"Вагнер" беш аз 48 ҳазор зиндониро аз Русия ба ҷанг дар Украина бурдааст

Акс аз бойгонӣ

Таҳқиқоти нави "Медиазона" ва Бахши русии Би-би-сӣ маълум карда, ки ширкати муздурии "Вагнер" дар солҳои 2022-2023 зиёда аз 48 ҳазор нафарро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина бурдааст.

"Беш аз 17 ҳазор зиндонӣ дар набардҳо барои Бахмут (2023) кушта шудаанд," – навиштанд таҳқиқгарони ду расона рӯзи 10-уми июн.

Ба иттилои ҳамин манобеъ, гурӯҳи низомии "Вагнер" аз моҳи июли соли 2022 ба ҷалби маҳбусон ба ҷанг оғоз карда буд.

То оғози ҷанг дар Украина гуфта мешуд, ки дар зиндонҳои Русия ҳудуди даҳ ҳазор тоҷикистонӣ маҳбусанд. Омори расмие дар даст нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо ба ҷанг бурда ва дар онҷо кушта шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо як дафъа тасдиқ кард, ки аз як зиндони Русия ҳудуди сад тоҷик ба ҷанг ҷалб шудааст. То ин дам дар бораи кушта шудани даҳҳо маҳбуси тоҷик дар ҷанги зидди Украина хабар расид.

Евгений Пригожин

Евгений Пригожин, мудири пешинаи ширкати муздурии “Вагнер”, моҳи августи соли 2023 ҳангоми афтодани ҳавопаймо дар роҳ ба Санкт-Петербург ба ҳалокат расид.

Ошӯби Пригожин ба зидди фармондеҳони баландрутбаи Русия ду моҳ пеш аз ҳодиса шубҳаву гумонҳоро дар атрофи марги ӯ бештар кард. Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд.

Қаблан наворҳое нашру паҳн шуданд, ки раҳбари пешинаи ширкати муздурӣ, Евгений Пригожин, шахсан ба зиндонҳо рафта, бо ваъдаи пул ва раҳоӣ маҳбусонро ба ҷанг дар Украина даъват мекард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Зиндонҳои холии Русия. Маҳбусон куҷо шуданд?"Агар ба Тоҷикистон набаред, ба ҷанг мебаранд." Дархости тоҷикони зиндонӣ дар Русия. ВИДЕО"Хиёнат", "хато" ё "ҷудоӣ"? Радду бадали Путин ва Пригожин. ВИДЕО"Онҳоро барои мурдан мефиристанд" ВИДЕО"Тоҷикон ҳам номнавис карданд." 23 ҳазор кас аз зиндонҳои Русия куҷо шуданд?