Сарнавиште аз Сурхондарё
Сироҷиддин Тағоев, сокини вилояти Сурхондарёи Узбекистон, маъюби модарзодист. Бо ёрии асобағал ва ароба ҳаракат мекунад. Ӯ маъюбиро ҳосили никоҳи хешутаборӣ медонад. Мегӯяд, падараш бо духтари аммаи худ оиладор шуда буд.
"Бобоям сабабгори ин издивоҷ шудааст. Ману хоҳари калониям, Ойбаҳор, бо нуқсон таваллуд шудем. Волидонам хешовандони хунӣ буданд," – нақл кард ӯ. Фирӯза ягона фарзанди солими ин оила аст. Ҳамаи онҳо дар ҳавлии падару модар, дар шаҳри Деҳнав, зиндагӣ мекунанд.
Издивоҷ байни хешовандони наздик дар бисёре аз минтақаҳои Узбекистон, бахусус дар зодгоҳи Тағоевҳо дар Сурхондарё ва вилояти Қашқадарё зиёд аст. Мақомоти Узбекистон ин падидаро сабаби тавалуди кӯдакони маъюб дониста, ҳоло мехоҳанд ба он поён диҳанд.
Кумитаи кор бо занон ва оила дар Узбекистон пешнависи тарҳеро нашр карда, аз порлумон хостааст, издивоҷи амаку аммабачаҳоро манъ кунад. Муаллифон мақсуди тарҳро пешгирӣ аз таваллуди кӯдакони маълул донистаанд.
Баъзе аз пажӯҳишҳои байнулмилалӣ ҳам нишон медиҳанд, ки издивоҷи байни хешовандони наздик хатари таваллуди кӯдакони маълулро зиёд мекунад. Тибқи омори расмӣ дар Узбекистон, ҳудуди даҳ дарсади кӯдакони маълуле, ки дар соли 2023 дар ин кишвар ба дунё омадаанд, ҳосили никоҳи хешутаборӣ ҳастанд. Тақрибан аз се як ҳиссаи ин мавридҳо дар Сурхондарё сабт шудааст.
Расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки дар панҷ моҳи соли 2024 аз 6 ҳазору 660 кӯдаке, ки дар Тошканд аз бемориҳои гуногун табобат гирифтанд, ҳудуди 29 дарсад аз издивоҷи амакбачаҳо таваллуд шудаанд.
Баъзе аз волидон розӣ нестанд
Даъватҳо барои маҳдуд кардан ё манъи издивоҷи хешутаборӣ дар Узбекистон дар аввали солҳои 2000-ум шуруъ шуда буданд. Сарфи назар аз ҳушдори пизишкон ва мансабдорон дар бораи бо нуқсон ба дунё омадани навзодҳо ин раванд монд.
Сабоҳатхон Алимова, сокини вилояти Намангон, беш аз 40 сол боз бо писари холааш зиндагии якҷоя дорад. Волидони ӯ низ хешовандони наздики ҳамдигар ҳастанд.
Алимова аслан аз Тоҷикистон аст ва исрор дорад, ки чаҳор фарзандаш “солим ва бе каму кост” таваллуд шуда, ду нафари онҳо бо хешовандон издивоҷ кардаанд. “Бовару муҳаббат дар байни хешовандон бештар аст, талоқ кам. Вақте келин ё домодат хеши ту бошад, медонӣ, ки ҳангоми пиру бемор будан туро нигоҳубин мекунад,” -- гуфт Алимова.
Аммо Сироҷиддин Тағоев, ки ранҷи нуқсони модарзодиро мекашад, бар ин назар аст, ки баҳои никоҳи хешовандони наздикро фарзандон хоҳанд пардохт. "Ба наздикӣ раиси вилояти мо дар интернет навишт, ки "бо хешовандони худ издивоҷ накунед. Дар натиҷа фарзандони Шумо азоб хоҳанд кашид, на Шумо". Вай дуруст мегӯяд. Мардум ҳангоми баррасии издивоҷ бояд дар ин бора фикр кунанд," -- гуфт ӯ.
Сироҷиддин Тағоев ва хоҳараш Ойбаҳор бо душворӣ роҳ мегарданд. Ойбаҳор дар марказе кор мекунад, ки сокинон пули фиристодаи хешовандони худро аз муҳоҷират тавассути ӯ мегиранд.
Тағоев хоҳарашро бо скутере, ки ҳукумати вилояти Сурхондарё ба ӯ додааст, ба кор мебараду ба хона меорад. Ба воситаи он бор ҳам мекашад. Вай ҳамчунин чор гӯсфанд дорад ва сабзавот коридааст, то ҳосил бигираду даромад ба даст орад. Мегӯяд, моҳи гузашта аз фурӯши сабзавот 80 доллар кор кард.
Ҳам Сироҷиддин ва ҳам Ойбаҳор дар кору бори хона ба Фирӯза, хоҳари ягонаи қобили кор дар оила, вобастаанд. “Ҳамаи мо ба душворӣ дучор мешавем. Тамоми кори хонаро ман анҷом медиҳам. Бародару хоҳарам маълул ҳастанд ва ман онҳоро нигоҳубин мекунам,” – гуфт Фирӯза.