Тошканд аз нақшаи худ дар бораи вайрон кардани манораи 700-сола дар шаҳри Андиҷон даст кашидааст. Мақомоти маҳаллӣ эълон карданд, ки тасмим дар бораи ҳифзи манора аз тарафи комиссияи махсуси ҳукуматӣ гирифта шудааст. Ин комиссия аз ин маҳал боздид ва бо сокинону фарҳангиён ва тарихшиносон мулоқот кардааст. Онҳо ба вайрон кардани манора ва масҷиди назди он эътироз намудаанд.
Ин манораи бештар аз 700-сола дар паҳлӯяш масҷид низ дорад ва дар Андиҷон ин муҷтамаъро бо номи Мусаллои Андиҷон ном мебаранд. Муҷтамаи мазкур дар нимаи дувуми қарни 13 бунёд шудааст. Дар мусоҳибае Сироҷиддин Исломзода, таҳлилгари умури Узбакистон дар Радиои Озодӣ ибтидо ба ин пурсиш, ки чӣ ҳукумати Узбакистонро водор кардааст, то аз тахриби манораи 700-сола ва масҷиди паҳлӯи он даст кашад, посух гуфт.
Исломзода: "Сару садоҳо зиёд аст, вале ба гуфтаи мақомоти расмии Узбакистон, пас аз фишорҳои зиёд ва аризаҳои зиёди сокинони шаҳри Андиҷон ҳукумат тасмим гирифт, ки як комиссия таъсис диҳад ва барои омӯзиши вазъ ба Андиҷон фиристад. Дар он ҷо пас аз омӯхтани вазъ комиссияи ҳукуматӣ эълон кардааст, ки вайрон кардани манораи 700- сола бар хилофи меъёрҳои фарҳангӣ ва осори таърихӣ мебошад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озодӣ: Чун мардуми Андиҷон маъмулан рӯҳияи қавии мазҳабӣ доранд, онҳо дар шикоятҳои худ бештар ба ҷиҳатҳои мазҳабӣ такя кардаанд ва ё бештар ба ҷиҳатҳои таърихию фарҳангии ин асари меъморӣ такя кардаанд, ки осори таърихӣ бояд барои наслҳои оянда бимонад?
Исломзода: "Як қисмати мардуми Андиҷон, махсусан сокинони шаҳри кӯҳнаи Андиҷон, ки манор дар ҳамон ҷо ҷойгир аст, хеле мазҳабӣ мебошанд. Дар ин масҷид то 20 сол қабл Абдувалӣ Қорӣ Мирзоев-яке аз имомҳои машҳури Узбакистон ва Осиёи Марказӣ имомхатиб буд. Соли 1995 пеш аз парвоз ба Маскав дар фурудгоҳи Тошканд нопадид шуд ва то ҳол касе аз сарнавишти ин имом хабар надорад. Вале масъала чизи дигар аст, яъне мардум мехостанд, ки осори таърихии шаҳри қадимии худро ҳифз кунанд. Ин манора дар нимаи дуввуми қарни 19 дубора таъмир шудааст. Мардум мехостанд, ки манзараи шаҳри қадимӣ бо ин осори таърихиву меъмориаш аз байн наравад."
Озодӣ: Дар ҷои ин муҷтамаи таърихӣ чӣ сохтмоне ба нақша гирифта шуда буд?
Исломзода: "Шӯҳратхоҷа Ҳошимов, муовини раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Узбакистон гӯё гуфта бошад, ки дар Андиҷон эҳтимоли заминларзаи шадид вуҷуд дорад ва манор ба чунин заминларза тоб оварда наметавонад. Барои ҳамин бояд аз байн бурда ва дар ҷои он фаввора сохта шавад. Баъд аз ҳамин хулосаи Ҳошимов, ҳукумат тасмим гирифт, ки фаввора ва дар атрофи он боғчае бунёд кунад ва он ҷоро мисли Самарқанд Регистони Андиҷон ном монанд. Дар он сурат номи Мусаллои Андиҷон низ аз байн мерафт."
Озодӣ: Ҳоло хабарҳое мерасад, ки зери фишори мардум Шӯҳратхоҷа Ҳошимовро аз мақом барканор кардаанд. То чӣ андоза аз мақом рафтани вай ба ин моҷароҳо иртибот дорад?
Исломзода: "Мо дақиқ гуфта наметавонем, ки оё ба ин моҷароҳо иртибот дорад ё на. Вале тавсияи вай дар бораи тахриби манора соли гузашта эълон шуд ва баъд хулосаи комиссияи вижа дар бораи даст кашидан аз тахриби манор вай аз мақом рафт."
Озодӣ: Оё созмонҳои байналмиллалӣ низ, аз қабили ЮНЕСКО ба ин қазия вокуниш нишон доданд?
Исломзода: "Бале. ЮНЕСКО эълон кард, ки аз тахриби манора ва масҷид нигарон аст ва ин қазияро дунбол мекунад. Вале дар ин бора ЮНЕСКО баёнияе надод. Мунтазир буд, ки ҳукумати Узбакистон саранҷом чӣ тасмим хоҳад гирифт."