашн мегиранд.
Гулрухсору Баҳодур - зану шавҳар аз деҳаи Ваҳдати ноҳияи Бохтар - дар Рӯзи ошиқон ба шаҳри Қӯрғонтеппа омада, барои якдигар тӯҳфа хариданд ва қарор гузоштанд, бидуни бачаҳо имрӯзро таҷлил кунанд. Гулрухсори 30-сола мегӯяд, чун ҳаво боронӣ буд, онҳо пиёда барои хариди тӯҳфа рафтанд.
"Дар деҳаи мо мегӯянд, ҷашни Рӯзи ошиқон гуноҳ аст"
Гулрухсор рӯзи 14-уми феврал гуфт, "ҳар сол ҳамроҳи шавҳарам Рӯзи ошиқонро ҷашн мегирем. Рӯзи беҳтарин аст. Кӯдакҳоро дар хона мондем ва бо шавҳарам сайру гашт дорем. Тӯҳфаҳои хотиравӣ харидем. Хеле хушбахт ҳастам, ки шавҳарам маро ба сайругашт мебарад."
Баҳодур мегӯяд, хуб медонад, ки назари атрофиён, бахусус дар деҳот нисбат ба таҷлили Рӯзи ошиқон дигар аст. Вале ӯ ҳамроҳи ҳамсараш қолабҳоро шикаст ва бар хилофи гуфтаҳои атрофиёнаш амал кард. "Ҳар дафъа рӯзи ошиқонро ҷашн мегирам. Вале дар деҳа, онҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, мегӯянд, ҷашни Рӯзи ошиқон гуноҳ аст", - гуфт ӯ.
Водии Вахш дар ҷануби Точикистон як минтақае мебошад, ки мардумаш назар ба манотиқи дигари кишвар суннатӣ ҳастанд. Таҷлили идҳое, мисли Рӯзи Валентин, Соли нав ва идҳои ғайри мазҳабиро бидъат медонанд ва на ҳама ҷашн мегиранд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зоҳиршоҳ, сокини бистсолаи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар Рӯзи Валентин ё ошиқон зоҳиран ҳеч ташвиш надорад. Ӯ барои як мусобиқаи варзиши омодагӣ мегирад. Чун мегӯяд, барояш аҳамият надорад, ки чӣ рӯз аст: "Ман ягон сол аз Рӯзи ошиқон таҷлил накардам ва нахоҳам кард."
"Ин рӯзро интизор мемонам"
Ҳарчанд ин ҷавон мегӯяд, таҷлили иде ба фарҳанги онҳо бегона муҳим нест, аммо Аноргули 55-сола, ёд дорад, ки дар 20-солагияш ба ӯ атру рӯимол додаанд ва тӯҳфаи навбатияшро шаби 13 ба 14-уми феврал аз як шиносаш гирифтааст: "Мегӯянд, ки гуноҳ асту иди мо нест. Вале ман розӣ нестам. Дар ҷавониям тӯҳфаҳои зиёд мегирифтам, ҳоло низ тӯҳфа гирифтам. Рӯзи ошиқонро ҷашн мегирам ва мунтазир мемонам."
Рӯзи ошиқон, ки шаҳри Қӯрғонтеппа боронӣ аст, ҷуфтҳои ҷавон хело кам зоҳир мешуданд. Ҳастанд ҷавононе, ки даст ба дасти ҳамдигар, аммо дар назди наворбардор сӯҳбат кардан намехоҳанд.
Анвар, як гулфурӯш дар Қӯрғонтеппа низ саргарми кор аст. Вай мегӯяд, ба фарқ аз 3 соли пеш бозораш гарм аст ва харидораш низ аксаран ҷавононанд. "Ҷавонон омада, садбарги ҳолландӣ мегиранд. Дар гузашта Рӯзи ошиқонро хеле кам ҷашн мегирифтанд, ҳоло ин рӯз хуб ҷашн гирифта мешавад", - мушоҳидаҳояшро баён кард ӯ.
Дар Душанбе ҳам аз Рӯзи ошиқон таҷлил карданд:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо ин вуҷуд, дар Тоҷикистон мисли аксар гӯшаҳои дигари ҷаҳон рӯзи 14-уми феврал иди ошиқон таҷлил мешавад. Дар ҳоле ки бахши муҳофизакори ҷомеа ба “бегона” ва “ғайриахлоқӣ” будани ин ҷашн таъкид мекунанд ва қишри дигари ҷомеа ғолибан бетафовут аст. Аксаран ҷавонони шаҳрҳои Тоҷикистонанд, ки ин идро баҳонае барои табрики дилдодаҳои худ медонанд.
Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайвандӣ дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд. Рӯзи қатли ӯ - 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид.
Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо, император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс, ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.