Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи таблиғи "Рӯзи ошиқон" дар Покистон


Идораи танзими расонаҳои электронии Покистон маъруф ба PEMRA ба расонаҳои он кишвар ҳушдор додааст, ки аз таблиғу тарвиҷи Рӯзи ошиқон ё Valentine Day худдорӣ варзанд. Як сол пеш як додгоҳи маҳаллӣ дар он кишвар баргузории таҷлил аз ин рӯзро дар ҷойҳои умумӣ манъ карда буд.

Идораи танзими расонаҳои электронии Покистон дар паёми худ дар Твиттер рӯзи 7-уми феврал гуфт, ки мамнуияти гузашта бар ҷояш боқист ва аз расонаҳо хост, ки аз таблиғи ин маросим даст бикашанд.

Додгоҳи Исломобод дар моҳи феврали соли гузашта монеи баргузории маросимҳои Рӯзи ошиқон дар маконҳои умумӣ ва дафтарҳои ҳукуматӣ дар саросари Покистон шуд. Ин додгоҳ ба расонаҳо низ дастур дод, то дар ин мавзуӯъ ҳеҷ гуна матолиб нашр накунанд ва аз таблиғи ин рӯз худддорӣ варзанд.

Мамнун Ҳусайн, раиси ҷумҳури Покистон дар соли 2016 аз мардуми ин кишвар, ки аксарияи онро мусалмонон ташкил медиҳанд, хост, ки аз Рӯзи ошиқон таҷлил накунанд. Мамнун Ҳусайн гуфта буд, ин расми мусалмонон на, балки аз ғарбиҳо аст. Ба гутфаи ӯ, Рӯзи ошиқон ҳеҷ пайванде бо фарҳанги онҳо надорда ва бояд аз он ҷилавгирӣ шавад.

Дар Тоҷикистон мисли аксар гӯшаҳои дигари ҷаҳон рӯзи 14 феврал иди ошиқон таҷлил мешавад. Дар ҳоле ки бахши муҳофизакори ҷомеа ба “бегона” ва “ғайриахлоқӣ” будани ин ҷашн таъкид мекунанд ва қишри дигари ҷомеа ғолибан бетафовут аст, аксар ҷавонони шаҳрҳои Тоҷикистонанд, ки ин идро баҳонае барои табрики дилдодаҳои худ медонанд.

Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайвандӣ дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд. Рӯзи қатли ӯ - 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид.

Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо, император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

XS
SM
MD
LG