Дар ин бора рӯзи 14 декабр Оҷонсии муҳоҷирати Узбекистон хабар додааст.
Дар изҳороти ин ниҳод аз шаҳрвандони Узбекистон, ки барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ даъват мешаванд, тақозо шудааст, ки ӯҳдадориҳои кории худро мутобиқ ба созишнома иҷро кунанд. Дар миёни ҳолатҳои вайрон кардани шартҳои созишномаи кор ҳодисаҳои тарки бесабаби ҷои кор ва ба фаъолияти ғайриқонунӣ рӯ овардани муҳоҷирон ёд шудааст. Мақомоти Узбекистон мегӯянд, чунин муносибат ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ ба квота ё шумори ҷойҳои корӣ дар ин кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Радиои Озодлик менависад, бар асоси мувофиқаҳои бадастомада, шаҳрвандони Узбекистон, ки барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд, созишномаҳои сеҷониба имзо мекунанд. Агар муҳоҷири корӣ бе ҳеҷ сабабе ҷои корашро дар Кореяи Ҷанубӣ тарк кард, шахси кафили ӯ, масалан як хешаш, бояд ҷаримае дар ҳаҷми 2 ҳазор доллар барои ҳар моҳи фаъолияти ғайриқонунии ӯ дар он кишвар пардохт кунад.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Кореяи Ҷанубӣ мӯҳлати тарки ихтиёрии ин кишвар барои он муҳоҷирон аз Узбекистон, ки қоидаи муҳоҷиратро вайрон кардаанд, дароз карда шуд.
Дар Кореяи Ҷанубӣ айни замон 92 ҳазор шаҳрванди Узбекистон расман кор мекунанд ва шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбекистон 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.