Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Fashion Week Гулнораро ранҷонд


Созмондиҳандагони намоиши мӯди либос дар Ню Йорк дари худро ба рӯи “паради либосҳо”-и Гулнора Каримова бастанд.

Баъди ихроҷ аз барномаи Ҳафтаи тарҳҳои либоси Ню Йорк зимни нигаронҳои ҳуқуқи башар, Гулнора Каримова, духтари диктатори Узбакистон Ислом Каримов осори нави тарроҳияшро дар толори хусусии Киприанӣ дар Ню Йорк намоиш дод.
Гулнора бахше аз дастгоҳест, ки намехоҳад масъулиятро эътироф намояд...


Гурӯҳи хурде аз норозиён ба ҷумлаи узбактаборон, ки дар кӯдакӣ машаққати пахтазорҳои Узбакистонро кашидаанд, дар рӯбарӯи толори Киприанӣ тазоҳурот барпо кард. Ҷамъомадагон бо як овоз шеъргуна шиор мезаданд, ки “Ҳой Гулнора, некие кун як бор. Ба азоби кӯдакон хотима гузор!”

Тазоҳуроти зидди намоиши мӯди Гулнора Каримова
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00
Линки мустақим



Амалан ин гурӯҳи 25-нафарии мӯътаризон бо ин васила ба раҳбари худкомаи Узбакистон, Ислом Каримов паём медоданд, ки аз давраи шӯравӣ ба ин сӯ кишварро раҳбарӣ мекунад ва яке аз ҳомиёни устувори саноати пахтаи кишвараш аст.

Вероника Женте Голдстон, мудири барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вочт мегӯяд, нақзи ҳуқуқи инсон дар
Тазоҳуркунандагони дар Ню Йорк

Узбакистон, аз ҷумла шиканҷаи мудаввом ва саркӯби ҳомиёни ҳуқуқ як падидаи ҳамарӯза аст. “Ҳукумати Узбакистон андешаи мутафовитро умуман қабул надорад. Раисиҷумҳури Каримов раҳбари яке аз мустабидтарин ҳукуматҳои ҷаҳон ва масъули бераҳмиҳои ҳукумат дар масъалаи ҳуқуқи инсон аст.

Хонуми Голдстон меафзояд, Гулнора Каримова ҳамчун сафири Узбакистон дар Испания ва узи намояндагии ин кишвар дар Созмони Милал ҳамчунон аз масъулони нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвараш аст. “Вай дар зӯровариҳои ҳукумат нақш дорад ва махсусан дар он ки ҳукумати Узбакистон сари ҳар имконият нигарониҳои вазъи ҳуқуқи инсонро рад мекунад ё нодида мегирад. Гулнора бахше аз дастгоҳест, ки намехоҳад масъулиятро эътироф намояд.”

Аммо дар ҳамин ҳол хабар мерасад, ки Гулнора Каримова аввали ин ҳафта аз мақоми сафирӣ барканор шуда, танҳо ба ҳайси мушовири намояндагии Узбакистон дар Созмони Милал боқӣ мондааст.

Бино ба гуфтаи Тимотӣ Нюман, мудири Форуми байнулмилалии ҳуқуқи коргар, ки дар ташкили ин тазоҳурот кӯмак кардааст, зиёда аз 2 миллиион кӯдаки узбак маҷбуранд барои музди ночиз се то чаҳор моҳи умри худро дар пахтазорони Узбакистон ба сар баранд.

Юсуф Собиров, ки мегӯяд, чиҳил соат роҳро аз аёлати ҷанубуғарбии Аризона то Ню Йорк тай кард, то дар ин тазоҳурот
Гулнора Каримова, духтари президент Ислом Каримов

ширкат кунад, меҳнати пахтазорро аз синни ҳаштсолагияш сар кардааст ва ду фарзандаш, ки дар Узбакистон ба сар мебаранд, низ дар ҳамин синнусол зери машаққати пахта мондаанд.

Собиров гуфт, вай барои он ба намоиши духтари Каримов эътироз мекунад, ки мардуми Узбакистон дар ватани худ наметавонанд, худро аз ин режим дифоъ намоянд. “Духтари ман дар коллеҷ мехонад. Вай то нимирӯзӣ дарс мехонад ва баъд ба пахатчинӣ меравад. Агар наравад. Ӯро аз донишгоҳ ихроҷ мекунанд.”

Собиров мегӯяд, мактабиёну донишҷӯён дар мавсими пахтачинӣ аз таҳсил мемонанд ва барои кори худ, ки аз субҳ то шом идома мекунад, музди хеле кам мегиранд. Онҳо чидани пахтаро ҳатто дар зери барфу борон низ давом медиҳанд ва аксаран бемор мешаванд.

Ширкати IMG, ки созмондиҳандаи Ҳафтаи намоиши либоси Ню Йорк аст, намоиши тарҳҳои Гулнора Каримоваро замоне аз барнома берун кард, ки намояндагони Дидбони ҳуқуқи башар ба он дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон нома фиристоданд. Ин ширкат дар як эъломияи расмӣ гуфт, “аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон ба ваҳшат афтодааст.”

Баъд аз ин Гулнора Каримова тасмим

гирифт, намоиши тарҳҳои худро дар толори Киприанӣ баргузор кунад. Ширкати “Гулӣ”-и ӯ изҳорот нашр кард, ки ин тағйир ба хотири амният ва дар якҷоягӣ бо Ширкати IMG гирифта шудааст. Намояндагони созмони Дидбони ҳуқуқи башар ин изҳоротро рад карданд ва гуфтанд, Ҳафтаи намоиши тарҳҳои либоси Ню Йорк нахост номи худро олуда кунад. Ҳамзамон бо нома зиёда аз 500 нафар як эъломияи интернетиро алайҳи намоиши Гулнора Каримова имзо карданд.

Аммо наздик ба 200 нафар, ки дар байни онҳо чеҳраҳои шинохта низ буданд, намоиши осори Гулнораро дар толори Киприанӣ тамошо карданд. Масъулон хабарнигори Радиои Озодиро пас аз забти чанд мусоҳиба ба толор роҳ надоданд. Ҳунарпешаи рус Олга Попкович, ки дар намоиш ширкат кард мегӯяд:

“Шумо наметавонед як чизро ба хотири чизи дигаре манъ кунед. Агар баҳс бар сари суистифода аз меҳнати кӯдак аст, бояд дар як сатҳи баландтаре матраҳ шавад, на дар беруни намоишгоҳи либос. Зеро мардум барои он ба ин ҷо омаданд, ки аз ҳунармандe ҳимоят кунанд, ки талошу мубориза мекунад ва заҳмат мекашад. Ҳамаи мо, ҳунармандон машаққат мебинем. Мо мушкилҳои худро дорем. Биноан, масъалаҳое монанди сиёсат ва кори кӯдак бояд дар толору созмонҳои ҷиддитаре баррасӣ шаванд, на дар ҳавлии ин муассиса.”


Зимнан бархе аз намояндагони “бомонд”-и Русия, ба монанди Филип Киркоров ва Андрей Малахов аз лағви намоиши Гулнора нороҳат шудаву ин иқдомро шадидан танқид кардаанд.

Баҳсу моҷаро дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки чанд ширкати ғарбӣ, ба монанди Тesco, Gap, Marc and Spenser ва Wallmart

маҳсулотеро, ки аз пахтаи Узбакистон тавлид шудааст, ба иллати истифодаи нерӯи кӯдак дар он бойкот кардаанд. Худи ҳукумати Узбакистон низ дар моҳи сентябри соли 2008 истифодаи кӯдакро дар саноати пахта расман манъ кардааст, аммо амалан ин суистифода идома дорад.

Ширкаткунандаи тазоҳуроти Ню Йорк, Юсуф Собиров мегӯяд, Каримова бояд аввал фикр мекард, ки бо ташкили намоиши либос чӣ паём медиҳад. Магар паём ин нахоҳад буд, ки дар Узбакистон ҳама чиз хуб аст ва ин ҳам дар ҳоле ки ҳама чиз рӯз ба рӯз бадтар мешавад? Аз ҷумла ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи кӯдак.
XS
SM
MD
LG