"Узбекистон ҳаво йулларӣ" ба Тоҷикистон омад. Парвози нахустин – 4 апрел. САДО

Намояндагии "Узбекистон ҳаво йулларӣ", ширкати давлатии Узбакистон, ба фурӯши билетҳо дар масири Душанбе – Тошканд – Душанбе шуруъ кардааст. Орифҷон Рӯзимуродов, намояндаи расмии ин ширкат дар Тоҷикистон, рӯзи 25 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки арзиши роҳкиро дар ҳоли ҳозир 1200 сомонӣ буда, дарёфти билет тавассути ширкати "Антарес" (fly.tj) имконпазир аст. Рӯзимуродов гуфт, парвози нахустини мунтазам тавассути ширкати "Узбекистон ҳаво йулларӣ" моҳи оянда рӯзи 4 апрел дар назар аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Узбакистон ба фурӯши билети Душанбе-Тошканд оғоз кард

Дар пайи ин қазия Алишер Рустамов – мудири тиҷоратии ширкати "Сомон Эйр" – бо айби таъхир дар ирсоли бастаи санадҳо ба ҷониби Узбакистон аз мақомаш барканор шуд.

"Як ҳафта боз ба фурӯши билетҳо оғоз кардаем. Дар инҷо сабтином шудем, аммо ҳанӯз дафтари расмӣ боз нашудааст. То замони парвози нахустин дафтар ҳам кушода хоҳад шуд", - гуфт ӯ. Рӯзимуродов афзуд, феълан парвозҳо миёни Тошканду Душанбе дар ҳафтае як бор – рӯзи сешанбе – анҷом мешаванд.

Парвози санҷишӣ ба Тошканд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Тошканд расид

"Дар сурати ҷалби муштариҳои зиёд ҳатман бар асоси нақша парвозҳо дар ҳафтае ду бор сурат мегиранд", - таъкид дошт намояндаи расмии "Узбекистон ҳаво йулларӣ". Ин дар ҳолест, ки "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон, ширкати масъули парвоз дар масири Душанбе – Тошканд – Душанбе ҳанӯз аз оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳояш дар ин масир хабар надодааст.

Ин ширкат дар моҳи феврал парвози санҷишии худро ба Тошканд анҷом дода ва гуфта буд, ки парвози мантазамаш охири ҳамон моҳ шуруъ мешавад. Аммо ин парвоз сурат нагирифт, чун мақомоти "Сомон Эйр" гуфтанд, ки ҷониби Узбакистон ба парвозашон ризоят надодааст.

Шоҳқосим Шоҳисломов

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, дар суҳбати ихтисосии худ бо Радиои Озодӣ дар оғози моҳи марти имсол гуфт, ин мушкил ба далели дер дастрас шудани санадҳои “Сомон Эйр” пеш омада буд. Вай дар ин суҳбаташ иддаоро дар бораи онки ҷониби Узбакистон мехоҳад, дар ин масир танҳо ҳавопаймоҳои ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” ҳаракат кунанд, рад кард.

Ӯ гуфт, "ин назар ғалат аст. Мо гуфтем, ҳар ширкатеро, ки ҳукумати Тоҷикистон барои парвозҳо ба Тошканд интихоб мекунад, онро қабул дорем – “Сомон Эйр” аст ё “Тоҷик Эйр” – фарқ надорад. Ин ҳаққи Тоҷикистон аст ва мо наметавонем ба ин кор мудохила кунем. Ҳоло зудтар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳо анҷом шавад, то намояндаи “Сомон Эйр” тавонад, кори худро дар Тошканд оғоз кунад. Зеро агар парвозҳои ин ширкат шурӯъ шаванд, бояд аз онҷо низ билет фурӯхта шавад. Ҳавопаймо наметавонад бидуни мусофир ба Душанбе баргардад."

Мулоқоти мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд. Моҳи феврали 2017

Дар пайи ин қазия Алишер Рустамов – мудири тиҷоратии ширкати "Сомон Эйр" – бо айби таъхир дар ирсоли бастаи санадҳо ба ҷониби Узбакистон аз мақомаш барканор шуд. Масъулони ширкат барои пеш омадани чунин вазъ аз мусофирону ҳамкоронашон дар Узбакистон ҳам узрхоҳӣ кардаанд. ​

Алишер Рустамов

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.