Вакили рус аз муҳоҷирон мехоҳад, бо ӯ ба ҷанг раванд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як вакили мардумии Русия ошкоро аз муҳоҷирон даъват дорад, ки ба ҷанг дар Украина бираванд. Ӯ рӯзи 6-уми январ бо нашри видео дар Телеграм гуфт, муҳоҷирон аз ину он шикоят мекунанд, аммо ҳеч майле надоранд, ки ба Украина рафта, барои Русия "ҷоннисорӣ намоянд".