Ду рақиби раҳбари собиқи Узбакистон Ислом Каримов дар интихоботи гузаштаи президентӣ барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар дар моҳи декабри имсол тавоноии худро имтиҳон хоҳанд кард.
Ҳизби халқии демократии Узбакистон рӯзи 17 сентябр гуфт, ки Ҳотамҷон Кетмонов – раҳбари ин ҳизб – номзад ба мақоми президент дар интихоботи моҳи декабр пешниҳод шудааст. Аммо номзадии ӯ бояд дар анҷумани 14 октябри ин ҳизб тасдиқ шуда ва баъдан дар Комиссияи марказии интихобот сабт шавад.
Дар оғоз сухан бештар аз эҳтимоли муборизаи се номзад ба курсии президентӣ - Шавкат Мирзиёев, Рустам Азимов ва Рустам Иноятов мерафт.
Кетмонови 47-сола дар интихоботи соли гузаштаи президентӣ дар Узбакистон баробари Ислом Каримов вориди рақобат шуда, вале шикаст хӯрд. Ӯ ва ду ҳамроҳи дигараш, ба гуфтаи масъулони Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон, аз 2 то 3 дарсади раъйи сокинонро ба даст оварда буданд. Он вақт таҳлилгарон гуфтанд, ки Ҳотамҷон Кетмонов зоҳиран барои либоси шаффофу демократӣ пӯшондани интихоботи президентӣ ворид рақобат шуда, ба номаш рақиби алтернативӣ буду бас.
Рақиби дигари Ислом Каримов дар интихоботи гузашта Наримон Умаров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи "Адолат", эълон кард, ки дар интихоботи президентии моҳи декабр дар Узбакистон иштирок мекунад. Дар маҷмуъ, ҳоло чор нафар аз тасмими худ барои иштирок дар интихоботи соли ҷории Узбакистон аз худ дарак додаанд.
Аввалин шуда Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, рӯзи 16 сентябр гуфт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар иштирок хоҳад кард. Ӯ рӯзи 8 сентябр, ҳудудан баъди 5 рӯзи марги Ислом Каримов, президенти худкомаи Узбакистон, раҳбари муваққат интихоб шуд. Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон мегӯяд, ки Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Ҳизби либерал-демократ, бузургтарин ҳизби кишвар ба ин мақом номзад шудааст.
Ниҳоди интихобот, инчунин, эълон кард, ки номзади дигар Сарвар Отамуродов аз тарафи Ҳизби “Эҳёи миллӣ” пешбарӣ шудааст. “Эҳёи миллӣ” яке аз панҷ ҳизби ҳукуматгаро аст, ки дар порлумони доимо якранги Узбакистон ҷой дорад.
Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон рӯзи 9 сентябр эълон кард, ки интихоботи президентӣ дар ин кишвар, 4 декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон бо эълони ин хабар, ҳамзамон аз оғози маъракаи интихоботӣ, иттилоъ дод. Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон мегӯяд, ин ниҳод ва комиссияҳои маҳаллӣ масъуланд, ки интихоботро ба таври шаффоф баргузор кунанд.
Таъини замони баргузории интихоботи президентӣ дар Узбакистон дар ҳолест, ки рӯзи 8 сентябр Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури ин кишвар шуд. Тибқи моддаи 96-и Конститутсияи Узбакистон, дар сурати беморӣ ё даргузашти раҳбари давлат, муваққатан масъулиятҳои раёсати ҷумҳурии ин кишварро раҳбари палатаи болоии порлумон ё сенат ба ӯҳда мегирад. Аммо Неъматулло Юлдошев, раиси палатаи болоии парлумони Узбакистон, номзадиашро пас гирифт.
Дар оғоз сухан бештар аз эҳтимоли муборизаи се номзад ба курсии президентӣ - нахуствазир Шавкат Мирзиёев, вазири молия Рустам Азимов ва раиси Хадамоти амнияти миллӣ ё СНБ Рустам Иноятов мерафт. Ҳоло, эҳтимол музокироту машваратҳои пасипардаӣ дар масъалаи номзади аслии раёсатҷумҳурӣ ҳаллу фасл шудааст ва танҳо баргузории расмии интихобот лозим аст, ки мақоми муваққатии раҳбар ба президенти қонунӣ табдил шавад.
Ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам созмонҳои мудофеи озодии баён Узбакистони аҳди Каримовро борҳо барои набуди шаффофият, тамаркузи қудрат ва нақзи муқаррароти демократӣ танқид карда ва то ҳол ягон интихоботи Узбакистон аз ҷониби нозирони байналмилалӣ озод ва одилона арзёбӣ нашудааст. Ислом Каримов, раиси ҷумҳури 78-солаи Узбакистон, рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт. Вай 27 соли охир раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дошт.