Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангинии пасвандҳои русӣ


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ташаббуси президенти Тоҷикистон, ки номи хонаводагияшро аз "Раҳмонов" ба "Раҳмон" бадал кард, дар миёни мардуми кишвар густариш наёфт.

Бо гузашти тақрибан 7 моҳ аз иқдоми Эмомалии Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди хориҷ кардани пасванди русии "-ов"-у "-ев" аз исми хонаводагиаш , ин ибтикор дар ҷомиаи Тоҷикистон ба таври ғайримунтазира вокуниши густарда пайдо накардааст. Ин дар ҳолест,ки интизор мерафт ба думболи президент Раҳмон, соири мансабдорони зинаҳои мухталиф ва ҳамин тавр мардуми оддӣ ҳама ба сӯи идораҳои сабти аҳвол мешитобанд ва исми хонаводгии худро тағйир медиҳанд.

Аммо Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали соли ҷорӣ то кунун танҳо 98 шаҳрванд ба табдили насаби худ иқдом кардаанду халос. Тазод ин ҷост, ки дар ҳамин ҳол,75 нафари онҳо дубора ба қолабҳои пешини русӣ даровардани ному насаби худро тақозо кардаанд. Аксари онҳое, ки барои баргардонидани пасвандҳои русӣ ба ному насаби худ ба ниҳодҳои дахлдор карданд, гуфтаанд, ки доштани пасвандҳои русӣ барои таҳсил ва кори онҳо дар Русия кӯмак менамояд ва ҳатто, муносибати маъмурони давлатии ин кишвар низ нисбат ба онҳо каме нармтар мешавад. Ва баракс, ному насабҳои ғайрирусӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони корӣ дар Русия як дарди сари зиёдатӣ буда, чандин мушкилро дар пай доштааст.

Як ҷавони тоҷик,ки дар Русия зиндагӣ ва кор дорад, мегӯяд, бо ному насаби тоҷикӣ дар Русия гаштан барои шаҳрвандони Тоҷикистон кори саҳлу соддае ҳам нест. “Мушкилоти асосии ин аст,ки дар корхонаҳои давлатӣ ва ё корхонаҳои хусусӣ онҳоро маҷбур менамоянд,ки шиносномаҳои худро дар нотариус тарҷума кунанд. Баъзе аз миллатгароёни шаддиде,ки ҳуҷҷатҳоро бояд қабул кунанд,бо ҳар баҳонае, аз қабили надоштани тарҷумаи русӣ ва ё ба ҳамин монанд,шиносномаҳояшонро қабул намекунанд. Ва ин аст,ки муҳоҷирони тоҷик наметавонанд барои худ кори хуб пайдо кунанд.”

Аз ҷониби муҳоҷирони тоҷики Русия ба насабҳои худ дубора барандохтани пасвандҳои рӯсӣ дар ҳоле сурат мегирад,ки коршиносон мегӯянд,то имрӯз дар насбаҳои шумори зиёди мардуми Тоҷикистон пасвандҳои русии –еву -ов-ҳамроҳ аст.Зеро ба қавли онҳо барои табдили ному насаб аз сӯи масъулони идораҳои сабти асноди Тоҷикистон, ба истилоҳ қоғазпаронии зиёд мешавад ва маблағи ҳангуфт низ тақозо мегардад.

Дар ҳамин ҳол Савринисо Қурбонова корманди вазорати додгустарии Тоҷикистон гуфт, дар муқоиса бо замони собиқ шуравӣ ҳоло табдили насаб ба маротиб осонтар гаридадааст. Ба қавли хонум Савринисо нафароне,ки хоҳиши барангехтани пасвандҳои русиро аз ному насаби худ доранд,бояд ба ниҳодҳои зиррабт чунин асноди заруриро пешниҳод кунанд. “Ба ҷуз аз шаҳодатномаи таваллуд бояд ариза ва шаҳодатномаи ақди никоҳ пешниҳод шавад.Агар шахси аризадиҳанда фарзанддор бошад, пешниҳоди шаҳодатномаи фарзандонаш низ ҳатмист. Ва ҳамчунин боз дигар маълумотномаҳое, низ ҳаст, ки мудири сабти асноди шаҳрвандӣ онҳоро талаб мекунад.”

Абдураҳмон Хонов, як сокини Душанбе ҳам, ним сол қабл қасд доштааст, насаби худро ба шеваи миллӣ табдил бидиҳад. Ӯ мегӯяд, дар идораи сабти асноди шаҳрвандӣ нахуст аз ӯ як баста ҳуҷҷат талаб намудаанд,ки вақту даводави зиёдеро талаб мекардааст.“Чун ин кори ҳуҷҷатист барои ҳамин вақт ва пули зиёд лозим аст. Ман низ хостам насаби худро тағийр диҳам,аммо чун дидам даводавии зиёдро мехоҳад, қарор додам, ҳоло сабр кунам.”

Бо ин ҳама,бар асоси иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон табдили насаб дар идороти сабти асноди шаҳрвандӣ дар муддати то 3 моҳ анҷом мешавад,ва харҷи он на камтар аз 70 сомониро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG