Асноде, ки дар Фаронса рӯ задаанд, Гулнора Каримова, духтари президенти Узбакистонро бо гурӯҳи қаллобон пайванд медиҳанд.
Дар Фаронса як силсила ҳуҷҷатҳое кашф шуданд, ки бино бар онҳо Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов бо як соҳибкор узбак , ки бо иттиҳоми пулшӯйӣ дар Швейтсария боздошт шудааст, бизнеси муштарак доштааст.
Имзои Каримова ва Алишер Эргашев, яке аз раҳбарони ширкати “Coca-Cola Uzbekistan” дар ҳашт санад дида мешавад, ки бино бар онҳо яке соҳибмулк ва дигаре мудири ду ширкат буда, дар Фаронса қасреро харидорӣ кардаанд.
Ин ҳуҷҷатҳо, ки ба сентябри соли 2009 то майи 2011 марбутанд, аз тарафи хабаргузории шведии ТТ (Tidningarnas Telegrambyra) пайдо ва ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ расонда шуданд.
ХОНА ДАР ФАРОНСА
Санадҳое, ки аз Маркази сабти Фаронса барои ом дастрасанд, нишон медиҳанд, ки Каримова ва Эргашев дастикам дар хариди як хона дар шаҳраки Гассини минтақаи фароғатии Фаронса ширкат доштаанд. Ҳамчунин бино бар онҳо, ширкати ин ду нафар дар бинои рақами аввали яке аз хиёбонҳои обрӯманди Порис, Авенюи генерал Маноурӣ дафтар доштааст. Ҳар метри мураббаи хонаҳо дар ин хиёбон одатан аз 19 то 38000 доллар нарх доранд.
Дертар ин дафтар ба Булвари Перейра, кӯчаи нисбатан одитар интиқол дода шудааст.
Дар санадҳо зане бо номи Ирина Емелянова ба ҳайси саҳҳоми хурд сабт шудааст. Ҷузъиёъти дигаре дар бораи Емелянова маълум нест ва ӯ зоҳиран ба парвандаи шустушӯи пул рабт надорад. Ҳуҷҷатҳои фаронсавӣ аз он лиҳоз муҳиманд, ки пайванди бевоситаи Каримоваро бо яке аз чаҳор шаҳрванди Узбакистон нишон медиҳад, ки ҳоло дар ду парвандаи алоҳида дар Шветсарйия ва Шведсия мавриди тафтиш қарор гирифтаанд. Дар Шведсия ин парванда ба ду ширкати мобилӣ – “МТС”-и Русия ва “TeliaSonera”-и шведию финнӣ рабт дорад.
Эргашев ҳамроҳи ҳамкораш дар ширкати “Coca-Cola Uzbekistan”, Шоҳрух Собиров рӯзи 30-юми июл дар Швейтсария бо иттиҳоми пулшӯӣ боздошт шуд. Ҳарду ҳоло дар маҳбасанд.
Шаҳрванди дигари Узбакистон, ки гуфта мешавад, таҳти тафтиш қарор дорад, мудири пешини башхи узбакистонии ширкати "МТС“, Беҳзод Аҳмадов мебошад.
ШАХСИ НАЗДИКИ ГУЛНОРА
Бино бар санади муфаттишони швейтсарӣ, ки мӯҳтавояш ба матбуот таровид, Аҳмадов замоне зери шуоъ афтод, ки бонки “Lombard Odier” дар Женева ба мақомоти хабар дод, ки муштарияш Беҳзод Аҳмадов бо иттиҳоми қаллобӣ дар феҳрасти Интерпол номбар шудааст.
Сухангӯи Додситонии кулли Швейтсария дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дурустии ин санадро тасдиқ кард.
Номи Аҳмадов дар феҳрасти Полиси байнулмилалӣ бо дархости ҳукумати Узбакистон ва баъди фирораш аз Узбакистон дар авҷи баҳси байни “МТС” ва мақомоти Тошканд пайдо шуд.
Муфаттишони швейтсарӣ, ки парвандаи шустушӯи пулро таҳқиқ мекунанд, Аҳмадовро шахси наздики Каримова мешуморанд, ҳарчанд мақомот санадеро роҷеъ ба пайвандҳои миёни ин ду тан дар миён нагузогштаанд. Дар куҷо будани Аҳмадов низ феълан маълум нест.
Чаҳорумин шаҳрванди Узбакистон, Гаяне Авакян, мудири ширкати “Такилант” аст. Гумон меравад, ин ширкат барои иҷозатномаи вуруд ба бозори телефонҳои мобили Узбакистон аз “ТелиаСонера” ришва гирифтааст.
Додситонҳои шведӣ дар аввалҳои моҳи октябр 30 миллион доллари “Такилант”-ро дар Шведсия ҳабс карданд. Бино бар дастури озод кардани ин моликият Авакян ва ҳамчунин Эргашев намояндагони “Такилант” дпар Шведсия унвон шудаанд.
320 МИЛЛИОН ДОЛЛАР РИШВА?
Бино бар тадқиқоти журналистие, ки дар моҳи сентябр дар Шведсия нашр шуд, “ТелиаСонера” дар соли 2008 ба ширкати “Такилант”, ки марказаш дар Гибралтар будааст, 320 миллион доллар дод, то ба бозори Узбакистон роҳ ёбад. “ТелиаСонера” тасдиқ кард, ки дар соли 2007 муҷаввизи “3G” ва шумораҳои телефониро аз “Такилант” ба 30 миллион доллар харидааст. Аммо ширкат ҳама гуна эҳтимоли муомилаи ғалати тиҷоратӣ ё ҳар ҷурми дигарро рад мекунад.
Авакян, ки ҳоло дар Тошканд аст, мудири “Хонаи мӯд”-и Каримова дар пойтахти Узбакистон низ мебошад ва борҳо ҳамроҳ бо Каримова акс гирифтааст.
Мақомоти Швейтсария мегӯянд, ҳисобҳои бонкии ҳамаи чаҳор шаҳрванди Узбакистонро, ки ҳадафи пажӯҳиш мебошанд, бастааст. Ҷамъи ин сарват мумкин аст ба чандсад миллион доллар расад ва мумкин аст, ба ғайр аз бонки “Lombard Odier” онҳо дар бонкҳои дигар низ сармоя дошта бошанд.
Ола Вестерберг, хабарнигори “ТТ”, ки санадҳои фаронсавиро ифшо кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, пуле, ки ҳоло дар ҳисоби “Такилант” дар Шведсия боздошта шудааст, ибтидо аз ҳисобе дар Швейтсария интиқол ёфтааст.
Гулнора Каримоваи 40-сола, ки боигарияш 500 миллион доллар ҳадс зада мешавад, яке аз сарватмандтарин занони Швейтсария ба шумор меравад. Духтари президент, ки ҳамчун тарроҳи либос ва овозхон ном баровардааст, дар илова ба он ки чанд созмони хайрияро дар Узбакистон сарварӣ мекунад, сафири кишвари худ дар дафтари Созмони Милал дар Женева аст.
Каримова бисёр вақт ҷойгузини падари 74-солааш низ номида мешавад, ки ҳамчун раҳбари худкома соҳиби бадтарин собиқаи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказист.