Фишори мақомот, шиносномагирии биометрӣ ва муҳоҷират ба Русия шаҳрвандони Ӯзбакистонро маҷбур мекунанд, ки аз нав рӯ ба насабҳои русӣ оваранд.
Баъд аз бист соли эҳёи насабҳои миллӣ шаҳрвандони Ӯзбакистон маҷбур шудаанд, ки ба шакли русии номҳои хонаводагӣ баргарданд. Онҳо шикоят мекунанд, ки шӯъбаҳои сабти аснод барояшон иҷоза намедиҳанд, ки аз номҳое мисли «Юсуфий», «Юсуфзода» ё иловаҳое чун «уғлӣ», «қизӣ» ва «ибн» истифода кунанд.
Яке аз онҳо ба Бахши ӯзбакии радиои «Озодӣ» занг зада, гуфтааст, худаш Юсуфий аст, аммо кормандони шӯъбаи сабти аснод аз ӯ талаб доранд, ба писари навзодаш насбаи «Юсуфов»-ро диҳад. «Ин чӣ хел мешавад, ки ман Юсуфий ҳастам ва писарам Юсуфов мешавад? Қонуни забони давлатӣ чӣ мешавад?» -- гуфтааст ӯ.
Кормандони чанде аз шӯъбаҳои сабти аснод дар Тошканд, Фарғона, Ҷиззах ва Намангон ба радиои «Озодӣ» гуфтаанд, аз мақомоти «болотар» дастур гирифтаанд, ки номҳои хонаводагии русиро эҳё кунанд. Яке аз онҳо ҳамчунин гуфтааст, ки ин талаботи Қонуни забони давлатии Ӯзбакистон аст: «Агар Шумо Юсуфов бошед, бачаатон ҳам Юсуфов мешавад. Юсуфий гуфтанӣ гап вуҷуд надорад, ака. Нест ин хел гап. Қонуни забони давлатӣ, ки соли 1989 қабул шудааст, ҳаминро талаб мекунад», -- гуфтааст мудири яке аз шӯъбаҳои сабти аснод дар Тошканд.
Ин дар ҳолест, ки бино бар банди 25-и қонуни мазкур, «шаҳрвандони Ӯзбакистон қатъи назар аз мансубияти миллӣ ҳақ доранд, номи худ, номи падар ва фамилияи худро мувофиқи анъанаҳои миллӣ нависанд.»
Хабарнигори Бахши ӯзбакии радиои «Озодӣ», Фаррух Юсуфӣ мегӯяд, кормандони шӯъбаҳои сабти аснод дар Ӯзбакистон қонуни забонро хуб намедонанд ва ҳатто ӯро ҳангоми таҳияи зодномаи духтарчааш водор кардаанд, ки насаби худро «Юсуфов» кунад, зеро ба ақидаи онҳо «Юсуфов» ӯзбакист, аммо «Юсуфий», на.
Дар бораи сабаби бозгашт ба насабҳои русӣ ҷаноби Юсуфӣ мегӯяд: «Ба ақидаи кормандони шӯъбаҳои сабти аснод, зодномаҳое, ки дар онҳо номҳо бе «ов»-у «ев» ва «вич» навишта шудаанд, ҳангоми гирифтани шиносномаҳои биометрӣ мушкил пеш меомадааст. Ҳол он ки дар ин шиносномаҳо ҷои ном ва номи хонаводагӣ мушаххасанд. Намояндаи Вазорати адлияи Ӯзбакистон гуфт, фамилияҳои ӯзбакӣ ҳангоми сафари шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, махсусан Русия, мушкил ба миён овардаанд. Барои ҳамин гӯё зарур аст, ки шакли русии насабҳо эҳё шавад. Вале охир, ба Русия аз Арабистон ё Эрону кишварҳои дигар низ одамон сафар мекунанд ва номи онҳо низ «ов»-у «ев» ё «вич» надоранд.»
Ҳамзамон сардори раёсати шӯъбаҳои сабти аснод дар Вазорати адлияи Ӯзбакистон ба Бахши ӯзбакии радиои «Озодӣ» гуфтааст, агар падару модарон исрор варзанд, бояд номи кӯдаки онҳо дар санадҳо ба шакли дилхоҳашон навишта шавад. Аммо ҳушдор додааст, ки ин волидайн баъд аз чанде, вақти шиносномагирии фарзандонашон дигарбора муроҷиат хоҳад кард, ки насаби пешинаи онҳо барқарор шавад.
Зоҳиран, дар Ӯзбакистон ҳолате такрор мешавад, ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон рӯ зада буд. Барои намуна танҳо нимаи аввали соли 2011 зиёда аз 6000 шаҳрванди Тоҷикистон аз шакли миллии навишти номҳои хонаводагӣ даст кашида, ба шакли русии онҳо бартарӣ доданд. Онҳо гуфтаанд, ки пасвандҳои насабсози русӣ ба иқомат ва корашон дар Русия мусоадат ва ҳатто муносибати беҳтари маъмурони давлатии ин кишварро таъмин мекунад. Ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Русия, солона аз Ӯзбакистон то дуним ва аз Тоҷикистон якуним миллион нафар дар ҷустуҷӯи кор ва даромад ба Русия сафар мекунанд.
Фароянди эҳёи номҳои миллӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар соли 1989 бо қабули қонунҳои забон оғоз ёфт. Соли 2007 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз пасванди «ов» дар номи хонаводагии худ даст кашид. Бархилофи пешгӯиҳо ин тағйир ба густариши номҳои миллӣ дар кишвар сабаб нагашт. Пас аз ҳафт соли дигар Додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, изҳори нигаронӣ кард, ки тарафдорони шакли русии насабҳо ба маротиб бештар шуда, насли ҷавон табдили насаб мекунанд. Даъвати ӯ ба эҳёи насабҳои миллӣ таҳрик дод, вале ин ҷунбиш дар доираи мансабдорони баландпоя монда, мардуми оддие, ки ризқи худро бештар дар Русия меёбад, ҳамоно ба шакли русии насаби худ бартарӣ медиҳад.